ГКҲ дар соли 2020: 37 муроҷиат оид ба масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд

 

Фаъолияти Гуруҳи кумаки ҳуқуқии (ГКҲ) Эътилофи зидди шиканҷа ба пешбурди таъсиси системаи вокуниши самаранок ба аризаҳо оид ба шиканҷаву муносибати бераҳмона ва таъсиси механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар мавриди расонидани кумаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст.

Дар соли 2020 Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ фаъолияташро дар самти ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва муносибати бераҳмона идома дода, машварату кумаки ҳуқуқӣ пешниҳод намуда, мониторинги мурофиаҳои судиро амалӣ кард. Дар якҷоягӣ бо гуруҳи таҳлилӣ корҳоро дар самти омодасозии ҳуҷҷатҳо ба мақомоти байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон анҷом дод. Якҷоя бо гуруҳи расонаӣ, ГКҲ фаъолиятҳоро дар самти омодасозии матолиби иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ ва маълумотҳо аз рӯйи парвандаҳои алоҳида, қонунгузорӣ ва таҷрибаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона амалӣ намуд.

Моҳи апрели соли 2020 ба кормандони ГКҲ зарур омад, ки дар робита бо пандемияи COVID-19 ба кори фосилавӣ гузаранд. Кор тариқи онлайнӣ пеш бурда шуд, қурбониён ва намояндагони онҳо тавассути телефон машварат гирифтанд, дар ҳолатҳои фавқулодда қабули шаҳрвандон бо риояи чораҳои бехатарӣ амалӣ карда шуд. Инчунин, барои қабули шаҳрвандон нақшаи навбатдорӣ тартиб дода шуд. Сарфи назар аз он, ки дар кишвар карантин дар шакли канорагирии шаҳрвандон эълон нашуда буд, дар давраи аз моҳи апрел то декабри соли 2020 шумораи муроҷиати шаҳрвандон коҳиш ёфт, шаҳрвандон боло бурдани чораҳои эҳтиёткориро риоя намуданд, аз ҷумла ҳузури худро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ маҳдуд карданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ тағйири корро бо сабаби пандемия расман эълон накарданд, аммо маҳдудиятҳои муайяни марбут ба муроҷиатҳои шаҳрвандон риоя гардиданд. Дар Тоҷикистон занҷираи идораи электронӣ на он қадар хуб кор мекунад, веб-сайтҳои мақомоти давлативу маҳаллӣ одатан фаъол нестанд ё танҳо вазифаи иттилоърасонӣ доранд, зеро дар кишвар дастрасӣ ба хизматгузориҳои электронӣ амалан вуҷуд надорад. Ба ғайр аз ин, интернет, ки арзиши баланд ва суръати паст дорад, барои пешниҳоди хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба шаҳрвандон имкон намедиҳад. Ҳамин тавр, дар шароити пандемия аз ҷониби судҳо, прокуратура ва мақомоти корҳои дохилӣ ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи шаҳрвандон барои муроҷиат роҳ дода шуд, зеро зуд қабули бевоситаи шаҳрвандон, бақайдгирии шикоятҳо, муроҷиатномаву аризаҳо маҳдуд карда шуд. Аризаҳо дар бораи ҷиноятҳо ба қайд гирифта намешуданд, ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ нашр намегардиданд ё бо таъхири зиёд ба нашр мерасиданд, дастрасии адвокатҳо ба мизоҷонашон бошад, ҳатто дар сурати мавҷуд будани иҷозати хаттии муфаттиш ё судяҳо қатъиян манъ карда шуда буд. Дар робита бо вазъияти эпидемиологӣ ба ғайр аз он парвандаҳои ҷиноятие, ки тибқи онҳо нисбати судшавандагон қарор дар бораи чораҳои тарк накардани ҷойи зист бароварда шудааст, баррасии парвандаҳои гражданӣ дар судҳо барои муҳлати номуайян ба таъхир гузошта шуд, ки воқеан ба муҳлати баррасии аризаҳои вобаста ба пардохти ҷуброн таъсир расонид.

Аз ҷониби Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ дар соли 2020 натиҷаҳои зерин ба даст омаданд:

Мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузории шиканҷа дар ҳолатҳое аз рӯйи шикоятҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона роҳнамоии ҳуқуқиро амалӣ месозанд, ки зарурати ҷалби адвокатҳо вуҷуд надорад. Дар натиҷа, мутахассисон барои ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ ҷалб шудани шахсони гунаҳкор ноил гардиданд. Дар як ҳолат, ҳангоми шикоят аз шароити нохуби нигоҳдорӣ, ки маҳбус тамоман нобино шудааст, мутахассис тавонист барои интиқоли ӯ ба низоми иҷрои ҷазо дар колония муваффақ гардад.

