Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Моҳи сентябри соли 2012 дар муқоиса бо моҳҳои дигар пурсарусадо буд. Хусусан даҳаи охири ҳамин моҳ мавзӯи шиканҷа дар расонаҳои электронӣ ва чопии Тоҷикистон бозтоби гуногун ва баҳснок пайдо кард. Сарусадои зиёд баъд аз он ба миён омад, ки дар нимаи дуюми рӯзи 20-уми сентябр маҳкумшуда Ҳамза Икромзодаи 27-сола дар муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба ҳалокат расид.
Хабаргузории TojNews марги маҳбусро ба баҳси молӣ марбут дониста, 21-уми сентябри соли ҷорӣ хабаре таҳти сарлавҳаи «Қатли маҳбус дар СИЗО-и пойтахт барои пул» пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҳамза Икромов, сокини 28-солаи деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, шоми дирӯз, 20-уми сентябр ба асари шиканҷа дар СИЗО-и пойтахт ба ҳалокат расидааст. Ҷасади марҳум субҳи имрӯз ба наздиконаш супорида шуд. Дар бадани Ҳамза Икромов ҷароҳати сӯхта мушоҳида мешавад, ки осори дарзмоли гарм буданаш рӯшан аст. Дасту пойҳои Ҳамза Икромов, ба эҳтимоли зиёд, бо сим ё банди сахт баста шуда, ҷароҳат бардоштаанд».
Ин расона менависад, ки Ҳамза Икромов соли 2010 бо гуноҳи дуздӣ ба мӯҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуда, соли гузашта дар пайи имзо шудани Қонун дар бораи афв ин мӯҳлат то 8 сол коҳиш дода шуда буд.
Бародари Ҳамза - Амиралӣ Икромов ба ТоjNews гуфтааст: «Се рӯз қабл ба манн хабар додаанд, ки байни маҳбусон ва масъулони маҳбасхона муноқиша шудааст. Кормандони маҳбасхона ҳангоми хоби маҳбусон онҳоро тафтиш карда, аз онҳо маблағ талаб кардаанд. Вақте Ҳамза ва маҳбусони дигар дар қиболи ин рафтори масъулони зиндон норозигӣ баён мекунанд, мавриди муҷозоти сангин қарор мегиранд. Вақте се рӯз пеш маро даъват карданд, рафтам, нишон надоданд. Се рӯз пушти дари СИЗО интизор будем. Ахиран, 2 ҳазор доллар талаб карданд, ки биёред, баъд ӯро ба маҳбас мегардонем. Гуфтем, ки мо ин қадар маблағ надорем, аз куҷо биорем? Баъд ҳазор доллар талаб карданд, акнун мебурдем, ки ин хел шуд».
Ба гуфтаи Амиралӣ Икромов, масъулони муассисаи ислоҳотӣ ва прокурори назорати иҷрои қонун дар назди Муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлия ташхиси тиббӣ гузаронида, ҷароҳатҳои бадани Ҳамзаро шоҳид будаанд.
25-уми сентябр хабаргузории БиБиСи бо истинод ба маълумоти масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иттилоъ додааст, Прокуратураи генералӣ таҳқиқи марги мармузи зиндониро оғоз кардааст.
«Баҳром Абдулҳақов - муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ гуфт, ки ҳадафи ин таҳқиқ мушаххас кардани сабаби воқеии ҷон додани Ҳамза Икромзода дар зиндони шаҳри Душанбе аст. Вай мегӯяд, ки таҳқиқи ин ҳодисаро бахши назорат бар иҷрои қонун дар муассисоти вобастаи Додситонии кулли Тоҷикистон ба ӯҳда дорад. Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта масъулони зиндон ҷасади Ҳамза Икромзодаи 27-соларо аз дарвозаи зиндон ба пайвандонаш супурданд. Ба гуфтаи пайвандони вай, пизишки қонунӣ сабаби марги Ҳамзаро «ба дор овехтани худ», яъне худкушӣ унвон кардааст. Вале ба гуфтаи иддае аз пайвандони Ҳамза Икромзода, дар андоми ӯ нишонаҳое аз шиканҷа мушоҳида мешавад»,- навиштааст БиБиСи.
Рӯзи 26-уми сентябр бошад, Эътилофи 8 созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар ва алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар даъват карданд, то дар зудтарин фурсат барои маълум кардани сабаби аслии марги Ҳамза Икромзода (Ҳамзаалӣ Икромов) тафтишоти ҳамаҷониба ва мустақилона анҷом диҳад. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар ин баёнияи муштараки худ, ки 26-уми сентябр қариб тариқи ҳама расонаҳои электронии кишвар пахш гардид, бо нигаронии амиқ таъкид кардаанд, ки ҳукумат кафолати ба ҷазои ҷиноятӣ кашида шудани омилони марги Ҳамза Икромзодаро бидиҳад ва аз ҷараёни ин тафтишот волидони Икромзода ва ҷомеаи кишварро дар ҷараён гузорад.
