Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯи саҳифаи матбуот омадани нигаронии як нафар судя дар охири моҳи августи соли 2015 гувоҳ аз мавҷудияти латукӯб дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон буд.
Ҳафтаномаи «Чархи гардун» дар шумораи №35 (991)-и худ аз аз 26-уми августи соли 2015 мақолаи судяи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе Маҳмадзода Хуршедро таҳти унвони «Суд низоми хизматро дар қисмҳои ҳарбӣ маҳкум мекунад» ба табъ расонид. Муаллиф нахуст дар бораи як ҳолати мушаххаси латукӯб навишта, баъдан иброз медорад:
«Латукӯб намудан, якдигарро теғ задан ва ҳатто якдигарро ҳалок кардани аскарони тоҷик дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон айёми охир ба ҳукми анъана даромада, миёни шаҳрвандон сарусадоҳои мухталифро ба вуҷуд овардааст ва албатта боиси нигаронист».
Ин ҳам дар ҳолест, ки аллакай аз аввали моҳ дар ин мавзуъ расонаҳои кишвар зиёд ахбору гузориш ва дигар матолиби журналистиро нашру пахш карданд.
Санаи 1-уми августи соли ҷорӣ торнамои Радиои «Озодӣ» хабаре бо номи «Панҷ соли маҳрумият аз озодӣ барои шикастани ҷоғи сарбоз
пахш карда, иттилоъ дод, ки Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд Субҳонбек Сафарзода - сарбози қисми низомии 08901, воқеъ дар шаҳри Чкалов (Шоҳкант)-ро барои зада шикастани ҷоғи яке аз ҳамхидматонаш барои панҷ сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Абдураҳим Бегзода, раиси Додгоҳи низомии гарнизони Хуҷанд гуфтааст, ки ин ҳодиса баҳори соли ҷорӣ рух дода, аммо ҳукми Сафарзода ба тозагӣ эълон шудааст. Ӯ теъдоди дақиқи сарбозони маҳкумшуда дар ним соли гузаштаро баён накарда, аммо гуфтааст, ки "ин сарбозон барои муносибатҳои ғайриоинномавӣ бо ҳамхидматон, яъне латукӯби наваскарон ва расонидани зарарҳои вазнини ҷисмонӣ ба онҳо айбдор шуданд".
Абдураҳим Бегзода дар идома афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир парвандаи пурсарусадои ҳалокати наваскар Фирдавс Раҳматовро дар қисми ҳарбии 04080 дар шаҳри Конибодом аз зарбу лати ҳамхидматонаш ба баррасӣ гирифтаанд.
Аммо чанде нагузашта, санаи 3-юми август худи ҳамин торнамо, яъне «Озодӣ» хабари таҳлилие таҳти унвони «Нуралӣ Ҳайдаровро парронданд, ё дар об ғарқ шуд?» пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Хонаводаи Нуралӣ Ҳайдаров, сокини ноҳияи Шаҳритус, мегӯянд, ҷасади фарзанди худро баъд аз якуним соли хидматаш дар қисми ҳарбии 2803-и Ишкошим гирифтаанд, ки ба қавли онҳо, гӯё аз пешонааш тир хӯрда, қисме аз рӯяш низ сӯхта будааст».
Мирзоалӣ Ҳайдаров, падари Нуралӣ гуфтааст, ки писараш баҳори соли гузашта ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда, чор рӯз пеш ҷасади беҷони ӯро як гурӯҳ аз низомиён ба хонаашон оварда супурдаанд: "Онҳо ҳатто нагузоштанд, ки чеҳраи писарам ба мардум нишон дода шавад. Фақат гуфтанд, ки гӯё дар об ғарқ шуда, ҷон додааст. Агар дар об ғарқ мешуд, ҷасад варам мекард".
Ин қазияро «Озодӣ» пайгирӣ кардаву санаи 11-уми август хабар дод, ки «ҷасади сарбози нерӯҳои марзбониро аз гӯр берун овардаанд» .
- Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи даъвои падари сарбоз Нуралӣ Ҳайдаров ҷасади ӯро аз қабр берун оварда, ташхис кардаанд,- менависад торнамо.
Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар номае ба унвони «Озодӣ» иллати марги Нуралӣ Ҳайдаров - сокини Шаҳритус ва сарбози қисми сарҳадбонӣ дар ноҳияи Ишкошимро ошкор кардааст. Дар ин нома гуфта мешавад, ки Ҳайдаров на ҳамон тавре, ки падараш иддао дорад, аз тир, балки баъди ғарқ шуданаш дар дарёи Панҷ ҷон додааст.
- Падари сарбози марҳум - Ҳайдаров Мирзоалӣ ба рӯзноманигор хабар додааст, ки дар пешонии писараш Ҳайдаров Нуралӣ захми тирро пайдо намудааст. Дар асоси талаби падари Ҳайдаров Нуралӣ, 7-уми августи соли 2015 бо қарори Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияи экспертӣ барои гузаронидани тафтишоти судию тиббӣ, криминалистӣ ва патологоанатомии (эксгумация) ҷасади Ҳайдаров Нуралӣ ташкил карда шуд. Ҳайати гурӯҳ аз кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, Прокуратураи ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон, Прокуратураи ноҳияи Шаҳритус, намояндагони Ҳукумати маҳаллӣ ва мутахассисони беморхонаи ноҳиявии Шаҳритус иборат буда, пас аз гузаронидани чорабиниҳои тадқиқотӣ ва санҷишӣ, ба чунин хулоса омадаанд, ки сарбози қаторӣ Ҳайдаров Нуралӣ ҳангоми ғарқ шудан дар об ҳалок гардидааст. Падари сарбоз Ҳайдаров Мирзоалӣ низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, шахсан ҷасади Нуралиро муоина намуд ва боварӣ ҳосил кард, ки дар тани писараш ягон нишони зӯроварӣ ва захми тир вуҷуд надорад ва дар натиҷаи ғарқ шудан дар об ҳалок гардидааст. Умуман, дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ муносибат байни хизматчиёни ҳарбӣ дӯстона буда, хизматчиёни ҳарбӣ бо сарулибос, пойафзол ва ғизо нисбат ба солҳои гузашта хубтар таъмин мебошанд,- аз ҷумла омадааст дар номаи ин ниҳод.
Вале, санаи 14-уми август хабаргузории «Озодагон» бо номи «Волидони сарбози гумшуда: Ин ҷасади писари мо нест» хабаре пахш кард, ки қазияро тобиши дигар дод.
- Волидони Нуралӣ Ҳайдаров, сарбози қисми ҳарбии 2803-и неруҳои марзбонии Тоҷикистон иддао доранд, ҷасаде, ки ахиран ба онҳо нишон дода шуд, фарзандашон нест. Мирзоалӣ Ҳайдаров, падари Нуралӣ гуфт, дар ҷасаде, ки мақомот рӯзи 7-уми август барои ташхис аз хок берун овард, нишонаҳои фарзандашро надид: “Вақте ҷасадро канданд, нишонаҳояшро кофтам, наёфтам. Ҷасади гӯршуда қади баланд дошт, пояш андозаи 45 буд, писари ман 39-40 мепӯшид ва қадаш дароз набуд”,- навишт ин торнамо.
Ҳуснигул Сулаймонова, модари Нуралӣ ҳам гуфтааст, ки “писарам зери каши дасташ холи сиёҳи гӯштӣ дошт, аммо шавҳарам гуфт, ҷасаде, ки аз хок бароварданд, он нишониро надошт. Гӯшҳои писари мо калон ва худаш бузургҷусса набуд, ки ин нишонаҳо ҳам дар ҷасади дафншуда дида нашуд”.
Бояд гуфт, ки Нуралӣ Ҳайдаров баҳори соли 2014 аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар Отряди сарҳадии “Ишкошим”-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хизмат мекард.
Дар моҳи августи соли ҷорӣ қазияи дигари марбут ба ҳаёти сарбозон, дақиқтараш мавзӯи маъюбии Шаҳбол Мирзоев боз расонаӣ шуд. Санаи 6-уми август хабаргузории «Озодагон» бо пахши хабар таҳти унвони «Шаҳбол Мирзоев ҷуброни зарари моддӣ ва маънавиро намегирад»
навишт, ки «коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори Додгоҳи ҳарбӣ дар мавриди пардохти 97265 сомонӣ зарари моддӣ ва 20000 сомонӣ зарари маънавӣ ба сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоевро бекор кард».
