«Моҳи хайру саховат» дар муқобили шиканҷа

«Моҳи хайру саховат» дар муқобили шиканҷа

Инъикоси чорабиние, ки 26-уми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байнулмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа дар Душанбе таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» баргузор гардида буд, дар аввали моҳи июл низ идома ёфт.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» ин мавзӯъро идома дода, бо нашри як гузориши муфассал бо номи «Нест бод шиканҷа» ва зерсарлавҳаи «Ҳеҷ як қурбонии шиканҷа фаромӯш намешавад!» (№15 (397), аз 2-юми июли соли 2014) навишт: «Моҳи декабри соли 1997 Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид 26-уми июнро Рӯзи байнулмилалии дастгирии ҷабрдидагони шиканҷа, рӯзи иқдомоти қотеъона бар зидди шиканҷа, гиромидошти хотираи қурбониён ва дастгирии ҷабрдидагон дар тамоми ҷаҳон эълом кард. Тибқи Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ки расо 27 сол қабл, рӯзи 26-уми июни соли 1987 эътибор пайдо кард, шиканҷаро ҳуқуқи байнулмилалӣ комилан манъ кардааст ва истифодаи он ҳаргиз ҷоиз нест».

Бо вуҷуди ин, ҳафтанома зикр кардааст, ки «дар 20 соли аз ҷониби Тоҷикистон ба имзо расидани Конвенсияи зидди шиканҷа қонунгузорӣ тағйир ёфт, ба Кодекси ҷиноӣ моддаи алоҳида барои муҷозоти шиканҷа ворид шуд, парвандаҳои нахустин аз рӯи ин модда оғоз шуданд ва ҷабрдидагони шиканҷа ё хешовандони онҳо аввалин ҷубронҳоро гирифтанд. Аммо шиканҷа зуҳуроти паҳншуда боқӣ монда, то ба ҳол адвокатҳо наметавонанд ба зерҳимояашон дастрасӣ пайдо кунанд ва то кунун бисёр парвандаҳо тафтишу таҳқиқ нашудаанд».

Ҳафтаномаи мазкур дар баробари таҳлилҳои амиқ аз чанд қазияии пурсарусадо ёдовар гардид, ки ҷомеаро ба ташвиш оварда буданд.

- Дар намоишгоҳи аксӣ саргузашти се сарбози ҷавони қӯшунҳои сарҳадӣ манзур гардид, ки қурбонии зӯроварӣ ва муносибати бераҳмонаи ҳамхизматони баландрутба шудаанд. Сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев алъон дар ҳолати вазнин бистарӣ аст, Акмал Давлатов ва Мақсуд Носиров бар асари латукӯб дар артиш ба ҳалокат расиданд. Шаш таърихномаи аксии дигар низ пешниҳод шуд. Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов зимни боздошт ё дар маҳбас фавтидаанд,- навишт нашрия.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Озодагон» бо нашри матлабе таҳти унвони «Ҳаракати дасту пойи Шаҳбол ва мураххасиаш аз беморхона» (№25 (354), аз 2-юми июли соли 2014) хабар дод, ки дасту пойи Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ба ҳаракат даромада, бо кӯмаки атрофиён метавонад дар ҷойаш нишинад. Дар ин бора Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол хабар дода, афзудааст, ки рӯзи 30-юми июн писараш баъд аз 40 рӯзи муолиҷа аз беморхонаи вилоятии Суғд ба Маркази физиотерапияи шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуда, саломатиаш хуб аст ва дасту пояш ба ҳаракат даромада, дар ин марказ барқарорсозии саломатиашро идома медиҳанд.

Хабаргузории TojNews низ дар ин маврид хабаре бо номи «Шаҳбол мустақилона ба хурокхӯрӣ даромадааст» пахш кардаву иттилоъ дод, ки «дасту пойи сарбози маҷрӯҳгардида Шаҳбол Мирзоев ба ҳаракат даромада, тавон пайдо кардааст, то бо дастони худ хӯрок бихӯрад».

