Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Номаи «ногаҳонӣ»-и Иззатулло Шарипов ба волидони маҳбуси фавтида Ҳамза Икромзода, рад шудани пардохти 10 ҳазор доллар ҷубронпулӣ ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ, шикояти кормандони як ресторани шаҳри Душанбе дар бораи латукӯб шудан аз ҷониби кормандони пулис ва боздиди раиси Шӯрои уламо аз маҳбаси Ёвон мавзӯъҳои муҳими марбут ба шиканҷа буданд, ки моҳи апрели соли 2013 дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар пахшу нашр гардиданд. Дар ҳамин ҳол қазияҳои дигаре низ тайи ин муддат аз тариқи ВАО инъикос шуданд.
1-уми апрели соли ҷорӣ радиои «Озодӣ» хабаре бо номи «Гуруснанишинии маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппа идома дорад» пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Як маҳбус аз зиндони Қӯрғонтеппа, бинобар латукӯб ва таҳқир дидан аз ҷониби кормандони маҳбас, даст ба гуруснанишинӣ зада, талаб дорад, ки Раёсати ислоҳии зиндонҳо ба арзи вай расидагӣ кунад. Муродҷон Раҳмонов, аз наздикони маҳбуси зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуҷаббор Раҳмонов, 1-уми апрел зимни тамос ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки бародараш беш аз як ҳафта боз даст ба гуруснанишинӣ зада, сарфи назар аз машварати пизишкони маҳбас, даст ба ғизо намебарад. Ба нақли Муродҷон Раҳмонов, чанд корманди маҳбас, аз ҷумла, майор Искандар Исматов тайи як моҳи охир ӯ ва дигар маҳбусонро латукӯб ва шиканҷаву таҳқир намудаанд ва ин аҳвол ҳамчунон идома дорад».
«Озодӣ» бо такя ба назари масъулини мақомот навиштааст: «Сухангӯи Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон Одинашо Муродов гуфт, ки вазъият дар маҳбаси Қӯрғонтеппа ором аст ва онҳо шикояту арзи маҳбусеро дар мавриди бадрафтории кормандони ин маҳбас дарёфт накардаанд».
Ҳамзамон ҳафтаномаи «Фараж» бо истинод ба ин хабар гузоришеро таҳти унвони «Абдуҷаббор Раҳмонов гуруснанишинӣ мекунад?» (№14 (331), 3-юми апрели соли 2013) ба табъ расонидаву назари ҳуқуқшиноси тоҷик Шӯҳрат Қудратовро дар матлабаш ҷой додааст: «Дар ҳақиқат, на ҳама вақт дар маҳкамаҳои СРИҶҶ ВА ҶТ ҳуқуқҳои маҳбусон аз тарафи кормандони ин муассисаҳо риоя мегарданд. Он арзу шикоятҳое, ки маҳбусон аз болои кормандони ин муассисаҳо мекунанд, на ҳамеша ба мақомоти дахлдор аз тарафи муассиса равон карда мешаванд. Он аризаҳое, ки ба прокуратура ё дигар мақомотӣ қудратӣ мерасанд, аз тарафи кормандони ин мақомот пурра, ҳаматарафа ва объективона баррасӣ карда намешаванд. Дар ин ҳолат нисбати ин гуна маҳбусон ва маҳбусоне, ки аз кормандони муассисаҳои ислоҳӣ риоя намудани ҳуқуқҳои худро талаб менамоянд, ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ истифода бурда мешавад. Ман боварии комил дорам, ки дар ин гуна муассисаҳо нисбати маҳбусон ҳам шиканҷа, латукӯб ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дида мешавад. Чунки муассисаи ислоҳӣ - ин як давлат дар дохили давлат мебошад. Ва гуруснанишинӣ эълон кардан аз тарафи маҳбус - ин як намуди эътироз нисбати шиканҷа мебошад. Чунки дар дигар ҳолатҳо ба дарди маҳбусон ҳеҷ кас намерасад».
