Мақомоти корҳои дохилӣ дар оинаи ҷомеа

Мақомоти корҳои дохилӣ дар оинаи ҷомеа

Аз 12 то 24 феврал дар Тоҷикистон мониторинги ҷамъиятии фаъолияти мақомоти милитсия гузаронида мешавад.

«Дар доираи ин чорабинӣ ҷанбаҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор мегиранд, аз ҷумла, дастрасӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ, фаъолияти хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва кори «телефонҳои боварӣ»-и милитсия. Мониторинги ҷамъиятӣ дар кишвари мо ҳамзамон бо раванди оғозшудаи ислоҳотимақомоти корҳои дохилӣгузаронида мешавад. Мутобиқи Стратегияи ислоҳотимилитсия, мақомоти мазкур бояд ба ҷомеа наздиктар шавад. Мо аз рӯйи натиҷаҳои мониторинг як қатор тадбирҳоро пешниҳод месозем, ки барои расидан ба мақсаду вазифаҳои Стратегияи ислоҳотимилитсия равона шудаанд», - иброз дошт Сергей Романов, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон».

Номбурда афзуд, ки дар давоми моҳи феврал ҳамзамон бо Тоҷикистон мониторингҳои ҷамъиятии фаъолияти мақомоти пулис (милитсия) дар Русия, Укроин, Белорус, Арманистон ва Молдова гузаронида мешаванд. «Дар моҳи декабри соли 2012 коршиносони масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон бо дастгирии Сафорати Бритониё дар Укроин таҳлили заминаҳои меъёрии миллию байнулмилалиро гузаронида, талаботи ҳадди ақалро омода карданд, ки ба он кормандони мақомоти корҳои дохилии ҳар як аз ин кишварҳо бояд мутобиқ бошанд. Дар асоси ин талабот алгоритми ягонаи мониторинги шӯъбаҳои пулис ва ҳайатҳои нозирони пулис омода карда шуд. Ба ин тариқ, фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бори нахуст аз василае истифода мекунанд, ки тавассути он вазъи риояи ҳуқуқи инсон аз ҷониби пулис (милитсия)-и кишварҳои гуногун мавриди муқоиса ва арзёбӣ қарор мегирад», - мегӯяд Романов.

Яке аз ташаббускорони лоиҳа - Вадим Пивоваров, сарвари Анҷумани нозирони укроинии риояи ҳуқуқи инсон дар фаъолияти мақомоти қудратӣ мегӯяд, пулис дар навбати аввал бояд вазифаи хидматрасониро иҷро кунад, ҳамзамон дар назди ҷомеа посухгӯ ва шаффоф бошад. «Дар миқёси байнулмилалӣ яқ қатор санадҳое қабул гардидаанд, ки фаъолияти пулисро дар ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд танзим мекунанд. Ин санадҳо ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти пулис, стандартҳои муносибат бо дастгиршудагон, усули гузаронидани тафтишот ва ғайра дахл доранд. Бинобар ин, тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ, стандартҳои ҳадди ақали фаъолияти пулис вуҷуд доранд. Шаҳрвандони ҳар як кишваре, ки дар қаламрави он санадҳои дахлдори байнулмилалии марбут ба пулис пазируфта шудаанд, ҳуқуқ доранд, аз ҳукумати худ мутобиқати фаъолияти пулис ба ин стандартҳоро тақозо кунанд. Яке аз мақсадҳои асосии ин мониторинг санҷидани он мебошад, ки то кадом андоза пулис дар кишварҳои мо омода аст, ба манфиати инсон кор кунад, на бар зарари он», - мегӯяд Пивоваров.

Аз рӯйи натоиҷи мониторинги гузаронидашуда системаи назорати байнулмилалии фаъолияти пулис тарроҳӣ карда мешавад. Талаботи универсалии таҳиякардаи коршиносон ва алгоритмҳои дар амалия татбиқшудаи мониторинг ба роҳнамои назорати ҷамъиятии пулис ворид карда мешаванд, ки баҳори соли 2013 таҳия ва нашри он дар назар аст.

Маълумот: Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» созмони ҳомии ҳуқуқ буда, аз гурўҳи адвокатҳои дорои иҷозатнома ва ҳуқуқшиносон иборат мебошад, ки манфиатҳои аҳли ҷомеаро ҳимоя мекунанд.