Сомонаи nahzat.tj бошад, санаи 2-юми июли соли 2014 бо номи «Кӯмаки ҲНИТ ба Шаҳбол» хабар пахш кардаву навишт: «Имрӯз аз ҷониби шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд ба Шаҳбол Мирзоев, хизматчии қӯшунҳои сарҳадии кишвар, ки аз ҷониби сарбози ҳамхизматаш мавриди латукӯби шадид қарор гирифта, бистарӣ гардида буд, 1500 сомонӣ кӯмак расонида шуд».

Ба иттилои сомонаи мазкур, котиби матбуоти шуъбаи вилоятии ҳизб Фарҳод Собирзода гуфтааст, ки як ҳайат аз аъзои раёсати шуъба ба дидорбини Шаҳбол Мирзоев рафта, ин кӯмакро расонидаанд. Инчунин, Илҳомҷони Яъқуб, масъули ҳизб дар вилояти Суғд изҳор доштааст, ки аъзои ҳизб аз ҳоли Шаҳбол пайваста хабардор мегарданд.

Аммо ин ягона кӯмак ба Шаҳбол Мирзоев бахусус дар моҳи Рамазон нест. Масалан, хабаргузории «Озодагон» рӯзи 10-уми июл бо пахши хабаре таҳти унвони «Кумитаи ҷавонон ба Шаҳбол 4 ҳазор сомонӣ ваъда кард» навишт: «Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба барномаи хароҷоташ дар нимсолаи дуюми соли 2014 тағйирот ворид намуда, ният дорад ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи нерӯҳои марзбонии кишвар 4 ҳазор сомонӣ кӯмак кунад. Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси ин Кумита зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки рӯзҳои наздик ин кӯмаки молӣ ба Шаҳбол расонида хоҳад шуд».

Дере нагузашта, 26-уми июли соли 2014 ҳамин хабаргузорӣ хабари дигареро бо номи «Планшети раиси Ашт ва 4000 сомонии Кумитаи ҷавонон ба Шаҳбол» пахш кард.

Падари Шаҳбол - Нӯъмон Мирзоев бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфтааст, ки ҳайати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Фаррухҷон Бойматов - сардухтури вилояти Суғд ва Азимбой Азизов - раиси ноҳияи Ашт субҳи 26-уми июл ба аёдати писараш омадаанд ва раиси ноҳияи Ашт ба Шаҳбол як планшет туҳфа кардааст.

- Чанде қабл ин ҳайат омада буданд, сипосгузории худро ба эшон, аз ҷумла ба раиси ноҳияи Ашт ва сардухтури вилоят мерасонам, чун онҳо ҳамеша аз аҳволи мо хабар мегиранду пaйваста аз вазъи Шаҳбол мепурсанд,- изҳор доштааст ӯ.

Худи ҳамин рӯз, яъне 26-уми июл, торнамои «Озодӣ» ҳам бо номи «Кумитаи ҷавонон ба Шаҳбол 4 ҳазор сомонӣ ва китобҳо дод» хабар пахш кард.

Ҷалолиддин Нуров, сардори бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон «Озодӣ» гуфтааст, ки дар арафи Иди Фитр ба собиқ сарбози қисми низомии 2620 Шаҳбол Мирзоев дар ҳаҷми 4000 сомонӣ кӯмак расонидаанд. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби раҳбарияти ин ниҳод ба Шаҳбол Мирзоев барои мутолиа китобҳои гуногун аз ашъори ниёгон ва муосир низ супурда шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки «Озодӣ» санаи 10-уми июл таҳти унвони «90 рӯзи сиёҳи Шаҳбол ва хонаводаи ӯ» гузориши муфассал пахш карда, аз нокофӣ будани маблағҳои барои сарбози маъюб ҷудошуда хабар дода буд.