Радиои «Озодӣ» инчунин 2-юми апрел бо номи «Додситонии вилояти Суғд алайҳи маҳбусон парванда боз кард» хабаре пахш кард. Ба навиштаи расонаи мазкур, маҳбусон Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев ба пахши «наворҳои дурӯғин» оид ба шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам шудаанд: «Масъулони Додситонии назоратии Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки дар таҳқиқи парвандаи пахши видеои баҳсбарангез роҷеъ ба шиканҷа шудани маҳбусон дар зиндони Хуҷанд ширкат доранд ва дар ин роҳ ба додситонии вилояти Суғд мадад мерасонанд. Муовини прокурори назоратии Додситонии кулли Тоҷикистон Рустам Азизов ин хабарро тасдиқ кард ва аммо гуфт, ки тафтиш идома дошта, то поёни он ҷузъиёти парванда ошкор нахоҳад шуд. Парвандаи мазкур аз тарафи Додситонии вилояти Суғд ифтитоҳ ёфтааст ва бо дархости он намояндагони расонаҳои ахбори умум, ки ин видеоро пахш кардаанд, бозпурсӣ шудаанд».
Ёдовар мешавем, ки ин ҷо сухан дар боби як навори тақрибан 1-соатаи видеоӣ меравад. Дар он маҳбусон бо навбат назди дурбин меоянд ва пас аз шиносонидани худ, пайи зарбаҳоро дар баданашон нишон медиҳанд. Ин навор дар моҳи декабр ба васоити ахбори омма дастрас гашт ва сарусадои зиёдеро ба вуҷуд овард. Бино бар парвандаи таҳқиқи он алҳол ду маҳбуси зиндони Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев ба «пахши баёноти барқасдонаи дурӯғин» ва «пахши хабаре, ки кори муассисаҳои ислоҳотиро бенизом мекунад», айбдор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар ин бора ҳафтаномаи «Озодагон» низ хабари кӯтоҳе таҳти унвони «Додситонӣ Қориро дар пахши «иттилои бардурӯғ» муттаҳам мекунад» (№13 (273), 3-юми апрели соли 2013) ба нашр расонд. Баҳриддин Тошев - падари маҳбус Садриддин Тошев дар сӯҳбат бо ин расона аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки «наход барои пахши иттилоъ дар ВАО парвандаи ҷиноӣ боз кунанд?».
Тавре қаблан хабар доштем, масъалаи пардохти ҷуброн дар мавриди қазияҳои марбут ба шиканҷа аллакай моҳҳои қаблӣ сари забонҳо буд. Аммо дар моҳи гузашта низ оид ба ин масъала хабарҳо паҳн гардиданд. Масалан, радиои «Озодӣ» 2-юми апрели соли 2013 «Наздикони Б. Шодиев аз ВКД 180 ҳазор сомонӣ ҷуброн хостанд» ном хабареро пахш кардаву дар идома навишт: «Наздикони Баҳромиддин Шодиев, як сокини Душанбе, ки ду сол қабл, пас аз боздошт аз сӯи маъмурони пулис фавтида буд, 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб карданд. Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда, пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт. Пайвандонаш мегӯянд, ки ӯ қурбони латукӯби кормандони милиса шуд. Модари Баҳромиддин Шодиев ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ариза навишта, талаб кардааст, ки Вазорати корҳои дохилиро водор кунад, то барои зарари воридаи маънавӣ, ба хонаводаи онҳо 180 ҳазор сомонӣ пардохт намояд».
Аммо аз пахши ин хабар муддате гузашту хабаргузории «Озодагон» бо номи «ВКД пардохти 10 ҳазор $-ро ба хонаводаи Сангов рад кардааст» гузорише пахш кард. Дар хабари мазкур аз ҷумла гуфта мешавад: «Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қарори додгоҳро дар мавриди пардохти 10 ҳазор доллар ҷубронпулӣ ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов рад кардааст. Тавре сухангӯи ВКД Маҳмадулло Асадуллоев ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ниҳоди онҳо аз болои қарори додгоҳ дар мавриди пардохти 46 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ба хонаводаи Сангов шикояти кассатсионӣ бурда, интизор дорад, ки ин қарор лағв хоҳад шуд».
