Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Натиҷаи гузориши Тоҷикистон оид ба шиканҷа дар Кумитаи мубориза бо шиканҷаи СММ, парванда алайҳи пулис барои латукӯби як ҷавони дискфурӯш дар вилояти Суғд, тазоҳуроти волидони маҳбусони Хуҷанд дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангомаи таъқиби собиқ маҳбус Саидалӣ Казаков дар шаҳри Санкт-Петербург ва эҳтимоли шиканҷа дидани як навраси 12-сола аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз мавзӯҳое буданд, ки давоми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар воситаҳои ахбори омма бештар инъикос шуданд.
Санаи 7-уми ноябр Оҷонсии иттилоотии TojNews гузоришеро таҳти унвони «Таҷаммӯи наздикони маҳбусон дар назди прокуратура» пахш кард, ки аз ҷамъ омадани як гурӯҳи беш аз 40-нафараи наздикони маҳбусон ба нишони эътироз назди Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад. Оҷонсӣ ба қавл аз наздикони маҳбусони маҳбаси рақами 1-и пойтахт Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев менависад, ки «маҳбусонро барои фош кардани ҳодисаи латукӯб ва марги мармузи маҳбуси ин маҳбас Ҳамза Икромзода ба расонаҳо, ба маҳбаси шаҳри Хуҷанд интиқол дода, азият медиҳанд».
Дар сӯҳбат бо хабаргузории TojNews Баҳриддин Тошев - падари яке аз маҳбусҳо мегӯяд, писараш Садриддин дар як тамоси телефонӣ ба ӯ гуфтааст, ки баъди интиқол ёфтанаш ба зиндони рақами 23-и шаҳри Хуҷанд “шадидан латукӯб ва сару рӯву баданаш сиёҳ шуда, чашмонаш варам кардаанд”. Ӯ мегӯяд, ки писарашро гӯё барои ба журналистон расондани ҳодисаи латукӯб ва марги мармузи Ҳамза Икромзода дар моҳи сентябр “муҷозот кардаанд”.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бошад, дар як гузориши худ таҳти унвони «40 зан барои арз ба Прокуратураи генералӣ омаданд» менависад: «Маҳмурод Ризоев мегӯяд, ки бар асри латукӯб сутунмӯҳраи писараш зарбаи сахт хӯрдааст ва модараш ду рӯз боз дар Хуҷанд наметавонад фарзандашро бинад».
Ҳафтаномаи «Озодагон» дар ҳамин маврид мақолаи таҳлилиеро бо номи «Асрори ба Хуҷанд бурдани маҳбусон» (№45 (254), 14-уми ноябри соли 2012) пешкаши хонанда гардонидааст. Муаллиф дар мақолаи худ бо истифода аз андешаи масъулину наздикони маҳбусон ва фарзияҳо вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашида, дар анҷом менависад: «Ахиран дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева баҳси шиканҷаву озор дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд. Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон гузориши расмии Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин маврид ироа кард. Ӯ гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои ками шиканҷа ҷой дорад. Шумо ба ин ҳарфҳо бовар мекунед?».
Дар ҳамин замина хабаргузории «Озодӣ» низ бо истифода аз изҳороти Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хабаре зери сарлавҳаи «Дархости Эътилофи зидди шиканҷа аз Ҳукумати Тоҷикистон» таҳия ва пахш намудааст. Ба навиштаи «Озодӣ», Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа хостааст, ки ба сарнавишти маҳбусони аз Душанбе ба Хуҷанд интиқолёфта таваҷҷӯҳ шавад.
«Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа, ки шомили ҳашт созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар аст, аз ҳукумати кишвар хоста, ки дастрасии вакилони мудофеъ ба маҳбусон дар зиндони шаҳри Хуҷандро таъмин намояд. Ин ҳашт созмон дар як номаи кушод ба унвони Дастгоҳи президенти Тоҷикистон, Додситонии кулл ва парлумон тақозо кардаанд, ки як гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар Муассисаи ислоҳии рақами 3-и Хуҷанд ташхиси судиву тиббӣ ва равоншиносӣ анҷом дода шавад. Созмонҳои ҳуқуқи башар ва зидди шиканҷаи Тоҷикистон бо нигаронӣ таъкид мекунанд, ки ҳанӯз ҳам аз маҳбусону хешовандони онҳо иттилоот дар бораи далелҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони муассисаҳои ислоҳӣ нисбат ба маҳкумшудагон ворид мегарданд»,- омадааст дар хабар.
