Муаррифии натоиҷи мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон

Муаррифии гузориши пешакӣ аз рӯйи натоиҷи мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон 27-уми декабри соли 2016 дар маҷлисгоҳи идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат карданд. Мониторинги мазкур дар соли 2016 аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ гузаронида шудааст.

Дар ин чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода зикр кард: «Аз соли 2014 ин гуруҳ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва гуруҳи мониторингӣ имсол ба бисёр тавқифгоҳҳои муваққатӣ ташриф оварданд. Пешравӣ дар ин самт назаррас аст. Баъзе тағйиротҳои хеле ҷиддӣ дар кодексҳо ҷорӣ шуданд. Имсол баъзе масъалаҳое ҳаст, ки мо бояд онҳоро ба таври васеътар мавриди баррасӣ қарор диҳем. Ба ин хотир мо ба нақша мегирем ки ҳар се моҳ гуруҳи калони мо ҷамъ шавем».

Суҳроб Шоев, мушовири миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: “Давоми сол дар ҳамкорӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои гузаронидани мониторинги муассисаҳои пӯшида ҳамкорӣ намудем ва қариб ё зиёда дар 10 муассисаи гуногун дар тамоми минтақаҳо, ғайр аз ВМКБ, монитринг гузаронида шуд. Дар шароите, ки ҳанўз Тоҷикистон протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷаро ба тасвиб нарасонидааст, ин мониторинг аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ механизми муҳими дастрасӣ ба иттилоот дар муассисаҳои пӯшида ба шумор меравад. Барои ҳамин, муҳим аст, ки ин фаъолият на фақат идома дода шавад, балки пурзўр карда шавад дар оянда. Дар давоми сол асосан ба клиникаҳои психиатрӣ ва якчанд боздоштгоҳи муваққатӣ ташриф оварданд. Хуб мешуд, ки дар оянда кӯшиш кунанд, то ба боздоштгоҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳотӣ низ ташриф оранд ва вазъиятро дар он ҷо баррасӣ кунанду барои беҳбуди фаъолияти муассисаҳо тавсияҳои худро пешниҳод намоянд”.

Шералӣ Мусоев, узви гуруҳи мониторинг аз ташкилоти “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” зикр кард, ки «ҳамаи боздидҳо аз маҳкамаҳои муваққатӣ дар ҳайати чор нафар анҷом дода шуданд. Тибқи гуфтаҳои  сардорони боздоштгоњњои муваққатӣ, дар давоми солҳои 2014-2016 ягон ҳолати зарари ҷисмонии шахсони дастгиршуда ва муносибати бераҳмона нисбати онҳо ба қайд гирифта нашудааст. Боздоштшудагони пурсидашуда низ қайд карданд, ки ҳангоми ворид шудан ба маҳкама ягон зарари ҷисмонӣ надоштаанд ва нисбати онҳо фишори ҷисмонӣ ва ё руҳӣ дар муддати будубошашон дар боздоштгоњи муваққатӣ ба амал наомадааст».

Ҷаъфарбек Юлдошев, узви гуруҳи мониторинг ва корманди ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” дар бораи шуъбаи равонпизишкии беморхонаи марказии шаҳри Норак гузориш дод. Ў зикр кард, ки бинои шуъбаи мазкур соли 1967 сохта шуда ва моҳи сентябри соли 2016 рангубор карда шудааст. Ӯ зикр кард, ки “бино хурд буда, ҳуҷраҳои табобатии он низ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд. Ҳамчунин, дар ин шуъба бештари кормандонаш занон буда, ҳамагӣ як парастори ҷинси мард кор мекунад”.

Бояд гуфт, ки муаррифии натоиҷи мониторингро «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» бо дастгирии Раёсати СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон доир карданд.

NoTortureTj.org