NoTorture.Tj, 13-уми феврали соли 2013.

 

Фаъолони ҷамъиятӣ кори милитсияро санҷиданд

Дар Тоҷикистон аз 12 то 24 феврал мониторинги ҷамъиятии фаъолияти мақомоти милитсия гузаронида шуд.

Зимнан беш аз 30 раёсату шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ш.Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ ба мониторинг фаро гирифта шуданд.

Чӣ тавре ки ба NoTorture.Tj сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» Сергей Романов иттилоъ дод, дар доираи ин чорабинӣ ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла, дастрасӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ (вуруд ба қисми навбатдорӣ, мавҷудияти роҳравҳои махсус барои одамони имконияташон маҳдуд), мавҷудияти маълумот барои шаҳрвандон оид ба рақамҳои «Телефони боварӣ» ва ё «Тамоси фаврӣ»-и мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар бораи қоидаҳои қабул, бақайдгирӣ ва баррасии аризаҳо, оид ба рақамҳои телефони сардорон ва ҷадвали қабули шаҳрвандон, мавҷудияти китоби сабти шикоятҳо, муносибати навбатдорон бо шаҳрвандон (оё зимни гуфтугӯ худро муаррифӣ мекунанд) ва ғайра мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Ҳамзамон мониторинги фаъолияти хадамоти назоратию посбонӣ ба омӯзиши омодагии кормандони он дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ (мавҷудияти таҷҳизоти зарурӣ, омодагии вокуниш ба ҳуқуқвайронкунӣ), имкони шинохти корманди хадамоти назоратию посбонӣ (мавҷудияти корти шиносоӣ ва нишона) равона гардида буд.

Ба ҳайси ҷанбаҳои мусбат бояд зикр кард, ки дар даромадгоҳи ШВКД назорати видеоӣ вуҷуд дорад, муносибати эҳтиромонаи кормандони қисмҳои навбатдорӣ нисбат ба аҳолӣ ва фаъолони ҷамъиятӣ зимни гузаронидани мониторинг, инчунин пешниҳоди маълумот оид ба тартиби қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти ШВКД ва ҷойгиршавии хадамоти гуногун, аз ҷумла, тиббӣ мушоҳида гардид. Масалан, дар вилояти Суғд зимни муроҷиат ба қисми навбатдорӣ, корманди он ба осонӣ маълумотро ҳам ба забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва ҳам ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ пешниҳод карда тавонист, ки бо назардошти имкони муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ ба ШВКД-ҳои минтақавӣ намунаи хуби фаъолият мебошад.

Натиҷаҳои мониторинг муайян карданд, ки дар пештоқи биноҳо овезаҳои «Милитсия» вуҷуд доранд, аммо зимни наздикшавӣ ба онҳо на ҳамаи РВКД ва ШВКД-ро метавон зуд пайдо кард, зеро дар кӯчаҳои шафат аломатҳои ишоратии макони ҷойгиршавии ин муассисаҳо таъмин нагардидаанд.

Дар тамоми ШВКД-ҳо нуқтаҳои бозрасию иҷозатдиҳӣ вуҷуд доранд, ки ҳар як шахси муроҷиаткардаро тафтиш ва сабтином мекунанд. Дар робита қайд гардидааст, ки ин амал зимни бо аризаҳо муроҷиат кардани шаҳрвандон мушкилоту монеаҳо эҷод мекунад.

Дар ягон даромадгоҳи ШВКД-ҳо роҳравҳои махсус барои одамони имконияташон маҳдуд вуҷуд надоранд, ки барои ин гурӯҳи шаҳрвандон зимни муроҷиат ба қисми навбатдорӣ ҷиҳати пешниҳоди ариза монеа эҷод мекунад.

Дар ш.Душанбе, ВМКБ, вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ дар даромадгоҳ ё долони бинои ШВКД маълумот оид ба фаъолияти «Тамоси фаврӣ» ва рақамҳои телефони он вуҷуд надорад. Ба ҷуз ин, ҷадвалҳои иттилоотӣ оид ба қоидаҳои қабули шаҳрвандон низ мавҷуд набуданд. Танҳо дар вилояти Суғд маълумот дар бораи «Тамоси фаврӣ» қариб дар ҳамаи ШВКД-ҳо дастрас буд (ба истиснои ш.Конибодом, Исфара ва ШВКД-и соҳили рости Хуҷанд).