Аммо бояд зикр намуд, ки изҳори назар кардани маҳбусони аз Душанбе ба Хуҷанд интиқолёфта ягона фошкории маҳбусон нест. Қаблан як нафар маҳбуси собиқ Саидалӣ Казаков баъди озод шудан аз зиндон дар чанд расонаи ватанӣ сӯҳбат ороста, оид ба мушкилоти дохили маҳбасҳо ва аз ҷумла марги мармузи маҳбус Ҳамза Икромзода баъзе далоилро рӯшан карда буд. Вале баъдан хабар расид, ки гӯё ӯро ба хотири фошкорияш таъқиб карда истодаанд.
Масалан, хабаргузории «Азия-Плюс» бо номи «Изҳороти маҳбуси собиқ доир ба таъқиб дар Русия» хабаре пахш намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Чанде қабл сафаҳоти қариб ҳамаи нашрияҳои мустақилро ному аксҳои маҳбуси собиқ Саидалӣ Казаков зеб медод, ки пас аз маҳкумияти 8-сола моҳи октябри соли равон ба озодӣ баромада буд. Ӯ аз қонуншиканиҳо дар маҳбас, тамаъҷӯии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ аз зиндониён ва шиканҷаву кирдори бераҳмона дар онҳо ошкоро сӯҳбат мекард. Рӯзи сешанбе, 27-уми ноябр Саидалӣ Казаков аз шаҳри Санкт-Петербург ба идораи ОИ «Азия-Плюс» занг зада, изҳор кард, ки ӯ дар ин шаҳр таҳти муолиҷа қарор дошта, афроде бо сарулибоси мулкӣ ӯро таъқиб мекунанд».
Ба гуфтаи Казаков, пас аз ин ҳодиса наздиконаш ба мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе рафта, онҷо бори дигар итминон ҳосил намудаанд, ки ӯ таҳти ҷустуҷӯ қарор надорад. Ӯ мегӯяд, ки шояд барои як силсила мусоҳибаҳои ошкоро бо журналистон пас аз озодӣ мавриди таъқиб қарор гирифта бошад.
Вале дар як сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи БиБиСи, ки онро ҳафтаномаи «Самак» таҳти унвони «Барои маҳбусон шароити хуб муҳайё кардаам» бознашр намудааст (№49 (57)), сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Иззатулло Шарипов ин иддаоро бепоя хондааст. Номбурда дар ҷараёни сӯҳбат аз ҷумла чунин мегӯяд: «Чаро ман Саидалӣ Казаковро таъқиб кунам? Казаковро ман надидаам. Дар як рӯзи қабули шаҳрвандон зане ба идора омад ва аз ман хоҳиш кард, ки писарашро, ки дар зиндони шумораи дуи шаҳр буд, ба муассисаи шумораи якум гузаронем. Ман хоҳиши ин занро, ки модари Казаков буд, иҷро кардам. Ман Казаковро тамоман надидаам ва ҳатто намедонам, ки вай барои чӣ дар зиндон нишастааст… Ман мард ҳастам. Ҳамон Казаковро гӯед, ки худаш ё бо модараш ба қабули ман биёяд ва ман пурсам, ки кӣ ӯро азобу шиканҷа дод ва ман ҷазо диҳам».
Ҳолатҳои рад шудани мавҷудияти шиканҷаро дигар воситаҳои ахбори оммаи кишвар низ дар саҳифаҳои худ ҷой додаанд. Масалан ҳафтаномаи «СССР» дар сӯҳбати кӯтоҳе таҳти унвони «Маҳмадрӯзӣ Искандаров: Ба ғайри Худо аз касе наметарсам!» бо собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз забони ӯ навиштааст: «Ҳар касе, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаровро мешиносад, медонад, ки маро маҷбур карда намешавад. На ба зери шиканҷа, на дар ҳавли ҷон, дурӯғ намегӯям».
Базан вақт оид ба латукӯб шудани шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон низ дар расонаҳои кишвар матолиб ба табъ мерасад. Рӯзномаи "ИмрӯзNews" дар шумораи 207 (517)-и худ аз 23-юми ноябри соли 2012 сӯҳбатеро бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷамолифар бо номи «Дар идораи амният: Ҳоло бо ту коре накардаем, нохунҳоят дар ҷояш аст» чоп кардааст. Ин нафар ба рӯзнома шикоят овардааст, ки дар яке аз идораҳои амниятии Тоҷикистон лутукӯб ва шиканҷа шудааст. Ба навиштаи нашрия, ин нафар дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дорад. Вай намедонад дар кадом идора ё утоқ шиканҷа шудааст, чун ҷой барояш он қадар ошно нест, вале медонад, ки аз сӯйи кормандони мақомоти амниятӣ таҳқир шудаасту ҳамсару модараш низ. "ИмрӯзNews" аз шаҳрванди ҶИЭ сабаб мепурсад ва ӯ изҳор дошааст, ки ба хотири кӯмак ба як дӯсти устояш барои он нафар «балгарка» мебарад. Бехабар аз он, ки соҳиби хона корманди амниятӣ будааст. Ба қавли шикояткунанда, сабаби ба идораи амният бурдану латукӯб кардани ӯ он будааст, ки гӯё устои дӯсташ пулро гирифтаву кори соҳибхонаро анҷом надода рафтааст.
