Мониторинги ТМ РАНММ дар ВМКБ: ҳолатҳои ҷароҳати ҷисмонӣ мушоҳида нашуд

Мониторинги ТМ РАНММ дар ВМКБ аз 19 то 20-уми марти соли 2019 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд.

Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду нафар намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Нидоев Ҳ. ва Низомов А., инчунин ду намояндаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ - Мӯсоев Ш. ва Давлатмиров Р. ворид гардида буданд.

Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар камераҳои ТМ РАНММ дар ВМКБ боздоштшудаҳо набуданд. Вале ба гуруҳи мониторингӣ имконияти аз назар гузаронидани дафтари қайди нафарони дар ТМ нигоҳдоришаванда фароҳам оварда шуд.

Охирин таъмири куллӣ дар ТМ соли 2018 анҷом дода шудааст. Худи бинои РАНММ аз 28-уми майи соли 2002 амал мекунад. ТМ дар дохили бинои маъмурии РАНММ ҷойгир аст. ТМ аз 2 камера иборат аст. Ҳарду камера барои нафарони гумонбар дар содир кардани ҷиноят пешбинӣ гардидаанд.

Ба гуфтаи муовини сардори РАНММ, камераи №2 барои ноболиғон, занон ва шахсоне, ки ҳуқуқвайронукунии маъмурӣ содир намудаанд, пешбинӣ гардидааст, гарчанде дар вақти наззора ягон хел фарқият миёни он ва камераи №1 ба мушоҳида нарасид. Ҳудуди сайругашт ва ҳоҷатхона барои боздоштшудаҳо вуҷуд дорад.

Дар даромадгоҳи РАНММ қуттӣ барои мактубу шикоятҳо, инчунин овеза оид ба ҳуқуқҳои аризадиҳандагон мавҷуд аст. Ба гуфтаи кормандон, боздоштшудаҳо бо қаламу қоғаз таъмин карда мешаванд.

Дар тахтаи иттилоотии долони бинои маъмурии РАНММ овеза оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудаҳо, тартиби рӯз, рӯйхати ашёи иҷозатбуда насб гардидааст. Маълумот бо забони тоҷикӣ буд. Ба ғайр аз ин, дар дарҳои ҳар як камера маълумот оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони дар ТМ нигоҳдоришаванда бо забони давлатӣ дар қоғази андозаи А4 овехта шудааст.

Дар ТМ РАНММ 1 камераи назорати видеоӣ мавҷуд аст. Камераи мазкур дар даромадгоҳи ТМ аз тарафи рост дар долон насб гардидааст. Видеокамера ҳаракатҳоро сабт мекунад, аммо имкони сабти садоро надорад. Ҳар моҳ он коркард мешавад. Сабтҳо дар хазинаи сардори РАНММ ва сардори қисми навбатдории РАНММ ҳифз мешаванд.

Кормандони пурсидашуда зикр намуданд, ки дар давраи аз соли 2018 то моҳи марти соли 2019 ҳолатҳои ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бадани нафарони дар ТМ нигоҳдоришаванда ба мушоҳида нарасидааст. Дар ҳолати зарурат, кӯмаки тиббиро табиби «Ёрии таъҷилӣ» мерасонад, чун РАНММ дар ВМКБ бо беморхонаи шаҳрии вилоят оид ба расонидани ёрии аввалияи тиббӣ шартнома дорад.

Дар ТМ РАНММ дафтари махсус мавҷуд аст, ки дар он тамоми ҳолатҳои муайн гардидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бадани боздоштшудаҳо қайд карда мешаванд, аммо ба гуфтаи кормандон, чунин ҳолатҳо дар амал вуҷуд надоштаанд. Вале дафтари мазкур ба гуруҳ пешниҳод карда нашуд.

NoTorture.Tj