Ҳафтаномаи «Самак» низ дар ин маврид гузориши муфассале бо номи «Норозигии падари Шаҳбол ва адвокат аз ҳукми суд» (№33 (197), аз 12-уми августи соли 2015) ба нашр расонида, афзуд: «Дилшод Ҷӯраев, адвокат ва Нӯъмон Мирзоев, падари сарбози маҷруҳгардида Шаҳбол Мирзоев, ки бар асари «гӯштингирӣ» бо ҳамхизматаш сутунмуҳрааш шикаста, то ҳанӯз дар бистари беморист, аз ҳукми коллегияи низомии Суди Олии кишвар шадидан изҳори норизоятӣ намуда, аз болои ин ҳукм ба Суди Олии Тоҷикистон шикоят бурданианд».
Тавре адвокат Дилшод Ҷӯраев гуфтааст, ҳукми ахири Суди Олӣ, ки 6-уми август содир карда шуд, ноодилона буда, ҳеҷ гоҳ интизории чунин ҳукмро надоштаанд.
Ёдовар мешавем, ки Шаҳбол Мирзоев моҳи марти соли 2014 бар асари латукӯби шадиди як ҳамхизматаш маъюб гардид. Табибон гуфтанд, ки устухони миён ва гардани сарбоз ҷароҳат бардошта, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад. Барои латукӯби Шаҳбол Мирзоев, суд моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи қисми ҳарбиро барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва риоят накардани ойинномаи хидматӣ ба 1,5 соли кори маҷбурӣ маҳкум кард. Вале ин ҳарду баъди содир шудани ҳукм авф шуда, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш ёфт.
Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи август расонаҳои ватанӣ оид ба ҳаёти сарбозони кишвар мақолаҳои таҳлиливу тадқиқотӣ ба табъ расониданд. Масалан, ҳафтаномаи «Фараж» бо чопи мақолаи таҳлилӣ-тадқиқотии «Дедовщина», ё азияту ҷазоҳои навпайдо дар Артиши тоҷик» (№32 (453), аз 5-уми августи соли 2015), аз сатҳу сифати хизмати ҳарбӣ нигаронӣ намуд.
- Чаро волидони бо сад умед писаронашонро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ фиристода, ба фармондеҳон фарзандонашонро сиҳату саломат месупоранду мурдаашонро мегиранд? Чаро меҳтарсолорӣ ин қадар дар артиши миллӣ реша давонидааст? Охир, ҳама шаҳрвандони як давлат ҳастем, як дин дорем, забони ҳамдигарро мефаҳмем, вале бо якдигар чунин муносибат мекунем! Ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ дар бораи вуҷуди меҳтарсолорӣ дар воҳидҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста бонги изтироб мезананд. Додситони низомии гарнизони Суғд дар нишасти матбуотӣ, ки 11-уми июл баргузор гашт, инро эътироф намуда, гуфт, ки муносибатҳои ғайриоинномавӣ миёни сарбозони собиқадор ва наваскарон вуҷуд дорад. Чанде пеш Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон намоишгоҳи аксҳоро ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо шиканҷа бахшид. Он ҷо аз сарнавишти сарбозон Шаҳбол Мирзоев, ки аз сӯи ҳамхизматаш ҷароҳат гирифта, аз пойи равон маҳрум шудааст, Акмал Давлатов, Мансур Носиров, ки ҳангоми адои хизмати низомӣ бар асари бадрафторӣ ҷон нисор кардаанд, аксҳо гузошта шуд. Инак, ба ин рӯйхати қурбониёни шиканҷа дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон боз чор нафари дигар - Фирдавс Раҳматов, Аъзам Убайдуллоев, Абдуваҳҳоб Қаюмов, Парвиз Дӯстматов, ки ҳама ҷавону дар дил як ҷаҳон орзу доштанд, шомил шуданд,- таассуф хӯрдааст муаллифи мақола.
Ӯ матлабашро бо суханони модари сарбози марҳум Фирдавс Раҳматов - Дилором Раҳматова ҷамъбаст намудааст: «Хеле мехостам ба чашмони он се сарбози қотил нигариста, пурсам, ки чаро писари маро то мурдан заданд? Магар худи онҳоро модар таваллуд накардааст? Магар онҳо дар хонаи одам тарбия нагирифтаанд? Кадом модар онҳоро таваллуд карда, қотил ба воя расонидааст? Вале афсӯс, бо баҳонаи ҷараёни тафтиш ба ман барои дидор бо он қотилон иҷозат надоданд…».