- Тирезаи мошин пойин буд, аз берун дар сарам мезаданд ва телефонро аз дастам гирифтанд. Вақте аз мошин берун меомадам, вуҷудам меларзид. Бори аввал бароям рух медод. Ашкам мерехт, танҳо кӯмак мехостам. Дастбанд заданду дохили бино бурданд. Ҳар нафар, ки медид, мезад. Вақте ба як утоқ ворид карданд, дар қубури батарея дастбанд заданд. Бар замми ин, намегузоштанд, ки биншинам. Ҳар нафаре, ки ворид мешуд, дашном медод (аз ҷавонтарин то калонашон). Мегуфтанд, ки ин ҷо ҳар гапе бишнавӣ, касе ба додат намерасад. Як нафари дигараш мегуфт, ки дар қиёфааш назанед. Дигараш мегуфт, ки чаро дар қиёфааш задӣ? Фикр мекунам, шансе, ки ёфтам, бо телефон хабар доданам аст. Вақте телефонамро рӯшан карданд, чанд смс-пайғом омад, донистанд, ки аллакай ман хабар додаам… Дастбандро кушоданд. Ин дафъа оҳанги суханонашон дигар шуда буд, чун диданд, ки ҳуҷҷатгузориам нуқсе надорад. Мегуфтанд, ки мову шумо ҳамзабонем. Баъди соҳибистиқлолӣ аввалин сафорати шумо дар кишвари мо боз шуд. Мо эрониҳоро эҳтиром мегузорем… Сипас гарду хоки танамро таконда раҳоям карданд,- гуфтааст Муҳаммад Ҷамолифар ба "ИмрӯзNews".
Акнун, ки ӯ раҳо шудааст, мехоҳад бо масъулини ниҳоди амниятии Тоҷикистон рӯ ба рӯ сӯҳбат намояд, то дар ин бора ҷавоб гӯянд.
Ин ҳама дар ҳолест, ки чанде пеш як ҳайати тоҷикистонӣ бо роҳбарии Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода баъди гузориш додан дар Кумитаи мубориза бо шиканҷаи СММ аз Женева баргаштанд. Шерхон Салимзода пас аз бозгашт ба суолҳои радиои «Озодӣ» посух гуфта, аз ҷумла зикр кард: «Ин дуюмин гузориши Тоҷикистон дар мавриди иҷрои он ӯҳдадориҳое аст, ки бо тасвиби Конвенсияи СММ зидди шиканҷа гирифта буд. Ман аз рафти баррасии ҳисоботи Тоҷикистон, аз сӯҳбату саволҳое, ки имрӯз дода шуд, эҳсос кардам, аъзои Кумитаи СММ оиди шиканҷа қариб якдилона изҳор намуданд, ки қадами ҷиддие баҳри иҷрои тамоми талаботи конвенсияи СММ дар Тоҷикистон амалӣ шудааст. Мо заминаи ҳуқуқии мубориза бо шиканҷа ва дигар тарзу усулҳои ғайриқонунии бурдани тафтишотро фароҳам овардаем. Ба ғайр аз ин, дар таҷриба тамоми чораҳои ташкилӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии амалӣ намудани ин тадбирҳо муҳайё гардидааст. Умуман як эҳсоси қаноатмандӣ аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Кумитаи СММ оиди шиканҷа эҳсос мешуд. Албатта дар баробари ин баъзе камбудию нуқсонҳо дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура ва дигарҳо низ гуфта гузаштанд, ки мо ба ҳамаи он саволҳо бевосита ҷавоб гуфтем. Имрӯз дар Тоҷикистон аз роҳбарияти аввали сиёсӣ сар карда то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми ҷомеа бо шиканҷа муборизаи беамон мебаранд».
Сарфи назар аз зиёд изҳори назар кардани масъулини мақомот оид ба шиканҷа, ҳанӯз ҳам сарусадо атрофи ин амал баланд мешавад. Бахусус дар мавриди кор гирифтан аз шиканҷа дар зиндонҳо бисёр мегӯянду менависанд. Масалан дар шумораи №35 (311), аз 21-уми ноябри соли 2012-и ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо номи «Зиндон: Қассобхона ё муассисаи тарбиявӣ» мақолае ба табъ расидааст, ки муаллифи он бо эҳтирос менигорад: «Бояд ин ҳама зулму бедодии зиндонҳо хотима ёбад. Бояд дигар ягон модари тоҷик ба монанди модари марҳум Ҳамза Икромзода аз фироқи фарзандаш ашк нарезад. Бояд масъулини муассисаҳои таълимӣ барои тарбияи аҳли ҷомеа аз василаҳои дигар истифода баранд».