ГКҲ барои баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ ба баррасии иловагӣ муваффақ шуд. Суди Олӣ бори аввал бо дархости тафтиш кардани гуноҳи сардори ШВКД-е, ки барои амали зертобеонаш ҷавобгарӣ бар дӯш дорад, парвандаи ҷиноятиро ба баррасии иловагӣ фиристод. Ба ғайр аз ин, Суди Олӣ ба таҷрибаи манфии ҳабси маъмурӣ, ки барои истифодаи шиканҷа мусоидат намудааст, таваҷҷуҳ зоҳир кард ва талаб дошт, ки нисбати судяи Суди шаҳри Турсунзода ва милитсионери минтақавии протоколи қалбакӣ тартибтода чора андешида шавад.

Таҷрибаи супоридани аризаҳои шикоятӣ ба судҳо оид ба пардохти ҷуброни зарари маънавӣ ба қурбониёни шиканҷа идома дорад. Аз рӯйи парвандаи Хоҷаназаров К. ба манфиати ҳамсари ӯ ва кӯдакони ноболиғаш аризаи даъвогӣ супорида шудааст, ки ба ҳайси ҷавобгарон ду ниҳод - ВКД ва КДАМ ҶТ нишон дода шудаанд.

Дар рафти фаъолияти худ ГКҲ ба баъзе мушкилот дучор шуд. Ҳимояи ҳуқуқӣ асосан аз ҷониби мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ва адвокатҳои наве, ки қаблан дар тренингҳо тибқи Протоколи Истамбулӣ иштирок накарда буданд ва дар тартиб додани дархост оид ба таъини ташхис дар мавриди баҳогузории зарарҳои ҷисмониву равонӣ таҷриба надоштанд, амалӣ гардид. Дар ин робита, барои адвокатҳо тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ дар қисми таснифи ҷузъии усулҳои истифодаи шиканҷа, зарарҳои ҷисмониву равонӣ, вазъи умумии саломатӣ баъди истифодаи шиканҷа, таҳияи суолҳо барои ташхисгарони судӣ-тиббӣ ва равоншинос душвор аст.

Мушкилоти ҷиддии вокуниш ба дархостҳои адвокатҳо дар бораи истеҳсолоти ташхиси маҷмуӣ аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ва судҳо вуҷуд доранд. Муфаттишон ва судяҳо аз рӯйи дархостҳои пешниҳодшуда қарор қабул намекунанд, ки дар ин сурат муҳлатҳои мурофиавии баррасии онҳоро, ки дар КМҶ ҶТ пешбинӣ гардидаанд, нақз месозанд. Бояд зикр намуд, ки мушкилот махсусан дар баҳогузории оқибатҳои равонии истифодаи шиканҷа вуҷуд дораду адвокатҳо на ҳамеша омодаи пешниҳод кардани дархост оид ба ташхис, баҳогузории ҳолати равонии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаанд. Дар таҷрибаи судӣ чунин дархостҳо хеле кам пешниҳод карда мешаванд.

Дар давраи пандемияи COVID-19 адвокатҳо аз дастрасӣ ба зерҳимояҳои худ маҳрум монданд. СРИҶҶ ҶТ муроҷиати адвокатҳоро оид ба дастрасӣ ба зерҳимояҳо бо асоси ҳолати эпидемиологӣ дар кишвар рад кард.

Аз рӯйи парванда оид ба истифодаи шиканҷа, ки нисбати 4 мансабдори баландпоя ҳукм бароварда шуда буд, суд пардохти ҷуброни зарари маънавиро ба қурбонии шиканҷаи ҷабрдида эътирофшуда рад кард. Суд қарор баровард, ки давлат дар симои ниҳоди ваколатдор (ВКД ҶТ) ҷавобгариро барои амали хизматчиёни давлатие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои давлатиашон ҳуқуқи инсон ба ҳимоя аз шиканҷаро нақз кардаанд, бар уҳда намегирад. Ин ҳолат нақзи ҷиддии стандартҳои байналмилалии озодӣ аз шиканҷа ба шумор меравад. Адвокатҳо аз болои қарори суд шикоят мебаранд.

Ба ғайр аз ин, дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони ГКҲ бо мушкилоте аз қабили даст кашидани қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо аз шикояти дигарбора нисбати амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯ ба рӯ шуданд. Радсозиҳо пеш аз ҳама бо ҳарос аз таъқиби ҷиноятии оянда, таҳдид аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нобоварӣ ба системаи адолати судӣ асос ёфтаанд. Дар натиҷаи чунин радсозӣ кори анҷомдодаи мутахассис наметавонад то ба охир расонида шавад, ки метавонад ба самаранокии нишондиҳандаҳо ва ба фаъолияти ГКҲ дар умум таъсири манфӣ расонад.

Ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона. Дар давраи аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои аъзои Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои аъзои Эътилоф 37 муроҷиат оид ба масоили истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки аз онҳо 9-тояш нисбати занон ва 2-тояш нисбати ноболиғон аст. Аз рӯйи 11 парвандаи солҳои қаблӣ кор идома ёфт.

