Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар моҳи октябри соли ҷорӣ низ чун моҳҳои қаблӣ воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба инъикоси масоили шиканҷа дар кишвар даст заданд. Бидуни шубҳа, қазияи меҳварӣ дар баррасиҳои ВАО фавти сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор Ҳамза Икромзода дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе буд, ки масъулин ин ҳодисаро «худкушӣ» унвон карданд.
Дар ин маврид бахусус ҳафтаномаҳои хусусӣ матолиби гуногуни таҳлиливу иттилоотӣ ба нашр расониданд. Ҳафтаномаи «Самак» дар шумораи 40-уми худ аз 1-уми октябри соли 2012 мақолаеро таҳти унвони «Кӣ бояд барои Икромзода ҷавоб гӯяд?» пешкаши хонанда кард, ки бо такя ба ахбори сомонаҳои интернетӣ таҳия шудааст. Муаллифи мақола Муллораҷаб Юсуфӣ бо истифода аз хабарҳои «Озодӣ», TojNews ва «Азия-плюс» андешаи пайвандони маҳбуси фавтидаро муқобили ақидаи мақомот гузоштааст. Яъне, ин иддаоро, ки Ҳамзаро кормандони маҳбас тариқи зӯроварӣ ба ҳалокат расонидаанд. Дар ин мақола ҳамчунин оид ба муроҷиати падари маҳбус Ҳамза Икромзода - Файзалӣ Икромов ба президенти кишвар қайд гардида, аз забони ӯ гуфта мешавад: «Ман комилан ба боадолатии президент бовар дошта, мутмаинем, ки ӯ мо, волидони марҳумро аз умеди охирини беҷазо нагузоштани гунаҳкорон маҳрум нахоҳад кард». Қисмати хотимавии мақолаи номбурдаро изҳороти Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар бар мегирад, ки қаблан тариқи воситаҳои электронии ахбор пахш шуда буд.
Хабаргузории TojNews ин хабарро 5-уми октябр пахш кард, ки дар он аз ҷумла оварда мешавад: «Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон зимни як муроҷиатнома ба Эмомалӣ Раҳмон - президенти Тоҷикистон, ӯро ба муносибати ҷашни 60-солагиашон табрику таҳният гуфта, аз ӯ хостори мубориза бар зидди шиканҷа шудаанд. Дар ин муроҷиатнома омадааст, ки “таваҷҷуҳи Шуморо ба он ҷалб месозем, ки сарфи назар аз ташаббусҳои мусбати давлат дар самти мубориза бо шиканҷа, тамоюли истифодаи шиканҷа дар низоми тафтишоти ҷиноятҳо ва муассисаҳои иҷрои ҷазо идома дорад. Танҳо дар зарфи 10 моҳи соли 2012 аз ҷониби Эътилоф 18 ҳолати шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, дар ин ҳодисаҳо бар асари шиканҷа афроде ба ҳалокат расидаанд, ки синни онҳо ҳатто ба 30-40-солагӣ нарасида буд».
Аммо дар мавриди изҳороти созмонҳо ин хабари ягона нест. Хабаргузории «Озодӣ» 6-уми октябр бо номи «AI хост, ки ба шикояти қурбониёни шиканҷа расидагӣ шавад» хабаре пахш кардаву менависад: «Созмони Amnesty International ё Афви байналмилал бо интишори як баёния дар рӯзи 5-уми октябр, рӯзи таваллуди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ хостааст, ба шикоят ва сарнавишти қурбониёни шиканҷа дар кишвараш расидагӣ кунад. Дар баёнияи ин созмон гуфта мешавад, президенти Тоҷикистон дар ин рӯз 60-солагии худ ва Рӯзи забони давлатиро ҷашн мегирад. Ин ҷашни муштарак дар ҳама ниҳодҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба таври васеъ таҷлил мешавад. Аммо Афви байналмилал хотиррасон мекунад, ки шуморе аз қурбониёни шиканҷа дар ин кишвар ҳанӯз сисола нашуда ва ё алъон рӯзи мавлуди худро паси панҷара қайд мекунанд. Онҳо ба маҳзи ҳукмҳои ноодилона дар додгоҳ ба ин вазъ гирифтор шудаанд. Ин созмон менависад, "бархе аз ин афрод бар асари зарбу лат ва шиканҷа ҷон бохтанд, вале ҳанӯз ҳам бастагони онҳо мунтазиранд, ки мақомот гунаҳкорони ин ҳодисаҳоро ошкор мекунанд ва ба ҷазо мекашанд».
