«Мониторинги таъсири КМҶ-и нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риояи ҳуқуқи инсон зимни татбиқи адолати судии ҷиноятӣ»

«Мониторинги таъсири КМҶ-и нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риояи ҳуқуқи инсон зимни татбиқи адолати судии ҷиноятӣ»

Фонди ҷамъиятии «Нотабене» 

Мақсадҳои лоиҳа: 1. Ноил шудан ба ҳамоҳангии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ. 2. Мониторинги таъсири КМҶ-и нав ба риояи ҳуқуқи инсон зимни татбиқи адолати судии ҷиноятӣ. 3. Баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи намояндагони касбҳои ҳуқуқӣ оид ба меъёрҳои байнулмилалӣ дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ. 

Фаъолият:

  1. Таҳлили қонунгузории миллӣ дар соҳаи пешбурди мурофиаҳои судии ҷиноятӣ аз рӯйи мутобиқат ба меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа, ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, инчунин ҳуқуқ ба мурофиаи судии одилона
  1. Таҳияи роҳнамо (дастур) дар бораи ҳуқуқ ба мурофиаи судии одилона
  1. Мониторинги таъсири КМҶ-и нав ба риояи ҳуқуқи инсон зимни татбиқи адолати судии ҷиноятӣ

Дурнамои лоиҳа: Лоиҳа бадурнамои ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣҷиҳати пешгириитакрори фаъолиятҳои ҳамдигарӣ, инчунин фарогирии ҳарчи бештари фаъолиятҳо оид ба масоили такмили қонунгузорӣ ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ асос ёфтааст.

Таҳлили қонунгузории миллӣ аз рӯйи мутобиқат ба меъёрҳои байнулмилалии адолати судии ҷиноятӣ

Баъд аз қабули КМҶ-и нав ва ислоҳоти қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ, намояндагони ташкилотҳои байнулмилалӣ ва миллӣ таҳлили қонунгузории миллиро гузарониданд. Аз ҷумла, Анҷумани Амрикоии ҳуқуқшиносон (ABA ROLI) 9 мизи мудаввар дар шаҳри Душанбе гузаронид, ки дар онҳо беш аз 120 нафар иштирок карданд: судяҳо, ҳимоятгарон, кормандони прокуратура ва мақомоти ВКД. Мизҳои мудаввар ба таҳлилу баррасии КМҶ ва омодасозии тавсияҳо оид ба такмили он равона гардиданд. Аз ҷониби Анҷумани Амрикоии ҳуқуқшиносон маҷмӯи пешниҳодот ба қонунгузории ҶТ - «Масоили истифодаи КМҶ ҶТ ва тавсияҳои амалӣ» омода гардид, ки рӯзҳои 29-уми феврал ва 1-уми марти соли 2012 дар Душанбе зимни конфронси «Ҳамоҳангсозӣ ва инкишофи Муқаррароти Қонунгузории Мурофиавии Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифт.

Дар ҷараёни амалисозии лоиҳа таҳлили қонунгузории миллӣ дар се самти асосӣ гузаронида шуд:

- ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф;

- ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ;

- ҳуқуқ ба мурофиаи судии одилона.

Аз рӯйи натиҷаҳои таҳлил тавсияҳои дахлдор омода карда шуданд (бо матни таҳлили қонунгузорӣ ва тавсияҳои таҳияшуда дар сомонаи ташкилот - www.notabene.tj шинос шуда метавонед). Айни замон дурнамои пешбарии тавсияҳо барои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешавад:

- маҷмӯи пешниҳодот ба гурӯҳҳои кории дахлдори Ҳукумат ва Парлумони кишвар супорида мешавад;

- дар ҳамдастӣ бо Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон пешниҳодот ба лоиҳаи қонун дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ таҳия карда шуданд (бо матни он дар сомонаи ташкилот - www.notabene.tj шинос шуда метавонед);

- аз рӯйи натоиҷи тавсияҳои бадастомада дар ҳамдастӣ бо ҳимоятгарони Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» дархостҳои конститутсионӣ оид ба номутобиқати меъёрҳои қонунгузории миллӣ дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва стандартҳои байнулмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таҳия карда шуданд;

- тавсияҳо инчунин ба гузоришҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мавриди иҷрои Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Конвенсияи зидди шиканҷа ворид карда мешаванд.