- Шаҳбол Мирзоев оғози моҳи март дар қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари бадрафтории ҳамхидматонаш маъюб шуд. Мақомоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, бино ба номаи муштараки 4 генерали мустаъфӣ, ки дар вокуниш ба интиқодҳои матбуот аз фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ Раҷабалии Раҳмоналӣ рӯзи 2-юми июл дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп шудааст, барои табобати ин сарбоз аз 7-уми март то 27-уми апрел 7252 сомонӣ сарф карда, гӯё худи генерал Раҳмоналӣ низ ба Шаҳбол 2230 сомонӣ ёрии яквақтаина ҷудо кардааст. Дар ҷараёни мурофиаи парвандаи Усмоналӣ Ғайратов - гумонбари асосӣ дар маъюб кардани Шаҳбол Мирзоев низ танҳо масъалаи ба нирӯҳои марзбонӣ баргардондани пули барои табобати ин сарбоз харҷкардааш матраҳ шуд ва чизе дар ин бора, ки харҷи пурраи табобати ӯро билохира кӣ хоҳад дод, гуфта нашуд. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 19-уми июн фелдшери нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмоналӣ Ғайратовро бо ҷурми бадрафторӣ ба 9 соли зиндон маҳкум кард ва ҳамчунин ҳукм баровард, ки ӯ бояд ҳамчун хисороти маънавӣ ба хонаводаи Шаҳбол 8000 сомонӣ ($1,625) ва барои табобати ӯ 5,500 сомонӣ (1,158) бисупорад. Аммо тамоми ин пул - аз маблағҳои ҷудокардаи нирӯҳои марзбонӣ, ки маҷмӯан 9482 сомонӣ ва 13500 сомоние, ки бояд аз Ғайратов биситонанд, ҳатто 10 дарсади пулеро, ки то имрӯз барои табобати Шаҳбол Мирзоев харҷ шудааст, намепӯшонад. Чӣ расад ба он ҳама азоби алиме, ки падару модар ва додари бемордори Шаҳбол Мирзоев дар ин се моҳ пушти сар карданду дар оянда боз то замони ба пояш рост кардани ӯ таҷриба хоҳанд кард,- омадааст дар ин гузориш.

Аз васоити ахбори чопӣ ҳафтаномаи «Чархи гардун» таҳти унвони «5 ҳазор сомонии дастаи “Истиқлол” ба Шаҳбол Мирзоев» (№31 (934), аз 30-юми июли соли 2014) хабаре ба табъ расонида, иттилоъ дод, ки дастаи футболи “Истиқлол” 28-уми июл, дар рӯзи Иди Саиди Фитр ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози латукӯбшуда ва маъюби Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон кӯмаки молӣ кардааст.

Ба иттилои ин нашрия, торнамои расмии ин клуби Душанбе менависад, ки Муродҷон Умаров, раҳбари кулли дастаи “Истиқлол” ба шаҳри Хуҷанд рафта, аз номи Шоҳрух Саидов, президенти бошгоҳ ба Шаҳбол дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ кӯмак кардааст.

Ин ҳама дар ҳолест, ки хабаргузории БиБиСӣ санаи 9-уми июли соли 2014 хабари фаврие бо номи «Насби дурбинҳои мадорбаста дар маҳалли хидмати Шаҳбол Мирзоев» пахш карда, аз ҷумла навишта буд: «Дар маҳалли хидмати Шаҳбол Мирзоев, сарбози осебдида аз латукӯби ҳамсафонаш, ки номаш тайи моҳҳои ахир забонзади расонаҳост, дурбинҳои мадорбаста насб шудааст. Ба гуфтаи як сарбози қисми низомие, ки оқои Мирзоев дар он ҷо хидмат мекард, феълан дар гӯшаҳои мухталифе аз ин қисм дурбинҳои мадорбаста насб шудаанд ва фармондеҳон метавонанд фаъолияти сарбозонро пайваста зери назар дошта бошанд. Ин манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, афзуд, ки баъд аз ҳодисаи латукӯби Шаҳбол Мирзоев бахши аъзаме аз фармондеҳони ин қисми низомӣ барканор ва афроди дигаре ҷойгузини онҳо шудаанд. Аз ҷумла пизишкони ҳирфаӣ барои мудовои сарбозону афсарон дар ин ҷо истихдом шудаанд».

Аммо дар моҳи июл қазияи дигаре рух дод, ки баҳси мавҷуд будан ё набудани шиканҷаро дар Тоҷикистон зери суол бурд. Торнамои «Озодӣ» бо пахши як гузориш таҳти унвони «Маълум нест, чаро сарбоз худкушӣ кард» хабар дод, ки волидайни Ҷӯрабой Ҳомидов, як сарбози нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон хостори таҳқиқи марги фарзанди худ ҳастанд.