Хабаргузории «Азия-Плюс» 27-уми сентябри соли ҷорӣ оид ба дархости падари Ҳамза - Файзалӣ Икромов аз президенти кишвар дар мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги писараш хабар дода, аз забони ин нафар навишт: «Аз замоне, ки ҷасади бераҳмона кушташудаи писарамро ба манзиламон оварданд, ҳеҷ намояндае аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри изҳори ҳамдардӣ наомад. Наход танҳо журналистони васоити ахбори умуми мустақил бояд аз ҳолу аҳволи мо пурсанд? Миннатдорам, ки онҳо дар мусибат моро танҳо намегузоранду аз ин ҳодисаҳо президенти Тоҷикистон ва шаҳрвандони ҷумҳуриро огоҳ месозанд. Мо комилан ба боадолатии президент бовар дошта, мутмаинем, ки ӯ мо, волидайни марҳумро аз умеди охирини бе ҷазо нагузоштани гунаҳкорон маҳрум нахоҳад кард».
Падари марҳум ҳамчунин мутмаин аст, ки дар бадани Ҳамза Икромзода изҳои гуногуни осеби ҷисмонӣ, аз ҷумла доғҳои сӯхта дар қисмати қабурғаҳо, пушт, гардан, доғҳои кабуд дар шонаю пойҳо ва осебҳои сар бараъло намудор будааст.
«Ҳамаи сокинони деҳа шоҳид буданд, ки ҷасади писари ман то кадом андоза маъюбу маслуқ шуда буд. Ман бовар надорам, ки чунин осори сӯхта аз зарфҳои оби гарм пайдо шуда бошанд. Дасту пойҳои ӯ шикаста буданд. Дар дастонаш изҳои ресмон боқӣ монда, ҳувайдо буд, ки ӯро бастаанд. Онҳо дурӯғ гуфта, худро бегуноҳ нишон доданианд»,- гуфтааст Файзалӣ Икромов дар сӯҳбат бо «Азия-Плюс».
Бештар аз даҳ сокини деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор рӯзи 28-уми сентябр ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ рафта, аз раҳбари ин ниҳод хостаанд, ки сабаби ҳақиқии марги Ҳамза Икромзода ифшо ва гунаҳкорони ҳодиса муҷозот шаванд. Ин хабар низ ҳамин рӯз дар сархати ахбори расонаҳои электронӣ меистод. Хусусан ин гуфтаи модари Ҳамза - Зулайхо Ҷӯраева: «Пурсиданӣ ҳастам, ки қонун ҳаст, нест? Ҳам зиндонӣ мекунанд ва ҳам мекушанд. Қатли бачаи маро ҳама дид дар ҷаҳон. Ман аз Худованд, аз ҷаноби олӣ илтиҷо мекунам, ки қотили писари маро ёбанд. Мегӯянд, ки худкушӣ кардааст… Чӣ хел худкушӣ? Ҳама чиз дар бадани писари ман маълум. Бачаи маро куштанд! Ҳотилонро ёфта диҳанд!». Дар ин росто, расонаҳо аз забони сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Иззатулло Шарифов, ки бо модари марҳум сӯҳбат дошт, чунин намуна меоранд: «Қасдан агар, дидаву дониста агар ҳамин кормандо ин корро карда бошанд, оддӣ карда гӯем, ӯро Худо мезанад. Хонаш сӯзад ҳаминхел одамро. Чунки ин соҳаи ман аст ва ин камбудии кори ман ҳисоб мехӯрад агар онҷо шиканҷа бошад. Дар ҳар як маҳбаси мо аз 1200 то 1300 маҳбус аст ва мо бо онҳо аз саҳар то соати 10-и бегоҳ мисли боғчаи бачагон тибқи барнома кор мекунем. Чизе, ки ман барои маҳбусҳо мекунам, дар берун нест. Чунки ба ман ин вазифаро бовар кардаанд. Хӯроке, ки маҳбусҳо мехӯранд, ҳатто баъзеятон дар хона намехӯред. Чойхона ҳаст, гӯштбирён ҳам мехӯранд, ош ҳам мехӯранд, картошкабирён ҳам. Ман мусулмонам ва аз Худо метарсам, дурӯғ намегӯям».