Бояд зикр кард, ки гоҳо дар бораи шиканҷа дидани ноболиғон низ хабарҳо паҳн мешаванд. Масалан 20-уми ноябри соли ҷорӣ хабаргузории «Азия-Плюс» бо номи «Латукӯби наврас дар бинои Раёсати КДАМ-и пойтахт» хабаре пахш кардаву аз қавли зане навишт, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фарзанди 12-солаи ӯро ба ҳуҷраи кориашон оварда, муддати се рӯз дар онҷо нигоҳ медоранд. Ба гуфтаи ин зан, навраси 12-сола ба хотири гирифтани гувоҳии зарурӣ нисбати гумонбарон ба ифротгароӣ латукӯб шудааст. Модари навраси ҷабрдида Инобат Яъқубова бо писараш ба идораи ОИ «Азия-Плюс» омада, дар ин бора хабар додаанд. Худи наврас чунин ҳикоят кардааст, ки «дар ҳуҷраи кории корманди фаврӣ, ки онҷо чанде аз ҳамтоҳояш низ ҳузур доштанд, ӯ талаб кард, ки ман дар бораи паҳн кардани варақаҳои мамнӯъшуда ва барои дарс аз ман маблағи пулӣ талаб кардани омӯзгор гувоҳӣ диҳам, ҳарчанд ӯ ба ман бепул таълим медод. Ҳамзамон маро латукӯб карда, ба фарш ҳаво медоданд ва ман аз тарсу дард маҷбур шудам, ки ба онҳо итоат кунам».
Аммо сардори Раёсати Прокуратураи генералии ҶТ оид ба назорати иҷрои қонуният дар КДАМ Муҳаммадҷон Хайруллов аз шарҳи қазия худдорӣ варзида, ба «Азия-Плюс» маслиҳат додааст, ки «расман ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намоянд».
Радиои «Озодӣ» бошад, зери унвони «Суғд: Парванда алайҳи пулис барои латукӯби як ҷавон» хабар додааст, ки додситонии Суғд як маъмури пулисро барои истифода аз шиканҷа муттаҳам дониста, парвандаашро ба додгоҳ фиристодааст. Рустам Раззоқов, сардори яке аз шӯъбаҳои додситонии Суғд ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки корманди милиса Хусрав Ниёзқулов моҳи июни соли ҷорӣ як ҷавони дискфурӯшро ба гумони фурӯши дискҳои фаҳшо ё порнографӣ боздошт намуда, дар утоқи кориаш латукӯб кардааст. Бар асари латукӯб гӯши ҷавон дарида, гурдааш зарар дидааст ва ташхисоти додгоҳиву тиббӣ дар ин бора санад таҳия кардааст. Ба гуфтаи Раззоқов, нисбат ба корманди милиса Хусрав Ниёзқулов мутобиқи банди 143-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (шиканҷа) иттиҳом пешниҳод шудааст, вале ӯ дар ҷараёни бозбинии аввалияи парванда ин гуноҳро ба гардан нагирифтааст.
Ҳамчунин, хабаргузории «Азия-Плюс» иттилои доғеро бо номи «Хабари шиканҷаи маҳбусон дар муассисаи ислоҳии №4» пахш кардааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, маҳбусони муассисаи ислоҳии №4-и воқеъ дар маҳаллаи Советскийи шаҳри Душанбе тавассути телефон аз латукӯби маҳкумшудагон хабар додаанд. Вале муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Илҳом Маҳмудов дар шарҳи ин хабар гуфтааст: «Дар муассисаи №4-и пойтахт вазъ ором буда, ҳеҷ кадоме аз маҳбусон латукӯб ё шиканҷа нашудааст ва ман дар ҳайратам, ки чаро дар матбуот ҳамарӯза ин қадар маълумоти носаҳеҳ пайдо мешавад».
Ниҳоят, ҳамин хабаргузорӣ иттилоъ медиҳад, ки дар назар аст барои ҳимояи ҷабрдидагон аз шиканҷа адвокатҳо омода карда шаванд. Гуфта мешавад, давраи таҷрибаомӯзии адвокатҳо барои кӯмак баҳри ҳимояи манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Институти ҷомеаи кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» доир гардид, ба итмом расидааст.