Ба навиштаи торнамо, Ҷӯрабой Ҳомидов, мутаваллиди соли 1991, оиладор ва соҳиби як фарзанди духтар, моҳи ноябри соли 2013 бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ пайваст. Ӯ то лаҳзаи марг дар қисми низомии 07033-и нерӯҳои ҳавоии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, мустақар дар фурудгоҳи низомии Айнӣ адои хизмат мекард.

Акрам Холиқов, падари сарбози ҳалокшуда Ҷӯрабой Ҳомидов, ки дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ зиндагӣ мекунад, ба «Озодӣ» гуфтааст, писарашро субҳи рӯзи душанбе як афсар ва ду сарбоз бо иттифоқи раис ва сарвари милисаи ноҳия ба деҳа оварда, як гирдиҳамоӣ созмон дода, гуручӯб карда рафтаанд.

- Касе ба ман нагуфт, ки чӣ иттифоқ афтодааст? Чаро писари ман ба ҳалокат расидааст. Ягон даъво надорам, рафт ва дигар бознамегардад, зинда намешавад, аммо ман мехоҳам, ки бо ӯ чӣ рух додааст, то хотирам ҷамъ шавад,- изҳор доштааст ӯ.

Акрам Холиқов гуфтааст, ки ҷасади писараш аз ноҳияи сар ва шикам ҳангоми бозрасии коршиносони суди тиббӣ бурида шуда, аммо дар пушти сари ӯ зарбаи шадид мушоҳида шудааст ва то қабристон аз тобути ӯ хун ҷорӣ будааст.

Ин хабар дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» (№29 (932), аз 16-уми июли соли 2014) низ бо номи «Падари сарбози ғӯрамарг: “... то даруни гӯр аз баданаш хун мерафт»» нашр шуд.

Масъалаи дигар, ки бо ишора ба мавҷудияти шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҷониби расонаҳои кишвар матраҳ гардид, қазияи як нафар тоҷикистонии мухолиф аст. Дар ин боб санаи 12-уми июли соли 2014 хабаргузории «Азия-плюс» таҳти унвони «Аз Испания даъват доранд, ки Гадоевро ба ихтиёри Тоҷикистон насупорад» гузорише пахш кардаву навишт: «Ассотсиатсияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» аз ҳукуматдорони Испания даъват кард, ки аз истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев ба ватанаш худдорӣ варзанд. Дар изҳороти Ассотсиатсияи мазкур дар ин робита зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи истифода аз шиканҷа роиҷ буда, мақомоти судӣ ба мақомоти иҷроия тобеъ аст ва адвокатҳое, ки намояндагони мухолифинро ҳимоя мекунанд, аз иҷозатнома маҳрум шуда, ҳатто бо айбҳои сохта ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аз ин рӯ, маҷбуран ба ватан баргардонидани Гадоев метавонад ба мавриди ҷазои ғайриқонунӣ қарор гирифтани ӯ, хатар ба вазъи солимиаш ва ҳатто ҳаёташ боис гардад».

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, дар изҳорот қайд мешавад, ки санаи 2-юми феврали соли ҷорӣ дар Мадрид ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо Гадоев аз ҷониби мақомоти пулиси Испания боздошт шуда, қонунӣ, мутобиқи тартиби маъмурӣ барои шаҳрвандони ҷиҳати ҳимояи байнулмилалӣ муроҷиаткарда иқомат дорад. Дар ин робита Ассотсиатсияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» аз ҳукуматдорони Испания даъват мекунад, ки уҳдадориҳои Конвенсияи аз ҷониби ӯ эътирофшудаи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (Конвенсияи зидди шиканҷа) ва маҳз моддаи 3-и онро, ки истирдоди шахсон ба кишварҳое, ки дар он ҷо ба онҳо шиканҷа ва кирдори бераҳмона таҳдид мекунад, манъ кардааст ва ҳамчунин Конвенсияи СММ дар бораи мақоми гурезагон ва Аҳдномаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро риоя намояд.