Додгоҳи ноҳияи Сино аввали моҳи март қарор бароварда буд, ки Вазорати корҳои дохилӣ ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе, ки аз шиканҷаи маъмурони пулис фавтида буд, ҳудуди 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад. Он замон Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи хонаводаи Сангов, дар шарҳи ин қарор гуфта буд: «Ин бори аввал дар таърихи Тоҷикистон аст, ки додгоҳ барои татбиқи шиканҷа як ниҳоди қудратиро ба пардохти ҷубронпулӣ муваззаф кардааст».
Ин ҳама баҳс атрофи пардохти ҷубронпулӣ барои шиканҷа дар ҳолест, ки ҳоло ҳам сарусадо атрофи қазияи маҳбуси фавтида Ҳамза Икромзода идома дорад. Дар ин маврид хабаргузории TojNews 2-юми апрели соли 2013 таҳти унвони «Эътирози падари Ҳамза Икромзода» хабаре пахш кард, ки дар он гуфта мешавад: «Файзалӣ Икромов - падари Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки тирамоҳи соли гузашта дар маҳбаси шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид, мехоҳад ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳори эътироз кунад. Амиралӣ Икромов, бародари Ҳамза Икромзода дар ин бора ба TojNews иттилоъ дода, гуфт, падараш чанд рӯз пеш ҳуҷҷатеро имзо кардааст, ки ба гумони ғолиб, парвандаи ду нафар аз онҳое, ки дар қазияи куштори додараш муттаҳам мешаванд, қатъ карда мешавад».
Хабаргузории «Озодагон» 10-уми апрели соли ҷорӣ бо пахши хабари «Номаи «ногаҳонӣ»-и Иззатулло Шарипов ба волидони Ҳамза Икромзода» зикр кард: «Волидони Ҳамза Икромзода, ки соли гузашта дар маҳбасе дар Душанбе ҳалок шуд, мегӯянд, бо имзои Иззатулло Шарипов, муовини вазири адлия ва сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон нома дарёфт кардаанд. Дар ин нома гуфта шудааст, ки қазияи марги Ҳамза Икромзодаро Додситонии кулл пайгирӣ дорад ва ҳар суолу дархост бояд ба онҳо пешниҳод шавад».
Аммо муддате нагузашта, 15-уми апрел хабаргузории TojNews навишт, ки «Бародари Ҳамза Икромзодаро дар суд латукӯб карданд». Тавре дар хабар омадааст, «Амиралӣ Икромов, бародари маҳбуси ҳалокшуда, дар толори Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мавриди латукӯб қарор гирифта, модари Ҳамза Икромзодаро дар ҳузури судя Мирзоев таҳқир кардаанд. Дар ин бора худи Амиралӣ Икромов ба TojNews иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи вай, оилаи Икромовҳо бо даъвати суд 15-уми апрел ба Суди ноҳияи Сомонӣ ҳозир шуда, аз мурофиаи судии Маҳмуд Исмоилов, ки дар даст доштан дар қазияи марги маҳбус муттаҳам мешавад, огоҳ набудаанд».
- Мо намедонистем, ки он ҷо мурофиа аст. Моро даъват карданд, гуфтанд, соати 10:00 ба кабинети №4 биёед. Мо омадем, моро ба мурофиа дароварданд. Он ҷо аз 30 нафар ҳам бештар омада буданд. Маҳмуд Исмоилов паси панҷара хандида меистод ва ба мо гуфт, ки ҳар чӣ аз дастатон ояд, кунед. Мо гуфтем, ки адвокатмон нест, то 5-уми май баррасии парвандаро мавқуф гузоред. Бо ариза расман муроҷиат кардем. Судя Рустам Мирзоев аризаи моро ба инобат нагирифта, мурофиаро давом додан гирифт. Ман гуфтам, ки мо иштирок намекунем. Маро кашола карда, ба берун бароварданд. Модарам ҷанҷол бардошт. Ман хоҳиш кардам, ки модарамро аз толори суд берун кунам, аммо маро кашола карданд, дастам ҷароҳат бардошт. Як нафар, ба назарам, аз кормандони суд буд, галстук дошт, маро ба рӯям зад, - гуфтааст Амиралӣ Икромов.
Дар ҳамин маврид ҳафтаномаи «Чархи гардун» низ таҳти унвони «Бародари Ҳамза Икромзода: Дар суди Сомонӣ маро заданд» (№16 (867), 17-уми апрели соли 2013) гузорише ба табъ расонида, дар баробари инъикоси шикояти Амиралӣ Икромов ёдовар шудааст: «Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, ки дар ҷисми ӯ осори возеҳи латукӯб ва истифодаи шиканҷа аён будааст».