«Озодӣ» мегӯд, ки «Созмони Афви байналмилал аз ворид кардани моддаи махсус таҳти унвони "шиканҷа" дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва дар пайи он аз мавриди ба ҳафт соли зиндон маҳкум кардани як ходими милисаи тоҷик, ки ҷавони 17-соларо латукӯб карда буд, истиқбол мекунад». Бояд зикр кард, ки дар ин самт ҳафтаномаи «Тоҷикистон» низ (№41 (980), 11.10.12) мақолае бо номи «Милисаи шиканҷадеҳ, ё чӣ тавр ноболиғ худро кушданӣ шуд?» интишор дода, ба интиқоди амалҳои собиқ нозири минтақавии ноҳияи Ёвон Машраф Алиев майл кардааст, ки бо далели шиканҷа додан ба ноболиғ Хушвақти Маҳмадсаид аз ҷониби суд ба муҳлати 7 сол равонаи зиндон шудааст. Аммо Созмони Афви байналмилал аз афвҳои бемавриду нодурусте дар қиболи омилони куштори Сафаралӣ Сангов, ки ходимони милиса мебошанд, изҳори нигаронӣ дорад.
Дар ин маврид хабаргузории «Азия-плюс» таҳти унвони «Афви айбдоршавандагон оид ба далели марги Сафаралӣ Сангов» менависад: «Ду нафар собиқ кормандони милиса, ки дар ҳодисаи марги сокини пойтахт Сафаралӣ Сангов айбдор дониста мешуданд, мавриди афв қарор гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоягари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, нисбат ба ду тан аз собиқ кормандони фаврии ваколатдори шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии ШВКД Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе дар бораи қатъи парвандаи ҷиноӣ бинобар сабаби истифодаи санади афв қарор содир гардид. Ба қавли сармуфаттиши шуъбаи тафтишоти парвандаҳои ҷиноии махсусан муҳими Прокуратураи шаҳри Душанбе Тӯйчибой Имомназаров, нисбати айбдоршавандагон, ки дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 322, қ.2-и КҶ ҶТ (хунукназарӣ) айбдор карда мешуданд, қонуни афв истифода гардид. «Дар ҷараёни тафтишот далелҳои истифодаи зӯроварӣ ё латукӯб аз ҷониби онҳо исбот нашуд»,- таъкид кард корманди прокуратура. Дар ҳамин ҳол, ҳимоятгар Холматова мегӯяд, дар парванда далелҳои раднопазири исботи гуноҳ мавҷуд буда, ҷониби ҳимоя аз аввал ба айби пешниҳодшуда нисбати онҳо мутобиқи моддаи «хунукназарӣ» розӣ набуд, зеро ин модда ба ҷинояти содиркардаи онҳо мутобиқ намеояд».
Тавре қаблан зикр кардем, дар моҳи октябр нашрияҳои Тоҷикистон бештар атрофи қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода матолиб ба табъ расонидаанд. Ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар шумораи 28-уми худ аз 3-юми октбри соли равон бо номи «Чароҳои марги маҳбус» мақолаи рӯзноманигор Ҳарамгули Қодирро ба дасти чоп додааст, ки муҳтавои асосиаш ҳамин зерсарлавҳа аст: «Пайвандони Ҳамза Икромзода мегӯнд, ки масъулини мақомот қотилонро медонанд, аммо худро ба нодонӣ мезананд».