- Дар идомаи изҳороти Ассотсиатсия қайд мешавад, ки Шарофиддин Гадоев 19-уми майи соли 1985 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омада, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Дар бахши ҳуқуқи байнулмилалӣ соҳиби маълумоти олӣ аст. Оиладор ва духтарчаи хурдсол дорад. Узви созмони мухолифи ғайрирасмии сиёсии «Гурӯҳи 24» аст. Қаблан ба ҳайси директори генералии ширкати «Голд Тур Транс» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият дошт. Узви созмони мухолифи ғайрирасмии «Гурӯҳи 24» Шарофиддин Гадоев дар ҷомеа ҳамчун интиқодгари сохти сиёсии Тоҷикистон маъруф аст,- навиштааст хабаргузорӣ.

Дере нагузашта, санаи 23-юми июл хабаргузории БиБиСӣ хабаре бо номи «Додгоҳи Испониё ба нафъи як мунтақиди Раҳмон раъй дод» пахш кардаву иттилоъ дод, ки «додгоҳ дар Испониё як мухолифи давлати Тоҷикистонро аз иттиҳоми даст доштан дар тахаллуфоти молӣ табраа карда, аз истирдоди ӯ ба ин кишвар монеъ шудааст».

- Шарофиддин Гадоев, аз аъзои "Гурӯҳи 24", ки ба унвони паноҳандаи сиёсӣ дар Испониё ба сар мебарад, рӯзи чаҳоршанбеи 23-юми июл бо ҳукми додгоҳи Мадрид аз иттиҳомоти ворида табраа шуд. Додгоҳ давлати Испониёро муваззаф кард, ки аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон худдорӣ кунад,- навишт ин хабаргузорӣ.

Ин ҳама дар ҳолест, ки санаи 20-уми июл хабаргузории «Озодӣ» таҳлили фарогире анҷом дода, онро бо номи «Муруре ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» пахш кард.

Ба иттилои хабаргузорӣ, Cозмони “Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар” дар як гузориши 12-саҳифаӣ вазъи ҳуқуқи инсон дар моҳҳои охир дар 3 кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашидааст.

- Моҳи май дар Женева Кумитаи ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии СММ дар як иҷлосияи муқаддамотӣ гузориши миллии ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ҷараёни иҷрои Паймони байналмилалии ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард. Дар ин нишаст масоили марбут ба фақр, фасод, беҷошудагони иҷборӣ, муҳоҷирон ва афроди имконияташон маҳдуд асосӣ будаанд. Моҳи июни соли 2014 Муколамаи ҳуқуқи башар байни Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон доир шудааст. Иттиҳодияи Аврупо дар ин нишаст аз вуҷуди мавридҳои шиканҷа ва масдуд кардани сомонаҳо ва роҳҳои дигари маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст,- омадааст дар гузориш.

Ба ҳамин монанд, нуктаи дигаре дар хабари пахшкардаи хабаргузории БиБиСӣ таҳти унвони «Кӯмаки Маҳмуроди Одина ба зиндониён дар шаҳри Хуҷанд» санаи 22-юми июл ба мушоҳида мерасад. Дар ин хабар аз ҷумла гуфта мешавад: «Гуруӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ҳамвора аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки ба эъмоли шиканҷа дар зиндонҳо поён диҳад, вале ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, мақомот ин дархостҳоро нодида гирифтаанд».

Маҳмуроди Одина, раиси Комиссияи мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон ба Би-Би-Сӣ хабар дода, гуфтааст, ки рӯзи 22-юми июл кӯмакҳои худро дар шаҳри Хуҷанд ба зиндониёни муассисаи ислоҳии шумораи 3/3, ки раисаш Диловар Арабов аст, таҳвил додааст.

- Ман аз ҳисоби худам як халта биринҷ, як халта мош, як халта перловка, як халта гречка (гандумсиёҳ), як халта наск, шаш дона тарбуз ва шаш дона харбуза, панҷ кило себу панҷ кило ангур, 15 кило зардолу, 20 дона нон, чанд дона попӯш, се дона шалвор, шаш курта ва чанд лавозими дигари мавриди ниёзи аввалияи зиндониён ба онҳо додам,- изҳор доштааст ӯ.