Баъдан хабаргузории TojNews ба мавзӯъ баргашта, 17-уми апрел бо номи «Вокуниши Шӯрои адлия ба латукӯби Икромзода дар суд» хабар пахш кард.
- Шӯрои адлияи Тоҷикистон ҳодисаи латукӯби Амиралӣ Икромов, бародари маҳбуси ҳалокшудаи маҳбаси №1-и шаҳри Душанберо дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ қонуншиканӣ хонд. Мавлуда Сатторова, муовини раиси Шӯрои адлия гуфт, ки дар бораи ҳодисаи латукӯби шаҳрванд Амиралӣ Икромов аз расонаҳо иттилоъ гирифтаанд ва дар сурати дастрас шудани шикояти хонаводаи Икромзодаҳо ва далелҳои латукӯби шаҳрванд, нисбати кормандони суд чораандешӣ хоҳанд кард, - омадааст дар хабар.
Ин ҳама дар ҳолест, ки 5-уми апрел хабаргузории «Азия-Плюс» бо номи «Тасдиқи Нақшаи миллии амал дар бахши ҳуқуқи инсон» хабар пахш карда, чунин иттилоъ дода буд: «Дар Тоҷикистон Нақшаи миллӣ оид ба амалисозии тавсияҳои кишварҳои узви Шӯрои СММ дар робита ба Гузориши универсалии марҳилавии ҶТ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2015 тасдиқ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҶТ хабар доданд, санади мазкур бо фармони президенти ҶТ аз 3-юми апрели соли 2013 ба тасвиб расидааст. Тибқи Нақшаи миллии амал дар бахши ҳуқуқи инсон, муддати се соли оянда Тоҷикистонро зарур аст, ки аз рӯйи 106 тавсияи қабулшуда кор кунад (5-тои онро Тоҷикистон аллакай амалӣ кард). Ин тавсияҳо аз андешидани чораҳои зарурӣ оид ба таъмини озодии матбуот, қабули тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, такмили низоми гирдоварӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ дар бораи муҳоҷирати корӣ ва таҳияи стратегияи миллӣ дар бахши муҳоҷират, кафолати озодии мазҳаб, таҳияву коркарди механизми мустақили баррасии шикояти афроди маҳкумшуда, минбаъд андешидани тадбирҳо баҳри беҳбуди имконоти муассисаҳои ислоҳӣ, таҳкими чорабиниҳои мубориза бо шиканҷа ва ғайра иборатанд».
Аммо ин хабар дар ҳоле пахш шуд, ки худи ҳамин рӯз, яъне 5-уми апрел радиои «Озодӣ» гузорише бо номи «Муллоҳо бологузар, ҳомиёни ҳуқуқ дар паси дар» пахш кард. Дар гузориш омадааст: «Боздиди гурӯҳе аз намояндагони Шӯрои уламои Тоҷикистон аз маҳбаси Ёвон суолеро ба миён овард, ки чаро муллоҳо метавонанд аз зиндонҳо боздид кунанд, вале ҳомиёни ҳуқуқи инсон не?».
Ба навиштаи расона, Ҷумъахон Футуров, муовини сарвари Раёсати ислоҳи ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, ки ин мулоқот тибқи барномаи махсус сурат мегирад. Он аз сӯи раёсат тарҳрезӣ шуда, ҳадафаш тарбияи маҳбусон аст: «Имрӯз сӯҳбат дар бораи қавонони динӣ буд. Мо дар маҳбасҳо масҷид дорем. Аз ин хотир, намояндагони дин барои дилбардории онҳо ва онҳоро огоҳ кардан аз дини ислом, ки дини сулҳу салоҳ аст, рафта буданд. Ин чорабиниҳо барои маҳбусон як тарбияи хуб мешавад».