И. Шарифов гуфтааст, ки ҳарчанд онҳо интизори натиҷаи ташхиси тиббӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура дар мавриди марги Ҳамза Икромзода ҳастанд, аммо новобаста ба натоиҷи ташхис, «бинобар хунукназарӣ» раиси боздошгоҳ Рустам Тоштемировро аз вазифа сабукдӯш менамоянд.
Аммо худи ҳамин рӯз хабаргузории «Озодӣ» сӯҳбате бо духтури Ҳамза Икромзода - Абдулҳаким Тугаев анҷом дода, посухҳои хандахаришеро пешкаши хонандагон кардааст. Масалан ин порчаро:
- Ҳамон изи таги каши Икромзода изи электрошок аст?
- Не, вай изи баклашка аст. Баклашкаро барои он гузоштем, ки гардиши хун лахта нашавад. Хунук нашавад. Тайи каш, таги пойҳояшба мондем…
- Дар бадани Икромзода изе буд даврашакл ва кабуд, онро дидед?
- Не надидам.
- Хешовандони Икромзода даъво доранд, ки ӯ бар асари латукӯб ҳалок шуд. Шумо чӣ мегӯед?
- Ҳеҷ кас вайро латукӯб накардааст.
- Модари Икромзода гуфт, ки ҷинси мардонаи писараш низ сӯхтагӣ буд…
- Набуд, ягон чиз набуд, баъди баклашка шояд пайдо шудаст…
- Дар олоти ҷинсии Икромзода ҳам зарфи оби гарм мондед?
- Не он ҷо намондем, аслан ба олоти ҷинсии ӯ мо нарасидем.
- Баъд чӣ гуна сӯхт олоти ҷинсии Икромзода?
- Ман ба ӯ танҳо ёрии аввалинро расонидам, то мондани баклашка дар баданаш пайи сӯхтагӣ набуд…
Қазияи марги Ҳамза Икромзода аз расонаҳои электронӣ ба нашрияҳо низ кӯчид. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар шумораи 39 (978)-уми худ аз 27-уми сентябри соли 2012 зери унвони «Марги Ҳамза дар маҳбас: Шиканҷа ё худкушӣ» навишт: «Наздикони Ҳамза Икромзода мегӯянд, ки дар чанд ҷои бадани ӯ изи дарзмол буд, на электрошок. Табибон ҳам бар он ақидаанд, ки электрошок метавонад пӯсти баданро сиёҳ кунад, вале ба дараҷае, ки дар бадани маҳбуси ҳалокшуда буд, намесӯзонад. Аммо Толиб Азимов - додситони нозири иҷрои қонунҳо дар зиндонҳои Душанбе ва навоҳии атроф дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, ки қазия таҳти тафтишот қарор дорад. Аз ҳамааш хабар дорам. Мо корро пеш мебарем».
Ҳафтаномаи «Озодагон» дар шумораи 38 (247)-и худ (аз 26-уми сентябри соли 2012) таҳти унвони «Раҳмон ҳам метавонад Саакашвилӣ бошад» мақолаи таҳлилие ба табъ расонида, дахолати президентро ба қазияи марги Ҳамза Икромзода боло рафтани рейтинги ӯ унвон кард: «Михаил Саакашвилӣ – президенти Гурҷистон баъди ифшои ҳолатҳои бадрафторӣ ва азобу шиканҷаи зиндониён онро маҳкум намуда, ин амалҳоро «золимона» ва бар зидди шарафи инсоният унвон кард. Вай ваъда кард, ҳар нафаре, ки дар ин амалҳо даст дорад, мӯҷиби ҷазои сангин аст ва ҳамаи онҳо муҷозот хоҳанд шуд. Аммо то ҳол мавқеи Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди марги Ҳамза рӯшан нашудааст. Воқеан, баъзе соҳибназарон мегӯянд, дар пасманзари ҳаводиси Хоруғ агар президент барои ёфтани омилони қатли Ҳамза супориш бидиҳад, шояд дар пешорӯи интихоботи президентӣ, к ибо эҳтимоли зиёд номзадии ӯ дигарбора гузошта мешавад, «рейтинг»-аш боло равад».
Ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар як мақолаи худ бо номи «Боз куштор дар зиндони №1» (№27 (303), 26-уми сентябри соли 2012) оид ба фарқиятҳои маҳбасҳои Тоҷикистон аз Гуантанамо менависад ва ба чунин хулоса мерасад: «Шиканҷа дар дар ҳамаи зинаҳои мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистон боиси нигаронӣ аст… Иллати асосии риоя нашудани қонун ва ҳуқуқи инсон дар маҳбасҳо мустақил набудани суд, милиса ва прокуратура аст. Аммо онҳо ба сафед кардани якдигар машғуланд».
