Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
9-10-уми ноябр аз тарафи Гуруҳ оид ба мониторинг аз шумори кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар СИЗО-и шаҳри Қӯрғонтеппа мониторинг гузаронида шуд.
Баъд аз шарҳ додани ҳадафи ташриф, Гуруҳ ба муассиса бе монеа имкони вуруд ёфт.
СИЗO дар ҳудуди маҳбаси Қӯрғонтеппа ҷойгир аст. Бинои СИЗО соли 1939 сохта шудааст. Охирин таъмири асосӣ дар соли 2017 гузаронида шуда буд.
Ҳангоми мониторинг дар СИЗО 234 нафар қарор доштанд. Аз онҳо ду нафар ноболиғ (ҷинси мард), 6 зан ва 228 мард буданд. Барои ноболиғон ҳуҷраҳои алоҳида вуҷуд доранд, аммо онҳо аз ҷиҳати шароитҳо аз дигар камераҳо фарқ намекунанд.
Дар СИЗО қоидаҳои дохилӣ мавҷуданд, ки рӯйхатҳояшон дар роҳрав насб шудааст.
Тамоми ҳудуди СИЗО бо видеокамераҳои назоратӣ (ба истиснои камераҳо, маконҳои санитарӣ ва ҳавлии сайругашт) таъмин карда шудааст.
Дар ҷараёни суҳбат бо сардори СИЗО маълум шуд, ки моҳи феврали соли 2017 ӯ аз СРИҶҶ ВА ҶТ дар он хусус мактуб гирифтааст, ки давоми сол мониторинги муассисаи мазкур гузаронида хоҳад шуд.
13 нафар боздоштшудагони дар СИЗО қарордошта пурсида шуданд: се зан, ду ноболиғ ва 8 мард. 8 пурсидашудагон дар мақоми айбдоршаванда буданд, 3 нафар маҳкумшуда ва 2 гумонбаршуда. Ҳафт нафар пурсидашудагон дар СИЗО аз 1,5 то 3 моҳ ва се нафари дигар аз 6 то 8 моҳ қарор доштаанд. Ҳамчунин, 6 нафар кормандони СИЗО, бо шумули сардори он пурсида шуданд. Дар камераҳо, қисми тиббӣ, нуқтаҳои санитарӣ ва ошхона мушоҳида гузаронида шуд.
Ҳамаи пурсидашудагон ҷавоб доданд, ки дар рӯзи расонидани онҳо ба СИЗО шаҳодаткунонии тиббиро, ки аз ҷониби духтур, бародари тиббӣ/ҳамшираи шафқат ва фелдшер амалӣ шудааст, гузаштаанд.
Ҳеҷ яке аз мусоҳибони пурсидашуда ба амали физикӣ ё психологӣ дучор нашудааст, ҳангоми ворид шудан ба СИЗO ва замони дар муассиса қарор доштанашон, дар бадани онҳо зарари ҷисмонӣ мушоҳида нашудааст.
Пурсидашудагон ҳуқуқ ва вазифаҳои худро медонанд.
Прокурор дар як моҳ 2-4 маротиба аз СИЗО дидан мекунад.
Дар СИЗО китобхона ва телевизор вуҷуд надорад.
Барои қабули аризаву дархостҳо қуттӣ гузошта шудааст. Ҳангоми зарурат қаламу коғаз расонида мешавад.
Васоили махсус дар шакли дубинка (дар СИЗО ду намуди воситаи махсус вуҷуд дорад: дубинка ва завлона) ва қувваи ҷисмонӣ нисбати шахсони нигоҳдоришаванда истифода нашудааст. Завлонаҳо ҳангоми аз СИЗО баровардан истифода бурда мешаванд.
Кӯмаки тиббӣ аз ҷониби духтур, бародари тиббӣ/ҳамшираи шафқат ва фелдшер расонида мешавад.
Барои вайрон кардани қоидаҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ дар солҳои 2016-2017 ду нафар (мардон) дар ҳуҷраи ҷаримавӣ ҷойгир карда шудаанд: яке аз онҳо дар соли 2016 ба муддати як рӯз, дигарӣ давоми 10 рӯз дар соли 2017.