- Бори дуюм аст, ки намояндагони Шӯрои уламо ва Кумитаи дини Тоҷикистон аз маҳбас дидан мекунанд. Моҳи декабри соли гузашта раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода бо маҳбусони зиндонҳои шаҳри Душанбе мулоқот карда, дар як мавъизаи намози ҷумъа дар масҷиди марказии пойтахт вуҷуди шиканҷаи зиндониёнро рад карда буд. ӯ хабарҳо дар бораи шиканҷаву зӯроварӣ дар маҳбасҳоро «иғвогарӣ» унвон кард, - навиштааст «Озодӣ».
Дар ҳамин замина, сомонаи интернетии nahzat.tj бо номи «Муҳиддин Кабирӣ: Набудани шиканҷа дар маҳбасҳо дурӯғ аст» хабар пахш кардаву навишт: «Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили маҷлиси намояндагон баъд аз шунидани шикояти Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода, қайд кард, ки онҳое мегӯянд, дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон шиканҷа вуҷуд надорад, дурӯғ аст, зеро худи президенти кишвар ҳам дар яке аз сӯҳбатҳояш гуфта буд, ки шиканҷаҳоро аз зиндонҳо бардоред. Ва агар шиканҷа дар кишвар вуҷуд намедошт, бо гуфтани ин ҳарфҳо раиси ҷумҳур чиро дар назар дошт?».
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» низ ин мавзӯъро ба баррасӣ гирифта, мақолае таҳти унвони «Раиси Шӯрои уламо дар маҳбаси Ёвон» (№15 (1006), 11-уми апрели соли 2013) ба нашр расонд. Ба андешаи муаллифи мақола Иззатбек Идизода, ҳеҷ инсони солимфикр ҷонибдори он нест, ки шахси ҷинояткор ҷазои сазовор нагирад, чун ҷинояткорон хонаеро мотамсаро ва шахсони бегуноҳро бо кирдорҳои ношоистаи худ ба ғаму кулфат гирифтор кардаанд. Аммо муносибат бо онҳо низ меъёр дорад.
- Шояд раиси Шӯрои уламо аз маҳбасҳои Қӯрғонтеппаю Хуҷанд низ дидан кардаву бо панду ҳикмат ва дуову дуруди худ ба онҳо таскин бахшад? Зеро дар маҳбаси Қӯрғонтеппа яке даст ба гуруснанишинӣ задаву дар Хуҷанд 59 зиндоние, ки бархе аз онҳо аз шиканҷа диданашон гила кардаанд, мавриди бозпурсии махсуси назорати маҳбасҳо қарор доранд, - изҳори умедворӣ кардааст муаллиф.
Аммо дар як матлаб таҳти унвони «Фаррух Рауфов: Дар маҳбасхонаҳо бо намояндагони Ҳизбуттаҳрир сӯҳбат доштем», ки рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба табъ расонидааст (№68 (607), 24-уми апрели соли 2013), муовини сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Рауфов оид ба боздиди намояндагони Шӯрои уламо аз маҳбасҳо андешаҳояшро зикр карда, ниҳоят гуфтааст: «Дар соли 2012-ум 9 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 10 нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқ оид ба шиканҷа тафтиш гардида, аз рӯйи онҳо қарорҳои қонунӣ қабул гардиданд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки радиои «Озодӣ» 13-уми апрел бо номи «Ҷӯрабой Бобоев як қадам ба адолат наздик шуд» хабар пахш карда, аз ҷумла, навишта буд: «Додгоҳ дар иртибот ба шикояти Ҷӯрабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев, ки гуфта мешавад дар натиҷаи шиканҷаи маъмурони пулис даргузаштааст, қарори додситониро бекор кард. Додгоҳ қарор кард, ки парванда дубора мавриди бозҷӯӣ қарор бигирад. Додситонии вилоят бозҷӯии пешакии парванди марги Исмонбой Бобоев дар маҳбасро ду соли пеш қатъ карда буд. Дар пайи саҳлангории мақомоти додситонии Суғд, муддати ду соли ахир барои баррасии ин парванда, Ҷӯрабой Бобоев, падари марҳум Исмонбой Бобоев бо кӯмаки Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикоят бурд ва талаб кард, ки ба фаъолияти ин ниҳод баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, расидагӣ ба қазия дубора аз сар гирифта шавад».