Раиси Комиссияи мубориза бо шиканҷа, ки як созмони ғайридавлатии мудофеъи ҳуқуқи башар аст, ҳамчунин гуфтааст, ки ӯ тавонистааст бо бархе аз зиндониён суҳбат кунад. Зиёндониён ба ӯ гуфтаанд, ки мавориди шиканҷа дар зиндон вуҷуд дорад ва ҳоло "дур аз чашми зиндониён, дар ҷойҳои махсус" сурат мегирад.

Гуфтугузор оид ба вазъи маҳбасу маҳбусон дар ҳолест, ки расонаҳои кишвар ахиран аз як рухдоди ғайриинтизор хабар доданд. Хабаргузории «Озодӣ» санаи 22-юми июл бо пахши як матлаб таҳти унвони «Мақоми нави Тоштемиров дар муассисаи ислоҳии рақами 7» навишт, ки Рустам Тоштемиров, собиқ сардори муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт бар асоси як ротатсияи кадрӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ дубора сардори Муассисаи махсуси рақами 3/7 таъин шудааст.

- Дар ибтидо Рустам Тоштемиров сардори маҳбаси рақами аввал буд, аммо пас аз марги Ҳамза Икромзода - сокини ноҳияи Ҳисор дар ин маҳбас, аз ҷумла Тоштемиров, ба қавли наздикони Икромзода, дастандаркори кушта шудани Ҳамза дониста шуд ва дар моҳи сентябри соли гузашта сардори маҳбаси махсуси рақами 7 таъин карда шуд. Вале пас аз 3 моҳи роҳбарӣ дар ин зиндон, Рустам Тоштемиров аз масъулияти сардори маҳбаси махсус барканор карда шуд ва дар идораи муасисаи ислоҳӣ ба фаъолияташ идома медод. Вале дирӯз дубора вай ба вазифаи раиси зиндони махсуси рақами 7 таъин карда шуд,- навиштааст хабаргузорӣ.

Аммо аллакай рӯзи 23-юми июл хабаргузории «Озодагон» матлабе бо номи «Рустам Тоштемиров “оперативник” аст, ё сардори зиндони №3/7?» пахш кардаву аз қавли Рустам Шомуродзода (Менглиев), вазири адлияи Тоҷикистон навишт, ки Рустам Тоштемиров -- собиқ раҳбари зиндони рақами яки Душанбе, ки дар пайи марги мармузи Ҳамза Икромзода аз мақомаш барканор шуда буд, ҳоло ба ҳайси “оперативник” ифои вазифа мекунад.

- Шомуродзода аз ҷузъиёти бештари кори Тоштемиров худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки “ҳоло ӯ сардори ягон маҳбасхона нест”. Ин дар ҳолест, ки як манбаъ аз Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия гуфт, ахиран Рустам Тоштемиров сардори Муассисаи махсуси рақами 3/7, ки дар он ҷо кормандони интизомӣ нигаҳдорӣ мешаванд, таъин гардидааст,- менависад хабаргузорӣ.

Хабаргузории «Азия-плюс» бошад, санаи 25-уми июли соли 2014 дигарбора мақомотро огоҳ кард, ки гунаҳкорони марги сокини ноҳияи Исфара Исмон Бобоев то ҳол дар озодӣ қарор доранд. Муаллифи мақолаи «Парвандаи Исмон Бобоев: Гунаҳкорон то ҳол дар озодианд» ёдовар мешавад, ки моҳи феврали соли 2010 дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ШВКД сокини 30-солаи Исфара, шаҳрванди Федератсияи Русия Исмон Бобоев таҳти шиканҷа фавтида буд.

- Аллакай панҷум сол аст, аммо гунаҳкорон дар марги Исмон Бобоев ҳанӯз ҳам ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд,- менависад хабаргузорӣ.

Вакилони мудофеъи оилаи Бобоевҳо - Абдураҳмон Шарипов ва Сергей Романов ба «Азия-плюс» гуфтаанд, ки аз аввали корашон сари ин қазия, то ҳол наметавонанд бо маводҳои парванда шинос шаванд.

NoTorture.Tj