Нигаронӣ аз латукӯб дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон

Дар моҳи январи соли 2016 қазияи пурсарусадои латукӯб ва кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон аз дасти афсарони рус, ки чанд муддат боз ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, дигарбора расонаӣ шуд.

Санаи 15-уми январ хабаргузории «Озодагон» бо пахши матлабе таҳти унвони «Оғози мурофиаи се афсари рус барои қатли муҳоҷири тоҷик» хабар дод: «Мурофиаи се маъмури пулиси Русия, ки дар қатли Фаррух Урозов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, рӯзи 19-уми январ дар додгоҳи ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав оғоз меёбад».

Баъдан, рӯзи 20-уми январ торнамои Радиои «Озодӣ» гузориши муфассалеро бо номи «Мурофиаи парвандаи шиканҷа ва марги Фаррух. Рӯзи аввал»  ба нашр расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Додгоҳи шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав шоми 19-уми январ ба муҳокимаи парвандаи се афсари бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Солнечногорск Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев  бо иттиҳоми шиканҷа ва марги муҳоҷири тоҷик Фаррух Урозов шурӯъ кард. Дмитрий Пискунов, ҳуқуқшиноси Кумитаи пешгирӣ аз шиканҷаи Русия, ки дар ин мурофиа аз манфиатҳои наздикони ҷабрдида ҳимоят мекунад, рӯзи 20-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои «Озодӣ» гуфт, рӯзи аввали мурофиа ҳамагӣ 15 дақиқа давом кард».

- Додрас пеш аз ҳама ба ин далел, ки ҷузъиёти парванда метавонад ба духтари шашсолае, ки Урозов ба дастдарозӣ ба номуси ӯ гумонбар мешуд, осеби равонӣ бирасонад, мурофиаро пӯшида эълон кард. Сипас вакилони афсарони муттаҳам аз додгоҳ хостанд, ки парвандаро барои тафтиши дубора ба додситонӣ пас гардонад. Додгоҳ барои посух ба ин дархост ба айбдоркунандаи давлатӣ то 9-уми феврал фурсат дод ва рӯзи аввали мурофиа бо ҳамин анҷом ёфт,- гуфтааст Пискунов.

Наталя Чернишева, вакили яке аз 3 афсари пулис иддао намудааст, ки ҳукми ҳабси муваккили ӯро бар асоси як банди Кодекси ҷиноӣ содир кардаанд, вале дар ниҳоят алайҳи ӯ ду иттиҳом эълон шудааст ва ба ин далел тафтишот бояд аз сари нав анҷом шавад.

Аммо Илҳом Алихонов, бародари Фаррух Урозов гуфтааст, ки мақомот зоҳиран мехоҳанд бо пӯшида эълон кардани мурофиаи марги бародараш аъмоли афсарони пулисро пӯшонанд: “Бубинед, 4 афсари пулисро ба додгоҳ кашондаанд - ҳам ин се афсари бевосита гунаҳкор ва ҳам раҳбари бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Солнечногорскро. Ин кори андак нест. Мо ҳам он рӯз дар шуъбаи пулис дидем ва тайи се соате, ки дар роҳрав истодем, мешунидем, ки чӣ хел Фаррухро дар даруни ҳуҷра мекӯбанду вай нола мекунад. Ӯро маҷбур мекарданд, ки дастдарозӣ ба номуси духтари шашсолаи ҳамсояро ба гардан гирад. Вале ӯ гуноҳе надошт”.

Фаррух Урозов, ки он замон 39 сол дошт ва дар яке аз сохтмонҳои Солнечногорск ба ҳайси кафшергар кор мекард, шоми 17-уми сентябри соли 2014 бар асоси шикояти як зани ҳамсоя, ки ӯро ба таҷовуз ба номуси духтари шашсолааш айбдор карда буд, боздошт шуд. Ӯ шаби 18-уми сентябр, ҳанӯз то расидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар шуъбаи пулис даргузашт.