Дар тамоми ШВКД-ҳое, ки нозирон аз онҳо боздид карданд, маълумот оид ба рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти ин мақомот овехта шудааст. Аммо дар ҳамаи шӯъбаҳои милитсия китоби сабти шикоятҳо вуҷуд надорад ва ё он, ба гуфтаи кормандон, танҳо дар ихтиёри шахсони мансабдори қисмҳои навбатдорӣ буда, дар ҷойҳои барои шаҳрвандони муроҷиаткунанда дастнорас нигоҳ дошта мешавад.

Кормандони қисмҳои навбатдорӣ зимни муроҷиати шаҳрвандон худро муаррифӣ намекунанд, аммо муносибаташон эҳтиромона аст. Онҳо ба тамоми шаҳрвандони муроҷиаткарда машварат ва шарҳи дархостшударо пешниҳод месозанд. Дар баъзе ШВКД-ҳои вилояти Суғд кормандони қисмҳои навбатдорӣ корти шиносоӣ доштанд, ки дар рӯйи он ному насабашон навишта шудааст, аммо дар минтақаҳои дигар танҳо нишонаҳои фулузӣ доштанд.

Бояд гуфт, ки дар назди қисмҳои навбатдорӣ ҳуҷраи ҷудогона барои қабули шаҳрвандон вуҷуд надорад.

Вобаста ба фаъолияти хадамоти назоратию посбонӣ қобили зикр аст, ки либоси кормандони он аксаран ба вазъи ҳаво дар рӯзи мониторинг мувофиқ буд. Дар вилояти Суғд ба мушоҳида расид, ки дар фасли зимистон якчанд корманд либоси тунук доштанд. Дар сари дили кормандон нишона ва дигар аломатҳои муайянкунанда вуҷуд надоштанд, танҳо навиштаи тааллуқ ба қисмҳои хадамоти назоратию посбонӣ мушоҳида гардид. Ба ғайр аз ҳуштак ва калтаки резинӣ, дар ихтиёри онҳо таҷҳизоти дигар (масалан, дастгоҳи махсуси иртибот) ба назар нарасид.

Воситаҳои нақлиётии хадамоти назоратию посбонӣ дар Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мушоҳида шуданд, вале муайян кардани шаҳр ва шӯъбае, ки нақлиёти мазкур ба онҳо тааллуқ доранд, аз рӯйи аломатҳои хос ғайриимкон буд. Танҳо бо назардошти рақами охири мошин, дар кадом минтақаи кишвар ба қайд гирифта шудани воситаи нақлиётӣ муайян гардид. Аммо дар вилояти Суғд ба назар расид, ки мошинҳои хадамоти назоратию посбонӣ нишонаҳои муайянкунандаи тааллуқ ба ШВКД-ҳои минтақавиро доштанд. Ҳамчунин мушоҳида гардид, ки ин воситаҳои нақлиётӣ аз ҷониби кормандони БДА мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи Сергей Романов, гузаронидани мониторинг муайян кард, ки дар ШВКД-ҳои минтақавӣ бояд маълумоти бештар оид ба телефонҳои «Тамоси фаврӣ», ки дар назди ВКД фаъоланд, ҷойгир карда шаванд. Ҳамчунин бояд намунаҳои арзу шикоятҳо овехта шаванд ва маълумот ба забонҳои дигар, аз ҷумла, русию ӯзбекӣ низ таъмин гардад, дастрасии шахсони имконияташон маҳдуд ба қисмҳои навбатдорӣ тавассути сохтани роҳравҳои махсус (пандус) ва ташкили шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад, имкони озоди навиштани андешаҳои шаҳрвандон дар китобҳои сабти шикоятҳо ва пешниҳодот муҳайё гардад.

Сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон аз гузаронидани мониторинги ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ кард: «Мо ба ВАО натиҷаҳои пешакии кори худро алъон пешниҳод месозем. Аммо натоиҷи пурраи мониторинг дар ҳисоботе инъикос мегардад, ки интишори он моҳи апрели соли 2013 дар ҳамдастӣ бо шарикон аз Федератсияи Русия, Укроин ва Молдова ба нақша гирифта шудааст».

NoTorture.Tj, 6-уми марти соли 2013.