Таҳияи роҳнамо (дастур) дар бораи ҳуқуқ ба мурофиаи судии одилона

Дар доираи лоиҳа Роҳнамо оид ба истифодаи воситаҳои байнулмилалии ҳуқуқ ба мурофиаи судии одилона (маълумотнома барои ҳуқуқшиносони амалкунанда) таҳия карда шуд. Дастур ба 4 бахш тақсим гардидааст: ҳуқуқҳои тосудӣ, мурофиаи судӣ, ҳуқуқҳои баъдисудӣ ва таҷрибаи Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз рӯйи иттилооти инфиродӣ тибқи Протоколи иловагӣ ба Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар се бахши аввал стандартҳои байнулмилалӣ дар соҳаи мурофиаи судии одилона ва қонунгузории миллии ҶТ оварда шудаанд.

Мониторинги таъсири КМҶ-и нав ба риояи ҳуқуқи инсон зимни татбиқи адолати судии ҷиноятӣ

- аз моҳи июн то моҳи ноябри соли 2011 гузаронида шуда, вазифаи асосии он ба даст овардани маълумоти босифат оид ба таъсири КМҶ-и нав ба риояи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни дастгиркунӣ, тафтишот ва мурофиаи судӣ буд. Зимнан масоили зерин мавриди пажӯҳиш қарор гирифтанд: а) ислоҳоте, ки баъд аз қабули КМҶ-и нав амалӣ карда мешаванд; б) дастрасии намояндагони касбҳои ҳуқуқӣ (судяҳо, прокурорҳо, ҳимоятгарон) ба матни КМҶ ва қонунҳои нав; в) гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба татбиқи меъёрҳои нави адолати судии ҷиноятӣ; г) то кадом андоза сатҳи огоҳии намояндагони касбҳои ҳуқуқӣ (судяҳо, прокурорҳо, ҳимоятгарон) барои дар амалия истифода шудани меъёрҳои нав кӯмак мерасонад; д) мушкилот ва норасоиҳое, ки намояндагони касбҳои ҳуқуқӣ ба онҳо дар фаъолияти худ зимни истифодаи КМҶ дучор мешаванд.

Барои гирифтани иттилоот, мусоҳибаҳо бо намояндагони касбҳои ҳуқуқӣ (судяҳо, ҳимоятгарон, прокурорҳо, ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон), инчунин созмонҳои байнулмилалие, ки ба кишварамон дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ кӯмак мерасонанд, гузаронида шуданд.

Дар маҷмӯъ 234 нафар пурсида шуданд, аз ҷумла, дар ш. Душанбе - 90, дар вилояти Суғд - 38, дар ВМКБ - 74 ва дар вилояти Хатлон - 27. Назарпурсӣ дар байни иштирокчиёни бевоситаи мурофиаи судии ҷиноятӣ гузаронида шуд: намояндагони прокуратура, мақомоти тафтишоти ВКД, судяҳо, ҳимоятгарон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон. Пурсишномаҳо инчунин дар байни намояндагони касбҳои ҳадафнок зимни тренингҳо оид ба татбиқи меъёрҳои КМҶ, ки Анҷумани Амрикоии ҳуқуқшиносон гузаронида буд, тақсим гардиданд.

Таъсири Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии ҶТ ба риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Умуман, Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ ба меъёрҳои байнулмилалӣ дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣмутобиқат мекунад. Ба он ҷанбаҳои мусбати зиёд ворид карда шуданд, ба мисли иҷозатдиҳии суд, дастрасӣ ба ҳимоятгар аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ, ворид кардани ниҳодҳои таъқибу айбдоркунии хусусӣ ва хусусӣ-умумӣ ва ғ. Бори нахуст ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун вазифаи пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ эълон карда шудааст. Мурофиаи судии ҷиноятӣба эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоя аз беасос айбдору маҳкум кардан ва ғайриқонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин дар ҳолати гунаҳгор донистан ё маҳкум намудани шахси бегуноҳ ӯро бетаъхир сафед кардан равона шудааст. Кодекси нав механизми баррасии судии қонуният ва асоснокии нигоҳдорӣ дар ҳабсро таъмин месозад. Дар он моддаи нав, ки эҳтироми шаъну шарафи шахсро пешбинӣ мекунад, пайдо гардид.

Аммо дар баробари меъёрҳои мусбат, КМҶ-и нав як қатор номутобиқат ва норасоиҳо низ дорад, ки ҳалли онҳо зарур аст. Яке аз норасоиҳои умумии КМҶ ҶТ хусусияти истинодии моддаҳои зиёди он мебошад, ки ба чунин ифодаҳои умумӣ маҳдуд мешаванд: «дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи қонун», бидуни зикри қонунҳои муайян. Ҳамзамон қабули КМҶ-и нав ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дигари кишварро тақозо мекунад, ки масоили мушобеҳро дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ ба танзим медароранд.

