Кӯшишҳо барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа

Дар моҳи марти соли 2016 аз миёни воситаҳои ахбори омма дар инъикоси масоили марбут ба ҳуқуқи инсон торнамои Радиои «Озодӣ» пешсаф буд.

Моҳи марти соли равон дар баробари хабарҳои нав ҳамзамон се қазияи дигари пурсарусадо, ки моҳҳо боз баҳсашон идома дошт, дигарбора инъикос ёфтанд. Торнамои Радиои «Озодӣ» рӯзи 8-уми март матлабе таҳти унвони «Падари Тошев: Ду сол шуд писарамро надидаам» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Волидони Садриддин Тошев (Қорӣ), ки номаш борҳо дар Тоҷикистон расонаӣ шуда буд, мегӯянд, мақомоти раёсати зиндонҳо баъди он, ки вай дар моҳи августи соли 2014 қазияи "шиканҷа" шуданашро эълон кард, ҳамагӣ як маротиба иҷозаи мулоқот додаанд ва дигар аз сарнавишти фарзандашон хабар надоранд. Баҳриддин Тошев, падари Садриддин Тошев - маҳбуси зиндони рақами 1-и Душанбе гуфт, баъди он, ки писараш бо хабарнигорон дар дохили СИЗО суҳбат карду гуфт, ки шиканҷа шуданаш дар зиндон як «спектакле» буд, мақомоти зиндон ӯро аз мулоқот бо пайвандон маҳрум кардаанд. Баҳриддин Тошев мегӯяд, суҳбати фарзандаш бо хабарнигорон дар дохили боздоштгоҳи рақами аввал дар моҳи августи соли 2014 сурат гирифта буд ва баъди он натавонистааст бо писараш мулоқот кунад. Танҳо ғизои бурдаашро қабул мекунанд».

- Мо аҳли хонавода аз саломатии Садриддин дар ташвишем. Вай аз дохил фақат доруворӣ мепурсад, мехоҳем фаҳмем чӣ аҳвол дорад. Бо чашмони худамон бинему ором шавем,- гуфтааст Б. Тошев.

Аммо манбаъ аз Раёсати муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ба торнамо гуфтааст, ки вазъи Садриддин Тошев, ки дар боздоштгоҳи муваққатии рақами аввал нигоҳдорӣ мешавад, хуб аст. Баъди муроҷиати наздиконаш ба онҳо иҷоза дода шудааст, ки рӯзи 10-уми март бо ӯ мулоқот кунанд. Ин манбаъ афзудааст, ки дар нисбати Садриддин Тошев ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.

Худи ҳамин торнамо санаи 17-уми март хабар дод, ки «Луъбат Бурҳонова барои марги писараш 334 950 сомонӣ товон мехоҳад».

- Луъбат Бурҳонова, гӯяндаи собиқи телевизиони давлатии Тоҷикистон бо ироаи арзиаи даъвои ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия 334 950 сомонӣ товон хостааст. Писари ягонаи Луъбат Бурҳонова - Дилшодбек Муродов дар соли 2009 дар зиндон вафот карда буд,- навиштааст торнамо.

Шоира Давлатова, раҳбари “Маркази мустақили ҳуқуқи башар” рӯзи 17-уми март дар суҳбат бо ин торнамо гуфтааст, ки даъвои онҳо расман рӯзи 14-уми март ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ супурда шуд. Ба гуфтаи ӯ, "334 950 сомонӣ маблағи ҷуброне, ки Луъбат Бурҳонова барои марги фарзанди ягонааш мехоҳад, бар асоси ҳаҷми зиёни равониву ҷисмониест, ки равоншиноси мустақил ташхис кардааст". 

Гуфта мешавад, ки Дилшодбек Муродов бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 6 соли зиндон маҳкум шуда, дар маҳбаси №3/1 адои ҳукм мекард. Дар моҳи августи соли 2009 Дилшодбек Муродов бо осори латукӯб дар баданаш ва дар ҳолати мадҳушӣ ба қисми тиббии ин маҳбас оварда шуд. Вале ӯ дигар ба ҳуш наомада, фавтид. Додситонӣ дар қиболи марги ин маҳбус бар асоси қисми сеюми моддаи 110-уми Кодекси ҷиноӣ (қасдан расондани зарар ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷабрдида шудааст) парвандаи ҷиноӣ кушода буд, вале бо вуҷуди шикоятҳои Луъбат Бурҳонова, то ҳол касе бо ҷурми марги писари ӯ маҳкум нашудааст.