Аммо, бояд гуфт, ки ВАО-и Тоҷикистон дар моҳи сентябр на танҳо қазияи марги Ҳамза Икромовро расонаӣ кардаанд.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар шумораи 38 (977)-и худ аз 20-уми сентябри соли ҷорӣ бо чопи мақолае таҳти унвони «Қиссаи зиндони Гуантанамо» саргузашти тоҷикеро нақл кардааст, ки беш аз 2 соли умрашро дар маҳбаси амрикоӣ сипарӣ мекунад. Дар мавриди шиканҷа дар маҳбас аз забони маҳбус гуфта мешавад: «Зиндонбонҳо зуд омаданду маро ба холоделник андохтанд. Се рӯз бо як трусӣ (зершалвор) дар болои оҳан дар яхдон зистам.Кондисионер мемонданд, ки ҳавои даруни яхдон боз ҳам сардтар мешуд».
Ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар шумораи 25 (301)-уми худ аз 12-уми сентябри соли 2012 аз зиндонӣ шудани корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон ба мӯҳлати 7 сол хабар додааст, ки нисбати номбурда бо гуноҳи шиканҷаи як ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.
Ин хабарро БиБиСи низ дар саҳифаи худ ҷой дода, аз ҷумла навишт: «Шодмон Алиев - қозии додгоҳи ноҳияи Ёвон дар як сӯҳбати телефонӣ ба Би-Би-Си гуфт, ки Машраб Алиев - аз маъмурони минтақавии пулис дар ноҳия буд, ки ҳукми додгоҳӣ алайҳи ӯ пушти дарҳои баста хонда шуд. Аммо оқои Алиев аз тафсилоти бештари ин мавзӯъ худдорӣ намуд ва гуфт, ки ин ҳукм ҳанӯз ба мавриди иҷро дарнаёмадааст. Гуфта мешавад, ин корманди пулиси ноҳияи Ёвон рӯзи 29-уми июни соли ҷорӣ Хушвақт Маҳмадсаидов, як сокини 16-солаи ин ноҳияро аз деҳаи Кӯлобод ба занни дуздӣ боздошт намуда, мавриди шиканҷа қарор додааст. Ин фарди ноболиғ пас аз бозпурсӣ ба хона баргашта ва аз "тарси шиканҷаи корманди пулис, ки ӯро дузд гуфта буд" талоши худкушӣ кардааст. Вай худро ба дор овехта, аммо пайвандонаш аз ин амал огоҳ шуда, ӯро наҷот додаанд ва ба бемористони ноҳия мунтақил кардаанд. Ин писарбача дар ҳоле талоши худкушӣ кардааст, ки дуздии ӯ аз фурӯшгоҳ исбот нашудааст. Дар ҳамин ҳол, додситони вилояти Хатлон гуфт, ки боз шудани парванда дар бораи шиканҷа дар ин вилоят бесобиқа аст».
Хабаргузории TojNews 11-уми сентябр шикояти Бузургмеҳр Ёров - вакили дифоъи раиси бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Шерик Карамхудоевро пахш кардааст, ки ба иддаои ӯ, эҳтимол зерҳимояааш мавриди шиканҷа қарор гирифта, аз ин сабаб мақомот ба онҳо имкони вохӯрӣ ва мулоқотро намедиҳанд. Бинобар иттилои адвокат ба хабаргузорӣ, 14 рӯз талошҳои ҳуқуқшинос барои вохӯрӣ бо зерҳимояаш, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) нигоҳ дошта мешавад, натиҷа надодаанд.
Бояд зикр намуд, ки Прокуратураи генералӣ Шерик Карамхудоевро тибқи моддаҳои 187, қисми 2 (узвият дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 195, қисми 1,2 (ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ) КҶ ҶТайбдор донистааст.
Инчунин, хабаргузории «Озодӣ» 27-уми сентябр хабар дод, ки Суди Олии Тоҷикистон ба баррасии аризаи шикоятии панҷ нафар аз гурӯҳи 53-нафарии "истаравшаниҳо" оғоз кардааст. Ин панҷ нафар иддао доранд, ки дар пайи шиканҷа ба гуноҳи нокарда иқрор шудаанд ва акнун аз Суди Олӣ мехоҳанд қарори додгоҳи минтақавиро лағв кунад ва ба онҳо сабукӣ диҳад.
Гуфтан бамаврид аст, ки Суди вилояти Суғд моҳи декабри соли 2011-ум ин панҷ нафарро аз гурӯҳи 53-нафарии маъруф ба "истаравшаниҳо" бо ҷурми мустақиман даст доштан дар ҳамлаи интиҳории моҳи сентябри соли 2010-ум дар бинои Бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Хуҷанд ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буд.