«…қонуни мурофиавии ҷиноятӣ ҳанӯз ҳам ҷанбаҳои нокомили муайянро дорад, ки умедворем, зимни тағйироти минбаъда танзим карда мешаванд. Ба ҷанбаҳои нокомили КМҶ-и нав як қатор муқаррароте дохил мешаванд, ки ба талаботи стандартҳои байнулмилалии мурофиаи судии одилона то ба охир мувофиқат намекунанд. Аз ҷумла, ба чунин муқаррарот манъи шикоят аз чораи пешгирӣ дар марҳилаи мурофиаи судӣ, инчунин меъёре, ки таъйини чораи пешгирӣ дар намуди нигоҳдории пешакӣ дар ҳабс дар асоси вазнинии ҷиноятро пешбинмекунад, дохил мешаванд. Ба ҷуз ин, коршинос қайд кард, ки дар асоси КМҶ-и нав гарав танҳо дар он ҳолате татбиқ карда мешавад, ки товони зарари моддии бо ҷиноят расонидашуда пурра баргардонида шуда бошад. Ин меъёр имкони истифодаи гаравро хеле маҳдуд месозад ва ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ мувофиқат намекунад. … бояд аз салоҳияти суд дар мавриди бо ташаббуси худ оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ даст кашид, инчунин маҳдуд кардани таъсири ҷониби айбдоркунанда дар истеҳсолоти касатсионӣ зарур аст (даст кашидан аз истифодаи «мулоҳизаи прокурор», ки дар амалия ба прокурор имкон медиҳад, моҳиятан ду бор суханронӣ кунад)»[1].

Бо қабули КМҶ-и нав ба санадҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқӣ тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд ва мешаванд, инчунин қонунҳои нав қабул мегарданд. Дар давраи ба амал баровардани КМҶ-и нав, ба он се маротиба тағйиру иловаҳои дорои хусусиятҳои техникӣ ва мундариҷавӣ ворид карда шуданд (тағйиру иловаҳо аз 21-уми июли соли 2010 таҳти № 618, аз 25-уми марти соли 2011 таҳти № 692 ва аз2-юми августи соли 2011 таҳти № 755). Тибқи талаботи КМҶ ҶТ қонунҳои нав қабул карда шуданд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» (аз 28-уми июни соли 2011 таҳти № 720), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи давлатии иштирокчиёни мурофиаҳои судии ҷиноятӣ» (аз 29-уми декабри соли 2010 таҳти № 644), инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ» (аз 25-уми марти соли 2011 таҳти № 687), тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ дар бораи судҳо, мақомоти прокуратура ва милитсия ворид карда шуданд.

Иштирок дар таҳия/муҳокимаи лоиҳаи КМҶ-и нав ва лоиҳаи қонунҳо дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ

Натиҷаҳои пажӯҳиш нишон доданд, ки аксари шахсони пурсидашуда дастрасӣ ба таҳия ё муҳокимаи лоиҳаи КМҶ-и навро надоштанд. Лоиҳаи қонун дар байни судяҳо, прокурорҳо ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид, вале танҳо 15%-и шахсони пурсидашуда дар муҳокимаи шакли охирини лоиҳаи КМҶ иштирок карданд, аммо аз сабаби маҳдудияти вақт имкони таҳлили ҳамаҷонибаи мутобиқати лоиҳаи қонун ба меъёрҳои байнулмилалиро надоштанд. Бо вуҷуди ин, зиёда аз 60%-и пурсидашудагон иброз доштанд, ки КМҶ-и амалкунанда нисбатан пешрафта буда, ба меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ мутобиқат мекунад.

Вазъи дастрасии намояндагони касбҳои ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муҳокимаи лоиҳаҳои қонунҳо дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ нисбатан мураккаб аст. Ҳудуди 90%-и пурсидашудагон ба муҳокимаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба соҳаи фаъолияти онҳо бевосита дахл доранд, дар марҳилаи таҳия ва/ё қабул дастрасӣ надоштанд. Ба муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо дастрасӣ надоштани мутахассисон ва дигар намояндагони касбҳои манфиатдор ба он оварда мерасонад, ки ин қонунҳо дар амалия кор намекунанд. Аз ин рӯ, Ҳукуматро лозим меояд, ки барои воқеан амал кардани қонун, ба он мунтазам тағйирот ворид созад.

Сатҳи огоҳӣ оид ба санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ баъд аз қабули КМҶ-и нав пазируфта шуданд

Дар мӯҳлати аз қабули Кодекси мурофиавии ҷиноятии нав сипаришуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро қабул карда, ба қонунгузории амалкунанда тағйирот ворид сохт, то ки онро ба талаботи КМҶ-и нав мутобиқ гардонад. 3-юми январи соли 2011 Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» имзо гардид, ки таҳкими ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷумлаи мақсадҳои он мебошанд.