Илҳом Алихонов гуфтааст, ки то замоне гунаҳкорони марги бародарашро ба ҷазо нарасонанд, даст аз мубориза барои тантанаи адолат бар нахоҳад дошт: “Дар рӯзи аввали мурофиа вакилони он се афсар ба мо 250 000 рубл пешниҳод карданд, ки гиреду дигар даъвои товон накунед. Вале мо рад кардем. Ман талаб дорам, ки аз ин афсарони гунаҳкор барои ҳамсари 4 фарзанди Фаррух нафақаи муносиб бирӯёнанд. Ӯро охир зада-зада куштанд. Вақте ҷасадашро ба мо доданд, тамоми баданаш пур аз изи зарбу лат буд, дастонаш аз фишори дастбанд кабуд шуда буд, 13 қабурғаи Фаррухро зада шикаста буданд. Аз дидани ин ҳама моро даҳшат фаро гирифта буд”.

Бояд гуфт, ки Фаррух Урозов аз рустои Бобсафоли поёни собиқ колхози “Коммунизм”-и ноҳияи Фархор буда, писари калониаш ҳамагӣ дар синфи 5-ум таҳсил мекунад. Се духтари ӯ ҳанӯз ҳатто ба мактаб намераванд.

Дар моҳи январ расонаҳои ватанӣ оид ба мушкилоти даъвати ҳарбӣ низ баъзе матлабҳо интишор доданд. Санаи 15-уми январ торнамои NoTorture.Tj бо пахши як хабар таҳти унвони «Парванда нисбати духтурҳо барои ҷалби нафари бемор ба хизмати ҳарбӣ»  чунин иттилоъ дод: «Прокурутураи ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати Абдукарим Толибов, раиси комиссияи тиббии даъвати Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва Матлуба Самадова, табиби комиссияи тиббии Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Онҳо бо моддаи «Хунукназарӣ», барои Эмомиддин Холовро, ки аз бемории вазнини гурдаҳо азият мекашид, ба хизмати ҳарбӣ коршоям донистан айбдор карда мешаванд».

Қаблан «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки Эмомиддин Холови 21-сола моҳи феврали соли 2015 аз водии Рашт ба Душанбе омадаааст. Моҳи декабри соли гузашта ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки худро бад ҳис карда, ба Душанбе барои муоина омадааст. Барои рӯзгузаронӣ ва табобат Холов дар бозор ба равғанфурӯшӣ машғул будааст ва моҳи апрел ба «облава» афтидааст. Ӯро аз кӯча боздошта, ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бурдаанд.

Эмомиддин Холовро бо гурдаҳои бемор ба хизмат коршоям дониста, ба қисми ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ мефиристанд. Баъди ду ҳафта ӯро дар қисми тиббӣ хобонида, сипас ба госпитали ҳарбии маҳаллаи Калинин ва баъдан ба беморхонаи Қарияи Боло мефиристанд. Ахиран, моҳи сентябр ба бемористони шаҳраки тиббии пойтахт бурда, барояш билети ҳарбиро бо муҳри корношоям будан ба хизмат ба дасташ медиҳанд.

Зимнан, торнамои Faraj.tj рӯзи 27-уми январ хабаре бо номи «Хуҷанд: Дар коммисияҳои тиббӣ духтурон намерасанд»  пахш карда, иттилоъ дод, ки «дар як мизи гирд дар шаҳри Хуҷанд мавзуи «Бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ - пешомадҳо, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» бо ширкати созмонҳо, кормандони мақомот ва хабарнигорон баррасӣ шуд. Ин мизи гирд аз сӯйи созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, Иттифоқи волидайни сарбозони вилоят, Шӯрои ветеранҳои собиқадорони хидмати ҳарбӣ бо мусоидати молии хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид».

Ба навиштаи торнамо, Хуршеда Раҳимова, ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мусоидат ба идораи самарабахш дар ҷараёни бақайдгирии ибтидоии ҳарбии шаҳрвандон аз ҷониби шуъбаҳои минтақавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфтааст, ки ин лоиҳа дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ карда шуд ва дар доираи он барои омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбии мактабҳои ин шаҳру навоҳӣ раҳнамо чоп карда шуд: «Ҳамчунин, раҳнамо барои волидайн, духтурони комиссияҳои тиббӣ ва кормандони комиссириати ҳарбӣ чоп ва ба онҳо дастрас карда шуд».