Бояд зикр кард, ки дар моҳи гузашта ҳолатҳои нави шикоят аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба миён омаданд. «Азия-Плюс» 18-уми апрел хабаре бо номи «Кормандони як ресторани пойтахтро намояндагони мақомоти қудратӣ латукӯб карданд» интишор дод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Кормандони ҷабрдидаи ресторани «Кебаб-Ҳаус» 18-уми апрел ба идораи хабаргузории «Азия-Плюс» омада, ин қазияро шарҳ додаанд. Ба гуфтаи Марат, пешхизмати тарабхона, нимашаб ҳангоме ки онҳоро (7 нафар) микроавтобус ба хонаҳояшон мебурд, дар назди беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон кормандони БДА ва дастаи милисаи таъиноти махсус (ОМОН) автомашинаи онҳоро нигоҳ медоранд. Сипас як корманди ОМОН аз онҳо ҳуҷҷат пурсида, баъди азназаргузаронии шаҳодатномаи ронандагӣ ва шиносномаи техникӣ, шиносномаи худи ронандаро талаб мекунад. Вақте ронанда мегӯяд, ки бо кадом асос аз ӯ шиносномаи шахсӣ талаб карда мешавад, корманди ОМОН бо тамоми қувва ба рӯи ӯ зарба мезанад ва фарёд мекунад, ки «ту ҳоло ҳуқуқҳоятро ҳам медонӣ?!». Сипас мили автоматро ба ҷониби ронанда рост кардааст. Ба қавли Марат, ошпази дар паҳлӯи ронанда нишаста кӯшиш кардааст, ки ба ҷанҷол хотима бахшад, вале корманди ОМОН бо пойҳояш ба латукӯби ӯ оғоз кардааст. Сипас қарор кардаанд, ки ба шӯъбаи милиса мераванд ва баъди чанд муддат дар ҳавлии сарди шӯъба қарор доштан, онҳоро ба беморхонаи табобати нашъамандӣ мефиристанд. Пас аз гирифтани натиҷаҳои манфии таъсири маводи алкоголӣ ва ё нашъадор, соати 4-и субҳ онҳоро ба хонаҳояшон рухсат медиҳанд. Рӯзи дигар, 18-уми апрел онҳо ба прокуратураи ноҳияи Сино нисбат ба амали ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ариза навиштаанд. «Он шаб мо ба худсарӣ ва қонуншикании комил дучор шудем ва мақомотро аз ин огоҳ карданием, то ки чораҳои зарурӣ андешида шаванд», - гуфтанд ҷардидагон.
Марбут ба ин қазия торнамои Би-би-сӣ ҳам 19-уми апрел гузорише нашр карда, роҷеъ ба ҷузъиёти дигари ҳодисаи мазкур чунин навиштааст: Миралӣ ва Фарҳод пешхидматҳои ин рестурон низ аз ҷумлаи қурбониёни ҳодисаи зӯроварии пулис дар ин ҳодиса будаанд. Миралӣ Исматов мегӯяд: “Замоне, ки пулис моро ба бахши пулиси ноҳияи Сино-2 бурд, мо гумон кардем, ки дар он ҷо ҳақиқатро муъайян мекунанд, вале вақте мо ба ин бино ворид шудем, ду корманди пулис бидуни ҳеҷ сухане ба латукӯби мо оғоз карданд ва тамоми шабро мо дар ин макон гузарондем.” Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки нерӯҳои иловагӣ дар роҳ ба манзури таъмини амният ва боздошти афроде будаанд, ки дар пайгарди қонунӣ қарор доранд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат ба Би-би-сӣ гуфт: “Дар ҷумҳурӣ оромӣ аст. Вале ҳамакнун як амалиёти вижае дар Тоҷикистон зери унвони “Тартибот” анҷом мегирад, ки ҳадаф аз он пайдо кардани афродест, ки бидуни сабт муддати тӯлонӣ дар Душанбе ба сар мебаранд. Яке дигар аз аҳдофи ин амалиёт пайдо кардани афроди нопадидшуда аст.” Сухангӯи вазорати кишвар гуфт, ки дар бораи ҳодисаи латукӯби чаҳор сокини Душанбе тавассути ин нерӯҳо дар шаби гузашта иттилоъ дар даст надорад.