Чӣ тавре ки натиҷаҳои мониторинг нишон доданд, наздик ба 63%-и пурсидашудагон оид ба тағйироти қонунгузорӣ баъд аз қабули КМҶ-и нав маълумот доранд. Бо вуҷуди ин, боиси нигаронии зиёд аст, ки баъзе аз пурсидашудагон (иштирокчиёни бевоситаи мурофиаҳои судии ҷиноятӣ) дар бораи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии нав дар соҳаи мурофиаҳои судии ҷиноятӣ маълумот надоранд (37%). Надонистани қонунҳои нав ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сабаби он мегардад, ки судяҳо ва прокурорҳо истифодаи меъёрҳои КМҶ-и кӯҳнаро давом медиҳанд ва бо ин амалашон на танҳо ҳуқуқҳои иштирокчиёни дигари мурофиаҳои судии ҷиноятӣ, балки қонунгузории кишварро дар маҷмӯъ вайрон мекунанд.

Қонунҳои қабулшудаи нав дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ на ҳамеша аз ҷониби намояндагони сохторҳои судию тафтишотӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон истифода мешаванд. Шахсоне, ки мавриди назарпурсӣ қарор гирифтанд, асосан, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25.03.2011; 02.08.2011 такя мекарданд, дар ҳоле ки қонунҳои боқимонда хеле кам истифода мешуданд.

Мавҷудияти матни КМҶ-и нав ва қонунҳои дигар дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ

Наздик ба 20%-и пурсидашудагон матни КМҶ-и навро надоранд, ки барои пешбурди фаъолияти касбӣ мушкилоти ҷиддӣ ба миён меорад. Аз 7 судяи пурсидашудаи шаҳри Қӯрғонтеппа танҳо як судя матни КМҶ-и навро дошт. Баъзе аз пурсидашудагон (10%) шакли электронии КМҶ-и навро истифода мекунанд.

Иштирок дар тренингҳои махсус оид ба истифодаи меъёрҳои КМҶ-и нав

Аз лаҳзаи ба ҳукми қонун даромадани КМҶ як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба татбиқи меъёрҳои КМҶ-и нав гузаронида шуданд. Сарфи назар аз ин, 45%-и шахсони пурсидашуда дар ягон тренинг оид ба татбиқи меъёрҳои КМҶ-и нав иштирок накардаанд. Камтар аз нисфи судяҳои пурсидашуда (46%) ва нисфи кормандони мақомоти прокуратура (50%) имкони беҳтар кардани донишҳои худро оид ба КМҶ-и нав надоштанд.

Дигаргуниҳо дар фаъолияти намояндагони касбҳои ҳуқуқӣ баъд аз қабули КМҶ-и нав

Аксари шахсони пурсидашуда (65%) иброз доштанд, ки бо қабули КМҶ-и нав хусусияти кор дигар шудааст. Тағйирот дар мавриди аз прокуратура ба мақомоти судӣ додани иҷозати интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабсгирӣ яксон пазируфта нашудааст. Намояндагони мақомоти тафтишоти ВКД аз раванди тӯлониву заҳматталаби гирифтани иҷозат шикоят карданд. Наздик ба 60%-и намояндагони пурсидашудаи мақомоти тафтишоти ВКД иброз доштанд, ки «коғазбозӣ бисёр шудааст». Намояндагони прокуратура ва мақомоти тафтишот асосан аз раванди вазнину хеле тӯлонии ҳалли масъалаи додани иҷозати интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабсгирӣ шикоят карданд, ки ба андешаи онҳо, барои ҷамъоварӣ ва тақвияти саривақтии далелҳо монеа эҷод мекунад.

Зимни назарпурсӣ аксари иштирокчиён иброз доштанд, ки яке аз дастовардҳои КМҶ-и нав таъмини шароити баробарии тарафҳо ва мубоҳисоти воқеии онҳо мебошад. Судяҳо қайд карданд, ки доираи иштироки суд дар мурофиаи ҷиноятӣ васеъ гардид. Масалан, тибқи қонунгузории нав суд мақоми таъқиби ҷиноятӣ нест ва ба ин тариқ, холисӣ ва беғаразиро риоя карда, дар таҳқиқи пурраи ҳолатҳои парванда барои амалисозии ҳуқуқи тарафҳо шароити зарурӣ фароҳам меорад.

Ба андешаи аксари ҳимоятгарон ва намояндагони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки дар назарпурсӣ иштирок карданд, ҳоло онҳоро назар ба пешина бештар дар марҳилаи тафтиши пешакӣ ҷалб мекунанд, одамон ба ҳимоятгарон зиёдтар муроҷиат мекунанд ва бо кормандони мақомоти таъқиби ҷиноятӣ кор кардан осонтар шудааст.