Дар камераҳо аз меъёр зиёд нигоҳдории ашхос мушоҳида нашуд. Ҳамаи тирезаҳо панҷара доранд. Барои бе мушкилӣ хондану навиштан рӯшноӣ кофист. Таҷҳизоти ҳавокашӣ вуҷуд дорад. Гармидиҳӣ электрикист. Камераҳо бо оби хунук таъминанд, ҳоҷатхона вуҷуд дорад.
Катҳо оҳанин ва дуқабатаанд. Ҳамаи катҳо ҷойхобу рӯйпӯш доранд. Рӯйпӯшҳо ҳар ҳафта як маротиба иваз карда мешаванд.
Дар камераҳо дар бораи ҳуқуқ ва вазифаҳои боздоштшудаҳо ва рӯйхати ашёҳои иҷозатдодашуда иттилоот ҷой дода шудааст. Сачоқ, коғази ташноб, хокаи дандоншӯӣ, шётка ва собун вуҷуд дорад. Камераҳо бо қуттиҳо барои ашёҳои шахсӣ таъминанд.
Тугмаи занг мавҷуд нест.
Картсер як ҳуҷраи 2,5х3 метри мураббаъ бо кати оҳании амудӣ барои хоб бо ҳаҷми 180x80 дорад. Як ҳавлии сайругашт дар СИЗО барои калонсолон ва ноболиғон дар бинои он ҷойгир аст, ки 2,5 ба 10 метрро фаро мегирад. Фарши ҳавлии сайругашт бетонӣ буда, девори периметрӣ дорад. Дар ҳавлии сайругашт паноҳгоҳ аз борон ва офтоб мавҷуд нест. Қисми болоии ҳавлии сайругашт панҷараи арматурӣ дорад. Дар ҳавлии сайругашт камераи назоратӣ ва таҷҳизоти варзишӣ нест.
Ҳуҷраи шустушӯй дар дохили СИЗО қарор дорад ва дар он 22 нафар метавонанд оббозӣ кунанд. Дар шустушӯйхона собун ва рӯшноӣ ҳаст. Оби гарм вуҷуд дорад.
Ошхона дар СИЗО дар бино, дар ҳолати қаноатбахш қарор дорад. Таҷҳизоти ошхона тоза аст. Номгӯи хӯрок дар тахта ва дар ҳуҷҷатгузорӣ мувофиқат мекунад. Хӯрок хушхӯр асту бӯйи таббиӣ дорад.
Ҳуҷраи тиббӣ дар СИЗO вуҷуд дошта, дар ҳолати қаноатбахш қарор дорад. Ҳуҷраи тиббӣ бо кати тиббӣ, тарозуи вазнкашӣ, қадченкунак, дорудон барои ёрии аввалияи тиббӣ, тонометр, фонендоскоп ва ҳароратсанҷ муҷаҳҳаз аст. Дигар мавод ва таҷҳизот вуҷуд надорад. Тахтаи иттилоотӣ дар ҳуҷраи тиббӣ мавҷуд нест. Қайд кардан зарур аст, ки айни замон аз ҷониби ташкилоти байналмилалии «Каритас» таъмири қисмҳои тиббии СИЗО гузаронида шуда, таҷҳизоти нави тиббӣ харидорӣ гардидааст.
Умуман, шароитҳои СИЗО қаноатбахшанд, камбудиҳои назаррас ва тавсияҳо вуҷуд надоранд.
Бо гузориши пурра дар бораи натиҷаҳои боздид аз СИЗО-и шаҳри Қӯрғонтеппа моҳи марти соли 2018 шинос шудан мумкин аст.
Ба андозаи 1,5 метр пӯшонидани қисми болоии ҳавлии сайругашт бо мақсади муҳофизат кардан аз офтоб ва боришот;
Дар ҳавлии сайругашт насб кардани видеокамераи назоратӣ.
Маълумот: Гуруҳ оид ба мониторинг бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2013 таъсис ёфта, дар асоси Низомнома фаъолият мекунад. Ба ҳайати Гуруҳ оид ба мониторинг намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва ТҶ «Авеста» дохил мешаванд.