Ҳолати нави дигар сарнавишти як сокини 34-солаи ноҳияи Ҳисор Нарзиқул Давлатов буд, ки онро ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар шакли сӯҳбат таҳти унвони «Нарзиқул Давлатов: Худро одамкуш намеҳисобам…» (№2 (330), 3-юми апрели соли 2013) ба табъ расонд. Номбурда, ки 10 соли маҳбасро дар Русия паси сар кардаву ба озодӣ баромадааст, воқеаро чунин қисса мекунад: «Мо дар қассобхонаи шаҳри Сходнаяи Маскав кор мекардем. Бегоҳӣ вақте аз кор баромадем, ду рафиқи дигарам, яке аз Ёвон ва дигарӣ аз Суғд, бо ман буданд. Соати шаш, торик буд, ба электричка савор шудем. Мо ду нафар дар танбур тамоку мекашидем. Ҷавони суғдӣ сигор намекашид, зеро нав 16-сола буд. Вай давида дар ҷои мусофирон шишт. Ҳамагӣ ду истгоҳ рафтем, ки аз вагони пеш шаш скинхед даромаданд. Мо вақт наёфтем, ки ҷавони суғдиро ҳимоя кунем. Скинхедҳо ба латукӯби ӯ сар карданд. Вақте расидем, дидем, ки Фарҳод беҳаракат хобидааст. Шаш нафар буданд. Яке аз онҳо ду метру 7 см қад ва 140 кг вазн дошт. Ҳар кадоми онҳо Фарҳоди ҷавон ва нимҷонро мезад. Вай дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд. Ман, ки қассобӣ мекардам, ҳамеша бо худ корд доштам. Ман ҳамон скинхедеро, ки аз ҳама бузургҷусса буд дар байнашон, 16 корд задам, афтид. Тоссари дигариро, ки худро болои тоҷикбача партофта, ӯро мезад, сар буридам. Кордро аз дасти ман ҳамроҳи ёвониям гирифт ва сеюмашро, ки аллакай мегурехт, зада афтонд. Яке аз онҳоро доштем, ки ҳамин вақт милисаҳо моро доштанд. Машинист зуд хабар додааст, дар истгоҳи дигарӣ моро милисаҳои ОМОН интизор буданд… Яке аз нафароне, ки мо куштем, ҷияни прокурори вилояти Маскав будааст. Ному насабаш Лисенко Сергей Анатолиевич буд. 26-уми марти соли 2002 ба маҳбас афтодам. Хуллас, мо ба маҳбасе афтодем, ки ҷойи шикастани одамони саркаш, чеченҳо, доғистониҳо буд. Мо ба ҷои наҳорӣ ҳар саҳар шатта мехӯрдем. Ҳар саҳарӣ таҳхона мебурданд, як соат латукӯб мекарданд, баъд наҳорӣ медоданд. Ҳар рӯз се маротиба латукӯб мекарданд. Шиканҷа медоданд, ки ягон гуноҳи дигарро ҳам ба гардан гирем…».
Аз ин матлаб маълум мегардад, ки дар Русия низ мавридҳои шиканҷа ва латукӯби маҳбусон вуҷуд дорад. Аммо гузорише, ки радиои «Озодӣ» 22-юми апрели соли ҷорӣ бо номи «Дар бораи тарҳи Омбудсман. «Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!» пахш кард, дигар чиз мегӯяд.
- Гузориши Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз вазъи 39 маҳбуси тоҷик дар шаҳри Екатеринбурги Русия, ки дар он аз набуди шиканҷа дар маҳбаси Русия изҳори қаноатмандӣ мешуд, суолҳоеро дар робита ба шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ва бархӯрди Омбудсмен ба онро халқ кард. Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон гуфт, ки дар моҳи сентябри соли гузашта аз маҳбусони тоҷик дар зиндони рақами 2-и шаҳри Екатеринбурги Русия дидан кард ва аз вазъи онҳо қаноатманд шуд. Бисёриҳо бо шунидани ин изҳорот ба ёди баёнияи дигари Омбудсман афтоданд, ки гуфта буд маҳбусон дар Тоҷикистон шиканҷа нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор гирифтани маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳамеша сархати расонаҳои хабарӣ мешавад, - навиштааст «Озодӣ».