Рӯзи 30-юми март бошад, торнамои Радиои «Озодӣ» қазияи идомадори дигареро бо номи «Падари Хушвақт: «Худро намебахшам...»»  расонаӣ кард.

- Хушвақт дар боздоштгоҳи пулис ҳамагӣ чанд соат қарор дошт ва як рӯз баъд даст ба худкушӣ зад ва тасодуфан зинда монд. Ӯ аз он замон то ба ҳол дар ҳолати бади равонӣ қарор дорад. Хонаводаи Хушвақт Қаюмов, ки дар чор соли пеш аз сӯи як корманди пулис дар ноҳияи Ёвон мавриди латукӯб қарор гирифта буд, мегӯянд, ки то ҳол 16 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавияшонро аз сӯи Вазорати корҳои дохилӣ дарёфт накардаанд. Ба қавли онҳо, ин миқдор ҷуброн аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъин гашта, бояд ба табобати Хушвақт истифода мешуд. Хушвақт пас аз ин ҳодиса ҳанӯз ба худ наомада, дар ҳолати бади равонӣ қарор дорад. Хушвақти 17-соларо Машраф Алиев, корманди умури дохилаи ноҳияи Ёвон барои ба гардан гирифтани дуздӣ дар моҳи апрели соли 2012 ба шуъбаи умури дохила оварда, латукӯб мекунад. Бар асари фишору латукӯб Хушвақт ба гуноҳи худ “иқрор” мешавад ва бегоҳи ҳамон рӯз дар оғили хонаашон худро бо ресмон меовезад. Волидонаш ӯро дар ҳолати беҳушӣ ресмон дар гарданаш пайдо мекунанд ва аз марг мераҳонанд,- менависад торнамо.

Бояд гуфт, ки соли 2013 Машраф Алиев ба 7 соли зиндон маҳкум шуд ва ба гуфтаи пайвандони Хушвақт, баъд аз 2 солу ҳафт ӯ моҳ ба озодӣ баромад. Қазияи латукӯби Хушвахти 17-cола аз камтарин ҳолатҳое дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳ собит шуд ва гунаҳкор пушти панҷара рафт.

Қобили зикр аст, ки дар моҳи марти имсол низ чун соли қаблӣ гуфтугузор атрофи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳуқуқҳои сарбозон оғоз шуд. Ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо номи “Не тӯй шуд, не хизматӣ ҳарбӣ” (№49 (482), аз 9-уми марти соли 2016) матлабе ба нашр расонида, аз ҷумла навишт: «Эмомиддин Холов, сокини 21-солаи деҳаи Ҳойити ноҳияи Рашт моҳи маи соли 2015 дар ҳудуди ноҳияи Синои Душанбе аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбӣ боздошт ва ба хидмати ҳарбӣ интиқол ёфт, аммо хизмати ӯ дар сафи артиш танҳо 12 рӯз давом кард. Холов мегӯяд, дар ҳоле, ки комиссияи тиббӣ баъди муоина ӯро барои хизмат дар артиш "ношоям" эълон кард, вале мақомоти низомӣ хулосаи тиббиро ба эътибор нагирифтанд ва Эмомиддин Холовро барои хизмат ба Хоруғ интиқол доданд. Пас аз як рӯзи машқ ва қадамзании низомӣ бадани ин ҷавон варам кард. Баъдан пизишкон гуфтанд, нафаре, ки дарди гурда дошт, набояд ба машқи қадамзанӣ ҷалб мешуд. Холов  мегӯяд, ҷалби иҷбории ӯ ба сафи артиш ва хурӯҷи дарди гурда ҳам барномаи хонадоршавишаро ба ҳам зад ва ҳам анҷоми хидмати ҳарбиро номумкин кард».

Торнамои Радиои «Озодӣ» бошад, санаи 15-уми март матлаби таҳлилие таҳти унвони «Боз "облава"? Даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ сар мешавад»  пахш карда, дар баробари хабар додан аз оғози даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, дар бораи чанд ҳолати нигаронкунанда ёдовар шуд. Аз ҷумла, оид ба ҳамла ба кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар моҳи ноябри соли гузашта.