Масъалаи таъмини ҳуқуқҳои маҳкумшудагон низ дар моҳи январи соли ҷорӣ яке аз мавзуҳои зиёд баҳсшаванда буд. Торнамои Faraj.tj санаи 15-уми январ бо номи «Тоҷикистон: Ба 720 нафар маҳбус кӯмаки ҳуқуқӣ расидааст» матлабе пахш кардаву аз баргузории як мизи гирд дар Маркази Исмоилияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳуқуқи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Натиҷа ва имкониятҳои минбаъда» хабар дод.

Ба иттилои торнамо, дар ин чорабинӣ Рустам Байбалаев - муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, Мачей Мадалинский - сардори шуъбаи кӯмаки техники намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Татяна Заиченко - муовини директори минтақавии дафтари DVV Intenational дар Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намудаанд.

- Гуфта шуд, ки баъд аз озод шудан аз ҷойҳои адои ҷазо, собиқ маҳкумшудагон ҳиссиёти дучониба доранд. Аз як тараф, ҳисси раҳоӣ ва озодӣ ҳузур дорад, аз тарафи дигар - тарс ва ноаёнӣ. Ин ашхос ба нофаҳмӣ аз тарафи атрофиён рӯ ба рӯ мешаванд, дар ҷустуҷӯи кор ва барпо намудани зиндагии шахсӣ ба мушкилиҳо дучор мегарданд. Бинобар ин, онҳо ба дастгирӣ ва кӯмаки муайян эҳтиёҷ доранд. Дар доираи лоиҳа зиёда аз 160 нафар занони маҳбус дар Муассисаи ислоҳии 3/8 шаҳри Норак баъд аз итмоми курсҳои таълими касбӣ доир ба дӯзандагӣ, қаннодӣ ороиши мӯй ва малакаҳои компютерӣ соҳиби касб ва шаҳодатномаҳои давлатӣ гаштаанд. Ба зиёда аз 720 нафар маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон кӯмаки ҳуқуқӣ, маслиҳатҳои равонӣ ва машваратҳо оид ба имтиёзҳои иҷтимоӣ ва талаботҳои бозори меҳнат барои мутобиқат ба ҳаёти иҷтимоии оянда пешниҳод шудааст. Чорабини мазкур дар доираи лоиҳаи дусола таҳти унвони «Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маданию маърифатии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагондар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд маблағгузорӣ мешавад, баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур дар шаҳрҳои Норак, Душанбе, Хоруғ, Хуҷанду Қӯрғонтеппа амалӣ гардид,- навиштааст торнамои мазкур.

Аммо, дар ҳамин ҳол, торнамои Радиои «Озодӣ» санаи 17-уми январ мақолаи таҳлилие бо номи «Зиндониҳо дар ҳошия - на кор ва на эътимод»  интишор дод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Фаъолони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз парлумон хостанд, ки барои ҳимояи иҷтимоии зиндониёни собиқ дар кишвар як қонуни махсус ва ҳамчунин қонуни ягонаи зидди табъиз қабул шавад. “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” - ташкилоти ҷамъиятие, ки рӯзи 15-уми январ дар Душанбе натиҷаҳои пажӯҳиши худро муаррифӣ кард, мегӯяд, нафароне, ки баъди хатми муҳлати ҳабс ба озодӣ мебароянд, аксаран бо масъалаи таъмини кор, набуди манзили зист ва ҳам мушкилоти равониву табъиз рӯ ба рӯ мешаванд. Низоми квотаҳои таъмини кор барои маҳбусони собиқ, ки аз ҷониби Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҳия шудааст, танҳо 4-5 дарсади маҳкумшудаҳои собиқро бо кор таъмин мекунаду халос. Ин таҳқиқот мегӯяд, даҳҳо зане, ки баъди адои ҳукми зиндон раҳо шудаанд, эътироф мекунанд, ки ҳавои озодӣ ба ҳеҷ сурат наметавонад доғи зиндонро аз обрӯи онҳо пок кунад, чун мардум ба ин қишри ҷомеа бо чашми таҳқир, тарс ва ҳам табъиз менигаранд».