Нақзи асосии ҳуқуқи инсон дар ҷараёни боздошт ва гузаронидани тафтишот: боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсарона; зӯроварии ҷисмонӣ дар шакли латукӯб, шиканҷа бо қувваи барқ; таҳдиди таҷовузи худи қурбонӣ ва/ё аъзои оила; тарсонидан аз ҳабс кардан.

Шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо мақсади ба даст овардани нишондодҳои худиқрорӣ, ҷазо барои содири амалҳои муайян ё ба сифати чораҳои розигӣ ва паст задани шаъну шарафи шахсӣ истифода шудаанд.

Аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба мақомоти гуногуни давлатӣ ворид гардиданд, аммо шумораи аз ҳама зиёд - 20 адад ба мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд.

Мониторинги мурофиаҳои судӣ. Дар соли 2020 наззораи мурофиаҳои судӣ аз рӯйи 7 парванда гузаронида шуд. Намояндагони ГКҲ ҳамагӣ дар 12 мурофиаи судӣ ба ҳайси нозир иштирок карданд.

Хулосаҳои асосӣ:

- Қисми зиёди мурофиаҳои судӣ бо таъхири зиёд оғоз гардиданд. Аз 10 мурофиаи судӣ 4-тои онҳо, ки мониторинг гузаронида шуданд, бо таъхири то 30 дақиқа оғоз ёфтанд. 6 мурофиаи судии боқимонда бо таъхири ҷиддии 1,5-2 соат оғоз гардиданд. Сабаби таъхир дар ягон ҳолат шарҳ дода нашуд.

- Дар бисёр ҳолат баррасии парвандаҳо дар утоқҳои судяҳо мегузаранд, ки барои гузаронидани мурофиаҳои судӣ мувофиқ нестанд, инчунин наметавонанд ҳама хоҳишмандони иштирок кардан дар мурофиаҳои судиро ғунҷонанд. Ин ба кушодагиву шаффофияти истеҳсолоти судӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

- Аз рӯйи як қатор дархостҳои адвокатҳо судяҳо бо нақзи қонунгузории мурофиавӣ ва стандартҳои байналмилалӣ қабули қарорро ба мурофиаҳои ояндаи судӣ гузоштаанд. Барои таъмини мурофиаи боадолати судӣ муҳим аст, ки ҳамаи дархостҳо саривақтӣ қабул ва баррасӣ гарданд, зеро ин метавонад ба ҷараёни мурофиаи судӣ таъсир расонад. Масалан, ҳангоми наззора ҳолатҳое маълум карда шуданд, ки вақте дархост оид ба таъини ташхиси судӣ-тиббӣ, ки дар бораи додани нишондодҳои худиқрорӣ дар натиҷаи истифодаи шиканҷа ариза пешниҳод шудааст, ба мурофиаҳои судии оянда гузошта шудаанд. Чунин таҷриба метавонад ба он таъсир расонад, ки бо гузашти вақт изҳои шиканҷаву муносибати бераҳмона аз байн раванд ва исбот кардани аризаҳои сохтакорона дар ҷараёни суд оид ба истифодаи шиканҷа душвортар (ё ғайриимкон) гардад.

- Нозирон ҳамчунин зикр намуданд, ки дар биноҳои суд шароит фароҳам оварда нашудааст: дар давраи зимистон толорҳои мурофиаҳои судӣ гарм карда намешаванд, иштирокчиён маҷбуранд бо либосҳои болопӯш шинанд, дар давраи тобистон биноҳо салқин карда намешаванд.

a) Нобаробарии иштирокчиён: дар вақту соате, ки дигар иштирокчиён ҳангоми вуруд дар даромадгоҳ тафтиш ва телефонҳои мобиливу дигар анҷомҳояшон гирифта мешавад, айбдоркунандаи давлатӣ (прокурор), котиб ва кормандони милитсия дар толори суд аз телефонҳои мобилияшон истифода мебурданд. Инчунин, ҷузвдонҳои адвокатҳо низ тафтиш карда мешавад.

Расонидани кумаки ҳуқуқӣ/намояндагӣ дар суд

Фонди ҳаққи қалам барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва/ё хешовандони онҳо дар мувофиқа бо аъзои комиссия оид ба тақсими Фонди ҳаққи қалам (4 нафар) ва ҳамоҳангсози Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ хароҷот карда мешавад. Дар соли 2020 ба Фонди ҳаққи қалами Эътилоф 13 дархост оид ба пешниҳоди хизматрасонии адвокат аз рӯйи муроҷиатҳои нав ворид гардид, ки дастгирӣ ёфтанд. Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ 6 кейси стратегиро пайгирӣ мекунад, ки аз онҳо 4 адад оид ба парвандаҳои солҳои қаблиянд.

Шумо ҳамчунин метавонед бо маводҳои мо ва иттилооти дигар дар сомонаи мо https://notorturetj.org/ ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шавед

дар  Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Дар Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Дар Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Дар Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Дар Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Дар Теллеграмм: http://t.me/notorturetj

Дар Инстраграмм: notorture.tj

NoTorture.Tj