Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (натиҷаи фаъолият дар моҳҳои январ-июни соли 2018)

Душанбе, 25-уми январи соли 2019. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз фаъолияташ дар соли 2018 натиҷагирӣ намуд.

Дар ҳисоботи солонаи Эътилоф, ки дар торнамои www.notorturetj.org дастрас аст, дар баробари маълумоти умумӣ оид ба фаъолияти Эътилоф, инчунин қисмҳои алоҳида дар мавриди фаъолияти гуруҳҳои кории Эътилоф - Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ, Гуруҳи мониторингӣ, Гуруҳи офиятбахшӣ, Гуруҳи расонаӣ, Гуруҳи таҳлилӣ ва ғайра пешкаш гардидааст.

Дар соли 2018 ба Эътилоф муяссар гардид, ки ба тағйироти муайян дар самти муборизаи самаранок бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон муваффақ шавад. Аз ҷониби ташкилотҳои узви Эътилоф 44 муроҷиат оид ба шиканҷаву муносибатҳои бераҳмонаи эҳтимолӣ ҳуҷҷатгузорӣ гардид, аз манфиатҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз рӯи 41 парванда намояндагӣ карда шуд, ки аз онҳо 38 ададаш нав буда, 3 парванда аз солҳои гузаштаанд.

Дар натиҷаи талошҳои якҷояи Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ ва адвокатҳои ҷалбшуда муяссар гардид, ки ду нафар корманди РВКД дар вилояти Суғд ва корманди КДАМ дар ноҳияи Ашт (парвандаи Хоҷаназаров) тибқи моддаи «Шиканҷа» ба ҷавобшгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шаванд. Аз рӯи аризаҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ санҷишҳо гузаронида шуданд, ки дар натиҷаи онҳо панҷ корманди ВКД ҶТ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Нисбати ду корманди фаврии ШВКД-2-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо айби сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ тафтишоти пешакӣ оғоз карда шудааст.

Дар натиҷаи баррасии аризаву шикоятҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона, аз ҷониби судҳои ҶТ нисбати панҷ корманди Вазорати корҳои дохилӣ барои нақзи КМҶ ҶТ ва сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ таъинотҳои хусусӣ бароварда шуданд.

Адвокатҳои Эътилоф тавассути пешниҳоди аризаҳои асоснокшуда оид ба беэътибор будани далелҳои дар натиҷаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона бадастовардашуда таҷрибаи истифодаи меъёрҳои моддаи 88, эзоҳи 1-и КМҶ ҶТ-ро густариш медиҳанд. Аз ҷониби ШВКД-и шаҳри Турсунзода ва бахши КДАМ дар Панҷакент нисбати ду нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар натиҷаи амали фаъолонаи адвокатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ бо сабаби исбот нашудани иштироки онҳо дар содир намудани ҷиноят бо истифода аз моддаи 88, эзоҳи 1-и КМҶ ҶТ қатъ карда шуданд.

49 нафар офиятбахшӣ гузаштанд: 20 зан ва 29 мард, аз инҳо бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарардидаҳо - 27 нафар ва аъзои оилаҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона - 22 нафар.

Эътилоф дар парвандаҳои судии стратегӣ пешгомӣ мекунад, ҳамеша механизми пардохти ҷуброни кофӣ аз ҷониби давлат ба қурбониён ва хешовандони онҳоро тибқи ҳалномаҳои судӣ таҳти назар дорад. Ташкилотҳо гирдоварии фаъолонаи далелҳоро амалӣ месозанд, коршиносони миллӣ ва байналмилалиро барои баҳодиҳии зарари маънавии қурбониёни шиканҷа/аъзои оилаҳои онҳо ҷалб мекунанд, дар рафти мурофиаҳои судӣ аз нуқтаи назари аmicus curiae (лотинӣ - «дӯсти адолати судӣ») истифода мебаранд. Дар соли 2018 ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аmicus curiae пешниҳод карда шуд (парвандаи Зайдуллоев), ки аз ҷониби коршиносони Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон (Варшава) омода гардида буд.

Ташкилотҳои узви Эътилоф аъзои Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шумор мераванд. Дар соли 2018 гуруҳ аз 16 муассисаи пӯшидаву нимапӯшида ва 5 қисми ҳарбӣ дидан намуд.

Эътилоф мониторинги иҷрои уҳдадориҳо дар самти озодӣ аз шиканҷа аз ҷониби Тоҷикистонро амалӣ месозад, гузоришҳои алтернативиро ба мақомоти СММ омода мекунад, инчунин дар ҷараёни пешбурди озодӣ аз шиканҷа ҳангоми муколамаҳо оид ба ҳуқуқи инсон фаъолона иштирок менамояд.

Аз ҷониби Гуруҳи расонӣ 394 матлаб, аз он ҷумла бо забони русӣ 168, бо забони тоҷикӣ 195 ва бо забонӣ англисӣ 31 матлаб пахш карда шудааст. Эътилоф торнамои худ - www.notorturetj.org, www.notorture.tj ва саҳифаҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорад, ки воситаи фарогири иттилоотӣ дар масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон ба шумор рафта, дар онҳо метавон мақолаҳои вобастаи ВАО, ҳуҷҷатҳои барномавӣ, натиҷаҳои таҳлилҳову тадқиқотҳо, мусоҳибаҳо ва дигар иттилооти заруриро дарёфт намуд.

Дар соли 2018 фаъолияти умумии Эътилоф аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Фонди Зигрид Раузинг Траст, бахши Ташкилоти байналмилалии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон, Фонди ихтиёрии СММ оид ба дастгирии қурбониёни шиканҷа, Вазорати корҳои хориҷии Финляндия, БРСММ ва дигарон дастгирӣ ёфт.

Ба санаи 31-уми декабри соли 2018 аъзо ва шарикони Эътилоф 12 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 12 шахсони инфиродӣ ба шумор мераванд.

 

Барои ба даст овардани маълумоти иловагӣ, лутфан, ба Нурмаҳмад Халилов - Роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Маркази ҳуқуқи инсон ва Шоира Давлатова - Ҳамоҳангсози Гуруҳи расонаии Эътилоф, Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат намоед.

E-mail: notorture.tj@gmail.com

Натиҷаҳои фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар соли 2018 баъдтар бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ пешниҳод карда мешаванд.

NoTorture.Tj