Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Муминобод: тўли як сол шиканҷа ба қайд гирифта нашудааст

Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Муминобод 30-юми апрел ва 1-уми майи соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Дар ҳайати гуруҳи мониторингӣ дунафарӣ намояндагони идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил буданд.

Изолятор дар дохили бинои ШВКД ҷойгир аст, ки соли 1980 сохта шудааст. Охирин таъмири куллӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ соли 2017 анҷом дода шудааст. Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ 1 нафар боздоштшуда ба ҳайси гумонбаршуда қарор дошт.

Тавқифгоҳи муваққатӣ аз 4 камера иборат аст. Ҳамаи камераҳо барои шахсони дар содир намудани ҷиноятҳо гумонбаршуда пешбинӣ гардидаанд.

Ба гуфтаи сардори тавқифгоҳи муваққатӣ, камераи №1 барои ноболиғон ва занон пешбинӣ шудааст, гарчанде ҳангоми мушоҳидаҳо ягон хел фарқият дар шароити он нисбати дигар камераҳо ба назар нарасид.

Дар рафти мониторинг 4 нафар аз ҳисоби кормандон ва 1 нафар марди дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдоришаванда пурсида шуданд.

Кормандони пурсидашудаи тавқифгоҳи муваққатӣ зикр намуданд, ки дар кор ба мушкилот дучор намешаванд, вале хоҳиш намуданд, то оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон ва муносибат бо шахсони боздоштшуда тибқи стандартҳои байналмилалӣ семинару тренингҳо гузаронида шавад.

Кормандони пурсидашудаи тавқифгоҳи муваққатӣ гуфтанд, ки дар давраи аз соли 2017 то моҳи майи соли 2018 ҳолатҳои муайян намудани ҷароҳати ҷисмонӣ дар нафарони дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдоришаванда вуҷуд надоштааст.

Дар ШВКД дафтари махсус ҳаст, ки дар он тамоми ҳолатҳои муайян гардидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бадани боздоштшудагон қайд мешавад, вале ба гуфтаи кормандон, чунин ҳолатҳо дар таҷриба вуҷуд надоштанд. Дафтари мазкур ба гуруҳи мониторингӣ пешниҳод карда нашуд.

Дар ҳолати зарурӣ ёрии тиббиро табиби “Ёрии таъҷилӣ” мерасонад, чунки ШВКД бо беморхонаи ноҳиявӣ дар мавриди расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ шартнома дорад.

Дар даромадгоҳи ҳар як камера қоғази андозаи А-4 бо ҳуқуқу уҳдадориҳои нафарони дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдоришаванда, инчунин номгўи ашёҳои иҷозатбуда овехта шудааст.

Дар тавқифгоҳи муваққатии ШВКД ду камера мавҷуд аст: дар ҳавлии сайругашт ва дар даромадгоҳи тавқифгоҳи муваққатӣ.

NoTorture.Tj