Зимнан, ҳафтаномаи «Озодагон» хабаре бо номи «Иддаои нави муттаҳамони қатли кормандони комиссариат: Моро низ латукӯб карданд» (№12 (417), 30-юми марти соли 2016) ба табъ расонида, аз ҷумла чунин навишт: «Муттаҳамони қатли кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар мурофиаи додгоҳӣ иддао кардаанд, ки аз ҷониби кормандони мақомот мавриди латукӯб қарор гирифтаанд».

Тавре манбаи ин расона иттилоъ додааст, дар курсии айбдорӣ барои ҳамла ва қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ 6 нафар нишастаанд. Манбаъ гуфтааст, ки гумонбарон дар ҳамлаи маргбор ба кормандони комиссариат зимни мурофиа дар Додгоҳи шаҳри Душанбе изҳор доштаанд, ки онҳо низ аз ҷониби намояндагони мақомот мавриди латукӯб қарор гирифтаанд ва нисбати онҳо низ чораандешӣ шавад: “Муттаҳамон аз додраси парванда дархост намудаанд, ки нисбати кормандони мақомот низ барои латукӯб қарори қонунӣ қабул карда шавад”.

Дар ин замина, торнамои Радиои «Озодӣ» ҳам санаи 31-уми март хабар дод, ки «Мурофиаи гумонбарони ҳамла ба кормандони комиссариат мутаваққиф шуд».

- Додгоҳи шаҳри Душанбе дар пайи даъвои шаш гумонбари ҳамла ба кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, ки гӯё аз сӯи маъмурони пулис шиканҷа шудаанд, баррасии парвандаи онҳоро муваққатан қатъ кардааст. Аз дафтари матбуоти додгоҳи пойтахт рӯзи 31-уми март гуфтанд, ки гумонбарон дар ҷараёни мурофиа аз шиканҷа шуданашон аз тарафи маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ шикоят кардаанд. Азбакси маҳалли ҳамла ба кормандони комиссариат дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ аст, гумонбарон дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар ин ноҳия нигоҳдорӣ мешаванд. Ба қавли манбаъ, ҳоло парванда барои санҷиши оё латукӯб шудан ё нашудани шаш гумонбари ҳамла ба кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба Додситонии кулл фиристода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 7-уми ноябри соли гузашта дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе чанд нафар бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷруҳ карданд ва аз маҳалли ҳодиса фирор намуданд. Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Муттаҳами аслӣ Умедҷони Амрохон, сокини шаҳри Кӯлоб, бо қисми дуи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштани ду шахс ва бештар аз он" ва моддаи 32, қисми 3 ва "куштани шахс ё наздикони ӯ вобаста ба фаъолияти хидматӣ", гунаҳкор дониста мешавад.

Бояд гуфт, ки дар моҳи март яке аз қазияҳои баҳссоз дар бемористони касалиҳои руҳӣ бистарӣ шудани сарбоз Меҳровар Мақсудов буд. Торнамои Радиои «Озодӣ» рӯзи 24-уми март матлабе таҳти унвони «Чаро Меҳровар дар Бемористони руҳӣ бистарӣ шуд?»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Пайвандони Меҳровар Мақсудов, сарбози қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ мегӯянд, писарашон мавриди латукӯб қарор гирифта ва ҳамакнун дар Бемористони касалиҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ шудааст. Аммо масъулони қисми низомӣ иддао доранд, ки дар бадани Меҳровар “гул” баромада ва ба бемории “сурхакон” гирифтор шуда ва аз худ бехуд гашта ва руҳан ба табобат ниёз дорад».

Мунира Асоева, сокини маҳаллаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, модари Меҳровар Мақсудов гуфтааст, ки пас аз воқиф шудан аз ҳодисаи латукӯби фарзандаш дар қисми ҳарбии 08010 худаш бо мошини мусофирбар ӯро аз шуъбаи табобатии қисми ҳарбӣ ба Госпитал ё Бемористони низомӣ, воқеъ дар маҳалаи 46-и шаҳри Душанбе бурдааст. Аммо ин модар мегӯяд, фарзандашро рӯзи 22-юми март аз Госпитали низомӣ дар шаҳри Душанбе ба Беморхонаи касалиҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ интиқол додаанд.