Ҳафтаномаи «Фараж» низ дар ҳамин мавзуъ мақолае чоп кардааст, таҳти унвони «Иззатулло Шарипов: Агар ин қатл бошад, хонаи қотил сӯзад» (№40 (305), 3-юми октябри соли 2012). Ин нашрия дар радифи мақолаи номбурда суҳбати кӯтоҳи духтур Абдулҳаким Тугаевро бо номи «Духтур: ман ба бадани ӯ зарфи оби гарм мондам» ҷой дода, мавзуро бо хабари «Ҳеҷ мавриди шиканҷа беҷавоб намемонад» ҷамъбаст кардааст. Дар ин хабар аз ҷумла гуфта мешавад: «Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев, ки дар Маҷлиси намояндагон бо хабарнигорон суҳбати кӯтоҳе дошт, гуфт, онҳо зидди шиканҷа дар маҳбасҳоянд ва талош хоҳанд кард, то аз ин амал пешгирӣ карда шавад. Вазир қавл дод, ки марги Икромзода ҷиддан бозрасӣ шуда, онҳоеро, ки дар ин қазия даст доранд, беҷавоб нахоҳанд гузошт».
Тавре ки маълум аст, қазияи марги Ҳамза Икромзода сарусадои зиёдеро миёни ҷомеаи журналистӣ ва коршиносону масъулин ба бор овард. Вале фошкориҳои як нафар маҳбуси дигар Саидалӣ Казаков баъди аз зиндон раҳо шуданаш атрофи марги Ҳамза Икромзода қазияро боз ҳам доғтар кард. Ӯ якбора дар чанд хабаргузории кишвар мусоҳиба орост ва андешаҳояшро бепарда гуфт. Аз ҷумла ҳафтаномаи «Нигоҳ» мухтасари суҳбати ӯро бо истифодабарандагони хабаргузории Tojnews таҳти унвони «Зиндонҳои Тоҷикистон давлати як одаманд» (№30 (306), 18-уми октбри соли 2012) нашр кард. Саидалӣ Казаков дар ин суҳбат «худкушӣ»-и Ҳамза Икромзодаро рад карда, масъулини маҳбасро дар марги ӯ гунаҳкор медонад. Номбурда оид ба эҳтимолияти пеш омадани фишор ба худи ӯ мегӯд: «Ман чанд соле, ки дар зиндон будам, доимо мегуфтам, ки берун бароям, ҳамаи ҳаромкориҳоятонро мебарорам. Худашон инро нағз медонанд. Ман дар гапам истодам. Бовар дорам, ки таъсир мекунад… Як қисми қотилони Исмоил Бачаҷонов ҷазо гирифтанд, дигаронашро роҳбарияти маҳбас пӯшонд, аммо то кай? Дер ё зуд ҷазояшонро мегиранд. Ҳақиқат чизе нест, ки таъсир накунад».
Ҳафтаномаи «Чархи гардун» низ ба мавзуи шиканҷа дахл карда, мақолаеро бо номи «Маҳбусон эркаанд, ё косаи сабрашон лабрез шудааст?» интишор дод. Муаллифи мақола М. Мақсадуллоҳ ба таҳлили чанд ҳодисаи марги маҳбусон пардохта, киноя задааст: «Ин ҳама сарусадо ва гузоришу бозтобҳо дар ҳолеянд, ки масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон мавҷудияти шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои кишварро рад мекунанд, аммо мегӯянд, «кор бе камбудӣ» намешавад…».
Ӯ дар анҷоми таҳлилаш барои хонанда суол гузоштааст: «Шод ситам дар зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳадде афзудааст, ки дигар косаи сабру таҳаммул лабрез шудааст?».
Дар пайи ин ҳама навиштаҳо хабаргузории «Озодӣ» 28-уми октбр хабар дод, ки интизор меравад ба зудӣ ҳайати расмии давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Шерхон Салимзода - додситони кулл ба шаҳри Женева сафар кунад. Ба навиштаи ин расона, ин ҳайат ба суолҳои намояндагони Созмони Милал посух хоҳанд дод, ки ҳукумати кишвар дар чанд соли гузашта барои решакан кардани шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба маҳбусону боздоштшудагон чӣ корҳое анҷом додааст.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар баробари 8 кишвари дигар дар бораи талошҳояш ҷиҳати маҳви ин зуҳурот гузориш хоҳад дод ва навбати гузориш доданаш рӯзи 6-уми ноябр фаро мерасад.