Мушкилоти асосӣ зимни татбиқи КМҶ-и нав

а) Ҳангоми ҳалли масъала оид ба интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан

Тибқи иттилои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тӯли соли 2011 аз ҷониби судҳо 6167 иҷозат барои баҳабсгирӣ, кофтуков ва анҷом додани дигар чораҳои тафтишотӣ дода шудааст (дар соли 2010 - 3677)[2]. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, 3878 баҳабсгирӣ иҷозат дода шуда, танҳо дар 129 ҳолат иҷозати баҳабсгирӣ рад гардидааст, ки зиёда аз 3%-и теъдоди умумии қарорҳои судӣ оид ба масоили татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтанро ташкил медиҳад.

Натиҷаҳои мониторинги мурофиаҳои ҷиноятии судӣ дар қисмати иҷозати судӣ оид ба ҳабс нишон медиҳанд: «Бо вуҷуди пешбинӣ гардидани чораҳои нави пешгирӣ дар КМҶ ҶТ ва дар моддаи 102 зарурати аз ҷониби судяҳо ба инобат гирифтани ҳамаи ҳолатҳои парванда тақозо шудааст, баҳабсгирӣ то ҳол чораи пешгирии аз ҳама паҳншуда дар ҶТ мебошад. Мониторинги мурофиаҳои судӣ оид ба иҷозати баҳабсгирӣ муайян сохт, ки судяҳо бо қарор/таъиноти худ дархости мақомоти тафтишотиро дар бораи интихоби чораи пешгирӣ дар намуди баҳабсгирӣ нисбат ба шахсони дастгиршуда қонеъ карда буданд (дар 13 ҳолат аз 14). Судяҳо аксаран ба тафтиши ҳолатҳо даст намезананд (дар ҳоле ки қонун инро пешбинӣ кардааст) ва агар ин корро анҷом диҳанд, он дар шакли хеле маҳдуд аст. Ҳангоми асоснок кардани қарор вазнинии ҷиноят далели маъмултарин аст, ки ин хилофи стандартҳои байнулмилалии ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ мебошад»[3]. Судяҳои пурсидашуда низ ба он масъала таваҷҷӯҳ карданд, ки судҳо танҳо дар асоси вазнинии ҷиноят қарори баҳабсгириро мебароранд.

Аксари судяҳо, ҳимоятгарон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ки мавриди назарпурсӣ қарор гирифтанд (92%), изҳор доштанд, ки ба мақомоти судӣ супоридани ҳуқуқи иҷозатдиҳии баҳабсгирӣ яке аз қадамҳои муҳим дар роҳи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва ташаккули ҷомеаи демократӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, аксари судяҳо қайд карданд, ки истифодаи иҷозат мушкилоти муайян ва баъзан баҳсҳоро бо кормандони прокуратура ба вуҷуд меорад. Ба андешаи судяҳо, ҳанӯз ҳам прокурорҳо ба чунин тақсимоти вазифаҳо одат накардаанд ва таъсиррасониро ба қарори судяҳо идома медиҳанд. Онҳо таъкид доштанд, ки имкони интихоби мустақилонаи чораҳои дигари пешгирӣ ба ғайр аз ҳабсро надоранд (14%), чун тибқи меъёрҳои КМҶ-и нав судяҳо метавонанд ба ҳабсгирӣ иҷозат диҳанд, ё онро рад кунанд.

Мушкили дигаре, ки судяҳо ба он таваҷҷӯҳ кардаанд, чунин аст, ки мақомоти таъқиби ҷиноятӣ метавонад қарор ё таъиноти судяро оид ба истифодаи чораи пешгирӣ дар ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарӣ тағйир диҳад ва ё рад кунад. Дар амал мақомоти тафтишот барои он ки чораи пешгирӣ дар намуди баҳабсгирӣ интихоб карда шавад, ба таври сунъӣ парвандаҳои ҷиноятиро аз рӯйи моддаҳои вазнин ва ё махсусан вазнини Кодекси ҷиноятӣ оғоз мекунанд ва баъд онро ба моддаи сабуктар тағйир медиҳанд (16%).