Тавре Наргис ​Зокирова, раҳбари ин созмон гуфтааст, “дар натиҷа маълум шуд, ҷомеа нисбат ба афроде, ки пештар доғи судӣ гирифтаанд, бо ҳисси нобоварӣ нигоҳ мекунанд. Аз онҳо дурӣ меҷӯянд ва аз робита худдорӣ мекунанд”.

Муҳаққиқони мавзуъ инчунин аз рафтори номуносиби мақомоти интизомӣ дар маҳалҳо шикоят кардаанд, ки дар сурати сар задани кадом ҷиноят дар минтақаи зисти онҳо, пеш аз ҳама ангушти ишора ба сӯи ҷинояткорони собиқ дароз мекунанд ва аввал онҳоро мавриди бозҷӯӣ қарор медиҳанд.

Дар моҳи январ инчунин қазияи сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат марҳум Умар Бобоҷонов, ки ба қавли наздиконаш, маъмурони пулис ӯро барои ришаш латукӯб кардаанд, бозтоб ёфт. Торнамои NoTorture.Tj санаи 18-уми январ мақолаи таҳлилиеро бо номи «Моҳи панҷуми тафтишот: Гунаҳкорони марги донишҷӯ дар Ваҳдат эълон нашудаанд»  интишор дод.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «Озодагон» рӯзи 25-уми январ бо пахши матлабе таҳти унвони «Вазир: Риши касеро наметарошему сатреро намекашем»  навишт: «Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки “мо риши касеро наметарошем ва сатри касеро аз сараш намегирем”. Дар пасманзари хабари расонаҳои маъруфи ҷаҳон оид ба тарошидани риши сокинон аз сӯи милисаҳои тоҷик, Раҳимзода имрӯз, 25-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе риштарошию сатркаширо рад карда, таъкид намуд, ки дар ин масъала танҳо аз усулҳои фаҳмондадиҳӣ кор мегиранд. Раҳимзода ҳадаф аз корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ришдорҳою сатрдорҳоро таъмини амният арзёбӣ карда, илова намуд, ки ба ҳамин восита мутобиқати намуди зоҳирию шахсияташонро бо ҳуҷҷатҳо таъмин мекунанд. Дар мавриди Умар Бобоҷонов, донишҷӯи 23-солаи Донишгоҳи Санкт Петербург, ки ба иддаои наздиконаш барои риш аз сӯи кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат латукӯб шудаасту моҳи сентябри соли 2015 даргузашт, вазири умури дохилӣ изҳор дошт, ки Бобоҷоновро на ба хотири риш, балки барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт кардаанд».

Ниҳоят, санаи 28-уми январи соли 2016 торнамои NoTorture.Tj  мақолаи дигаре таҳти унвони «Дар Тоҷикистон ба қурбониёни шиканҷа кӯмаки барқарорсозӣ мерасонанд»  интишор дод.

- Ҳар сол ба марказҳои барқарорсозии ҷаҳон ҳудуди 35 000 нафаре, ки аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд, барои дарёфти кӯмак муроҷиат мекунанд. Дарди ҷисмониву руҳии онҳоро духтурҳо, ҳамшираҳои шафқат, равоншиносон, физиотерапевтҳо ва дигар кормандони тиббӣ сабук менамоянд. Айни замон дар Тоҷикистон чунин маркази барқарорсозӣ вуҷуд надорад, чун маблағи зиёд талаб мекунад. Аммо аз соли гузашта ин ҷониб Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар доираи фаъолияти Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба амалӣ намудани барномаи барқарорсозии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона оғоз кард,- аз ҷумла омадааст дар мақола.

NoTorture.Tj