Ҳафтаномаи «СССР» низ дар ин миён мақолае таҳти унвони «Солдати тоҷикро кӣ мекушад?» (№31 (360), аз 6-уми августи соли 2015) ба нашр расонид. Нашрия дар ин мақола аз марги сарбозон Фирдавс Раҳматов, Нуралӣ Ҳайдаров ва Абдуваҳҳоб Қаюмов ёдовар шуда, акси ин се нафарро низ дар саҳифа ҷой додааст. Ин расонаи чопӣ ҳамзамон сатҳу сифати хизмат дар даврони шӯравиро бо имрӯз муқоиса намудаву ба хулоса расидааст: «Онҳое, ки дар замони шӯравӣ хизмат кардаанд, мегӯянд, дар армияи СССР «дедовщина» вуҷуд дошт, миёни сарбозон нофаҳмию ҷангҳо мешуд, вале ҳеҷ вақт ба марги сарбозон, ё сахт захмдор шудани онҳо намеанҷомид».
Хабаргузории TojNews бошад, суол гузошт, ки «чаро Артиши Тоҷикистон дар ифшои қазияи марги сарбозон шаффоф нест?» .
- Соли равонро барои имиҷи артиши миллии Тоҷикистон соли бобарор набуд гӯем, хато нахоҳад буд. Танҳо дар тобистон ҷасади чаҳор сарбози суғдӣ - Фирдавс Раҳматов, Абдуваҳҳоб Қаюмов, Парвиз Дӯстматов ва Аъзам Убайдуллоевро ба волидайнашон таслим карданд. Хабари марги яке аз рӯи саҳифаи расонаҳо пок нашуда, дар бораи марги сарбози дигар менависанд. Охирон қазия марги сарбози шаҳритусӣ мебошад, ки волидайнаш ҳатто бовар надоранд, ки ҷасади таҳвилгирифтаашон ҷасади фарзандашон аст. Бахусус, баъди барои ташхис аз қабр берун кардани ҷасад волидайн гуфтаанд, ки он ба фарзандашон шабоҳат надорад,- навишт ин расона.
Моҳи августи соли 2015 қазияи пуровозаи маҳбус Садриддин Тошев ҳам, ки чандин муддат сарусадо ба бор оварда буд, дигарбора расонаӣ гардид. Санаи 24-уми август торнамои Радиои «Озодӣ» бо пахши хабаре таҳти унвони «Зиндонии "ҷанҷолӣ"-ро ба Қӯрғонтеппа намефиристанд» навишт: «Вакили мудофеи Садриддин Тошев мегӯяд, ки Додгоҳи Олӣ шикояти онҳоро баррасӣ карда, ба дархости онҳо барои интиқол надодани ӯ ба зиндони низомаш махсуси Қӯрғонтеппа ҷавоби мусбат додааст. Додгоҳи Олии Тоҷикистон амр додааст, ки Садриддин Тошев, яке аз зиндониёни ҷанҷолӣ дар кишвар ба маҳбаси низомаш махсус ба шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол дода нашавад».
Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли гузашта парвандаи Садриддин Тошевро бо иттиҳомоти "ба ҳам задани тартибот дар зиндон" ва "паҳн кардани иттилооти бардурӯғ" аз нав баррасӣ кард ва ҳукми 9 соли маҳрумият аз озодӣ ва адои ҳукм дар зиндони режимаш махсусро бетағйир гузошт. Аз ин пеш Садриддин Тошев ва як ҳамроҳи дигараш Суннатуло Ризоевро моҳи сентябри соли 2013 ба он гунаҳкор донистанд, ки аз даруни зиндон наворҳои бардурӯғеро дар бораи азобу шиканҷаи зиндониён нашр карданд. Дар ин видеоҳо, ки соли 2013 баъд аз марги Ҳамза Икромзода, як зиндонии тоҷик нашр шуд, чанд маҳбус, аз ҷумла Тошев баданҳои доғдори худро нишон дода мегуфтанд, ки ин осори латукӯби посбонони зиндон аст. Баъд аз инъикоси васеи видеоҳо дар матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ худи Садриддин Тошев моҳи августи соли 2014 дар як мусоҳиба дар ҳузури раҳбарони Раёсати зиндонҳои Вазорати адлия гуфт, ки видеоҳои шиканҷа "саҳнасозӣ ва дурӯғ" буд.