Мутобиқи моддаи 111, қ. 3-и КМҶ, баҳабсгирӣ аз ҷониби судя дар муддати 8 соат аз лаҳзаи ба суд ворид шудани мавод баррасӣ карда мешавад. Аммо аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ саривақт ва ё пурра супорида нашудани ҳуҷҷатҳо боз як мушкиле ба ҳисоб меравад, ки ба андешаи судяҳо, ба қабули саривақтии қарор монеа шуда, ба фаъолияти суд таъсири манфӣ мегузорад. Ҳамчунин судяҳо қайд карданд, ки аксаран мақомоти тафтишотӣ дархости худро бо вазнин будани ҷиноят асоснок карда, барои таъйини чораи пешгирӣ дар намуди баҳабсгирӣ асос намеоранд.

Ба андешаи намояндагони мақомотҳои тафтишоти ВКД ва прокуратура, қабули КМҶ-и нав ба фаврияти фаъолияти мақомоти мазкур таъсири манфӣ расонидааст. Яке аз мушкилоти асосие, ки қайд гардидааст, ба даст овардани иҷозат барои гирифтани қарор оид ба интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабсгирӣ мебошад (28%). Ба андешаи намояндагони прокуратура, судяҳо аксаран барои он ки «ҳокимияти худ бар мақомоти тафтишотиро нишон диҳанд», монеаҳо эҷод мекунанд. Муфаттишон аз он шикоят карданд, ки судяҳо аксаран нусхаҳои ҳамаи ҳуҷҷатҳоро аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ талаб мекунанд, ки сарфи қувваю вақти иловагиро ба миён меорад. Баъзе аз намояндагони мақомоти тафтишоти ВКД изҳор доштанд, ки масъалаи иҷозати баҳабсгирӣ бояд дубора ба салоҳияти прокуратура вогузор шавад.

Ба ҷуз ин, ҳудуди 32%-и кормандони ВКД ва прокуратура, ки мавриди пурсиш қарор гирифтанд, қайд карданд, ки тартиби баҳабсгирии гумонбаршавандаи ҷиноят мушкил гардида, ба муайянсозии саривақтии ҳолатҳои парванда таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин изҳор шудааст, ки бо татбиқи КМҶ-и нав тартиби сабти ҳуҷҷатҳо барои интихоби чораи пешгирӣ дар намуди баҳабсгирӣ душвор гардида, барои омодасозии ҳуҷҷатҳои чораи пешгирӣ вақти зиёд сарф мешавад, ки аксаран ба тафтиши саривақтии ҷиноят монеа мешавад. Инчунин қайд гардидааст, ки бо шароити мавҷуда дар давоми 72 соат ҷамъ овардани тамоми далелҳо барои баҳабсгирӣ қариб ғайриимкон аст (21%). Ба таъкиди муфаттишон, зиёд кардани мӯҳлати боздошти пешакӣ зарур аст, то сифати тафтиш беҳтар гардад.

Ба назари намояндагони ВКД, навовариҳои КМҶ, ки додани баъзе аз вазифаҳои мақомоти тафтишотиро ба суд пешбинӣ кардааст, дар амал мушкилоти муайянеро ба вуҷуд меорад. Масалан, тибқи моддаи 354-и КМҶ ҶТ, парвандаи айбдоркунии хусусӣ аз ҷониби ҷабрдида ё намояндаи қонунии ӯ бо роҳи ба суд додани ариза дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс оғоз карда мешавад ва дар асоси қисми 5-и моддаи мазкур, аз лаҳзаи аризаро барои пешбурд қабул кардани суд шахси онро пешниҳодкарда айбдоркунандаи хусусӣ ҳисобида шуда, ба ӯ бояд ҳуқуқҳои бо моддаи 43-и Кодекси мазкур пешбинишуда фаҳмонида шаванд. Аммо дар амал аҳолӣ аз навовариҳои ҳуқуқи мурофиавӣ хуб огаҳ нестанд ва муроҷиат ба мақомоти тафтишотиро идома медиҳанд, ки дар онҳо чунин аризаҳо ба тартиби хусусӣ қайд гардида, ба суд ирсол мегарданд. Чӣ тавре ки намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ зикр карданд, судяҳо маводи ҷамъшудаи дахлдорро напазируфта, онро бозмегардонанд ва ин амали худро бо он асоснок мекунанд, ки шаҳрвандон мутобиқи талаботи КМҶ бояд бевосита ба суд муроҷиат кунанд.

Намояндагони мақомоти тафтишоти прокуратура ҳангоми тафтиши пешакӣ таъмин кардани гумонбаршаванда бо ҳимоятгарро боз як мушкили ҷиддӣ номиданд.

Ҳамзамон намояндагони мақомоти тафтишоти ВКД ва прокуратура қайд карданд, ки мутобиқи меъёрҳои нави КМҶ, ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, хусусан, ҳимоятгарон, дастгиршудагон, гумонбарон ва судшавандагон зиёд гардидаанд, ки ин, ба назари онҳо, на ҳамеша ба ҷараёни тафтишоти ҷиноятӣ таъсири мусбат дорад (7%).