Ҳамзамон, ин торнамо қазияро пайгирӣ намудаву санаи 26-уми март хабар дод, ки «Наздикони Меҳровар аз Эмомалӣ Раҳмон кӯмак хостанд».

- Хонаводаи Меҳровар Мақсудов, як сарбози тоҷик барои расидагӣ ба қазияи латукӯбаш, аз президенти кишвар кӯмак хостаанд. Пайвандони ин сарбоз рӯзи шанбеи 26-уми март, ки ҳудудан 20 нафар буданд, ба раисҷумҳури кишвар бо ариза муроҷиат намуда, хостори таҳқиқи мунсифонаи қазияи латукӯби Меҳровар шудаанд,- аз ҷумла омадааст дар ин хабар.

Баъдан, торнамои мазкур вокунишеро ба матлабаш таҳти унвони «Вазорати мудофиа: "Меҳровар латукӯб нашудааст" пахш намуд. Дар изҳороти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар асоси маълумотномаи Беморхонаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва роҳхати командири қисми ҳарбии 08010 аз санаи 17-уми марти соли 2016 бинобар сабаби бемории асаб дар шуъбаи бемориҳои асаб ва руҳӣ бо ташхиси пешакӣ ва дар натиҷа баъди ташхис маълум гардид, ки сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов бо бемориҳои нейроинфексияи гузаронидашуда (гулафшон) бо аломатҳои астеникӣ бо мақсади муоина, бистарӣ карда шуд. Инчунин, ҳангоми муоина маълум карда шуд, ки дар бадани сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов нишонаҳои латукӯб, ҷароҳати бурида, хуномусии баъди латхӯрӣ ёфт нашуд. Инчунин, муоинаи томографияи магнитию резонансӣ дар санаи 21-уми марти соли 2016 гузаронида шудааст, ки хулоса: бе тағйироти потологӣ. Бо сабаби рафторҳои намоишкорона доштан дар шуъба ва ба атрофиён хатарнок буданаш ва барои муайян намудани ҳолати руҳӣ ва гузаронидани экспертизияи психиатрӣ дар санаи 22-юми марти соли 2016 ӯро ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳӣ равона намуданд ва айни ҳол дар онҷо қарор дорад».

Дар ҳамин ҳол, санаи 12-уми март торнамои NoTorture.Tj таҳти унвони «Муаррифии асноди тиббие, ки барои ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа кӯмак мерасонанд» хабаре пахш кардаву навишта буд, ки «як мизи мудаввар ба муаррифии натиҷаҳои коркарди дохилии асноди «Тартиби ташкили кӯмаки тиббӣ барои шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта ва маҳбусон» ва «Санади тиббӣ-шаҳодатномавии маҳбусон» мутобиқи талаботи Протоколи Истамбул бахшида мешавад. Мақсад аз баргузории мизи мудаввар муаррифӣ ва баррасии намунаҳои муқаддамотии ин ҳуҷҷатҳо, инчунин муҳокимаи роҳҳои ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошад. Фаъолияти коркарди дохилии ҳуҷҷат аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» бо дастгирии Барномаи рушди СММ, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ роҳандозӣ шуда буд. Фаъолият оид ба татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбул бахше аз стратегияи Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба шумор меравад. ТҶ «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» ҳамчун ташкилоти ҳамоҳангсози фаъолият ва омоданамоии кормандони тиббӣ тӯли 9 моҳ дар самти беҳтарсозии шароити маҳкумшудагон ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи Протоколи Истамбул фаъолона кор бурдааст».

Торнамои Радиои «Озодӣ» бошад, санаи 29-уми март бо пахши як матлаб таҳти унвони «Тағйири ду қонун барои ҷилавгирӣ аз шиканҷаи боздоштшудаҳо» навишт, ки «Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба зудӣ ба ду қонун ислоҳот ворид хоҳад кард, ки ба қавли вакилон, пеш аз ҳама барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудаҳо муҳим будааст. Ин ислоҳот ба қонун "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ворид мешавад. Бар асоси тарҳи ин тағйирот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф мешаванд, ки ҳангоми боздошти гумонбарҳо пайвандони онҳоро дар ҷараён гузоранд. Инчунин, пешбинӣ шудааст, ки дар протокол ному насаби корманди масъули мақомот навишта шавад».

NoTorture.Tj