Санадҳои байнулмилалӣ ва қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ба ҳар шахс ҳуқуқ ба ҳимояро дар ҳамаи марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат медиҳанд. Ба андешаи ҳимоятгарон, бо вуҷуди навовариҳои мусбат дар ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, дар амалия чандон тағйирот нашудааст. Мутобиқи талаботи КМҶ-и нав, ҳуқуқи ҳам ҳимоятгарон ва ҳам дастгиршудагон, гумонбарон ё судшавандагон афзудааст. Чораҳои мазкур барои таъмин кардани принсипи мубоҳисавӣ дар мурофиаҳои ҷиноятӣ қабул гардиданд. Аксари ҳимоятгарон ва намояндагони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки мавриди назарпурсӣ қарор гирифтанд, ба ҷонибдорӣ аз афзоиши ҳуқуқу салоҳиятҳои тарафи ҳимоя дар мурофиаи ҷиноятӣ ибрози андеша карданд. Чӣ тавре ки қайд гардид, муфаттишони ВКД, прокуратура ва судяҳо ҳимоятгаронро ҳарчи бештар ба ҷараёни тафтишот ва мурофиаи ҷиноятӣ ҷалб кардаанд.

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ҳимоятгарон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон, судяҳо то ҳол мавқеи айбдоркунандаро ишғол карда, ҳангоми пурсиши айбдоршаванда, шоҳидон ва ҷабрдидагон ташаббусро ба дасти худ мегиранд, ки принсипи мубоҳисавиро ҳангоми мурофиаи судӣ комилан вайрон мекунад. Чӣ тавре ки 43%-и ҳимоятгарони пурсидашуда қайд карданд, аз ҷониби мақомоти судӣ зимни интихоби чораи пешгирӣ асосан ба дархости муфаттиш ва прокурор афзалият дода мешавад.

Ба гуфтаи ҳимоятгарон, онҳо на ҳамеша имкон доранд, ки бо маводи ба суд пешниҳодкардаи мақомоти тафтишот саривақт шинос шаванд. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки барои шиносоӣ бо парванда вақти иловагиро дархост кунанд. Хабарнома оид ба замони баррасии дархостҳо бо таъхир меоянд, ки кори ҳимоятгарро дар ҷамъоварии саривақтии ҳуҷҷатҳои зарурӣ хеле душвор месозад. Ҳимоятгарон инчунин зикр карданд, ки аксаран нусхабардорӣ кардани ҳуҷҷатҳо пас аз фиристода шудани парванда ба суд ғайриимкон аст.

Наздик ба 27%-и ҳимоятгарон қайд карданд, ки дар марҳилаи тосудӣ зимни гирифтани иҷозати мулоқот бо зерҳимояи худ ба мушкилот дучор шудаанд. Ба ҷуз ин, ҳимоятгарон аксаран имкони бо зерҳимояи худ дар танҳоӣ гуфтугӯ карданро надоранд.

Баъзе аз ҳимоятгарон зикр карданд, ки тибқи талаботи КМҶ-и нав, барои иштирок дар парванда ба ҳайси ҳимоятгар адвокатҳо ва шахсони дорои иҷозатнома, ки ҳуқуқи фаъолияти адвокатиро медиҳад (бо тартиби дар қонун муқарраршуда), роҳ дода мешаванд. Ин ҳолат дар навбати худ мушкилот эҷод мекунад, чунки дар баъзе ноҳияҳои дурдаст (масалан, ноҳияи Мурғоб) гумонбаршуда аз рӯзи боздошт, дар рафти тафтишот ва баррасии парванда дар суд дастрасӣ ба адвокат надорад, ки чунин ҳолат аз сабаби набудани ҳимоятгар рух медиҳад. Ҳамзамон баъзе аз ҳимоятгарон қайд карданд, ки тартиби аз ҷониби судяҳо дода шудани иҷозати баҳабсгирӣ хилофи талаботи мурофиаи одилонаи ҷиноятӣ мебошад. Барои мисол, моддаи 279-и КМҶ ҶТ иштироки ҳатмии ҳимоятгарро ҳангоми баррасии масъалаи иҷозат, муҳокимаи имкони дароз кардани мӯҳлати ҳабс, тағйир додан ё рад кардани чораи пешгирӣ муқаррар накардааст, дар ҳоле ки иштироки прокурор дар ин ҳолат ҳатмист. Ба ақидаи ҷониби ҳимоя, чунин муносибат принсипи ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо ҷараён гирифтани мурофиаи судиро вайрон карда, афзалиятро ба ҷониби айбдоркунанда медиҳад.

б) Ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суд

Яке аз принсипҳои асосӣ ва муҳими қонунгузории нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубоҳисавӣ ва баробарии тарафҳо ҳангоми татбиқи адолати судӣ мебошад. Мутобиқи ин принсип, тарафҳои айбдоркунанда ва ҳимоя дар мурофиаи ҷиноятӣ баробарҳуқуқанд ва барои ҳимояи мавқеи худ имкониятҳои баробар доранд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мониторинг, қисми зиёди пурсидашудагон ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суд бо мушкилот рӯ ба рӯ нашудаанд (52%). Ҳамзамон, ба гуфтаи ҳимоятгарон, судҳо баррасии парвандаҳоро бо тамоюли айбдоркунӣ идома медиҳанд. Ба шикоятҳо дар бораи шиканҷа аҳамият намедиҳанд, ҳукми сафедкунанда намебароранд. Ба назари ҳимоятгарон, КМҶ-и нави ҶТ ба ворид кардани тағйиру иловаҳо дар тартиби аз ҷониби судяҳо баррасӣ шудани дархостҳо оид ба интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс, инчунин дар гузаронидани мурофиаҳои воқеан ҳам мубоҳисавӣ бо риояи баробарии тарафҳо ниёз дорад. Чӣ тавре ки қайд гардида буд, дар мурофиаи судӣ иштироки айбдоркунандаи давлатӣ ҳатмист, ба истиснои парвандаҳои ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ (моддаи 279, қ.1), дар ҳоле ки иштироки ҳимоятгар танҳо дар 5 ҳолат ҳатмист (моддаи 51, қ. 1).

Ба назари намояндагони судҳо, прокуратура вазифаи назорати фаъолияти судҳо ва қонунияти қарорҳои судиро дорад, ки дахолати мустақим ба фаъолияти мақомоти судӣ мебошад.

Чӣ тавре ки намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ зикр карданд, дар КМҶ-и нав институти баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ барои тафтишотӣ иловагӣ нигоҳ дошта шудааст ва ба ин тариқ, судяҳо дар ҳолатҳои зиёд парвандаҳоро ба тафтиши иловагӣ фиристода, бар дӯши намояндагони мақомоти тафтишотӣ кори иловагиро вомегузоранд. Инчунин қайд гардидааст, ки шӯъбаи коргузории судҳо аксаран қабули парвандаҳои ҷиноятиро рад мекунанд, то даме ки онҳо аз ҷониби судяҳо баррасӣ карда нашаванд. Ҳамзамон сарфи назар аз он, ки суд дар тарафи айбдоркунанда нест ва бояд ба ҳайси «довар»-и мустақил бошад, нусхаи хулосаи айбдоркуниро ба мисли пешина ба судшаванда на айбдоркунандаи давлатӣ, балки суд месупорад.

ТАВСИЯҲО

  • Баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ барои такмили ихтисоси намояндагони касбҳои ҳуқуқӣ бо назардошти навовариҳо дар қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқӣ дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ зарур аст;
  • Қонунгузории ҶТ дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ, аз ҷумла, КМҶ бояд ба стандартҳои байнулмилалӣ мутобиқ гардонида шавад, аз ҷумла, дар бахшҳои:

- аз байн бурдани норасоиҳо дар таъмини ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, аз ҷумла, дар тартиби иҷозати судӣ барои баҳабсгирӣ;

- бартараф сохтани ихтилофоти меъёрҳои КМҶ бо қонунгузории кишвар, ки масоили мушобеҳро танзим мекунад;

- аз КМҶ ихтисор кардани институти баргардонидани парванда ба тафтиши иловагӣ;

- таъмини ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо ҷараён гирифтани мурофиаҳои судӣ;

- барои тафтиши саривақтӣ ва самараноки парвандаҳои ҷиноятӣ ва таъмини ҳуқуқи шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноятҳо гумонбар/айбдор карда мешаванд, осон кардани баъзе амалиёт ва фаъолиятҳои тафтишотӣ;

Судяҳо, кормандони мақомоти тафтишоти ВКД ва прокуратураро саривақт бо матнҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ таъмин кардан зарур аст.

 

[1]Ҳамоиши коршиносон оид ба адолати судии ҷиноятӣ дар Осиёи Марказӣ - III. Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА.17-18 июни 2010 с. Душанбе, Тоҷикистон

[2]http://news.tj/ru/news/v-proshlom-godu-tadzhikskie-sudy-vydali-okolo-39-tys-sanktsii-na-arest

[3]Мониторинги мурофиаҳои судии ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маркази ҳуқуқи инсон. Душанбе. 2011 с.