Гуруҳи расонаӣ дар соли 2020 аксияҳо, намоиши аксҳо ва чорабиниҳо гузаронид

Эътилофи зидди шиканҷа ба кор бо ВАО оид ба инъикоси мушкилоти шиканҷа ва таъсиси сиёсати «таҳаммулпазирӣ» ба шиканҷа таваҷҷуҳи зиёд медиҳад. Инъикоси ҳолатҳои инфиродии истифодаи шиканҷа ва ҷараёни мурофиаҳои судӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқи милливу байналмилалӣ ба ин масоил ва муттаҳидсозии талошҳои онҳо баҳри мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ мусоидат менамояд.

Фаъолияти гуруҳи расонаӣ ба инъикоси системавии фаъолияти Эътилоф, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва ҷалби аҳолӣ ба мубориза бар зидди шиканҷа тавассути ВАО равона гардидааст.

Дар соли 2020 гуруҳи расонаӣ як қатор аксияҳо, намоиши аксҳо ва чорабиниҳоро баргузор намуд:

Аксияву чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн

Аз 26-уми май то 26-уми июни соли 2020 Эътилоф бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа чорабинии якмоҳа гузаронид. Давоми як моҳ дар мониторҳои супермаркетҳо, марказҳои савдо, марказҳои тиҷоратӣ ва дигар ҷойҳо дар тамоми ҳудуди шаҳри Душанбе наворҳо бахшида ба озодӣ аз шиканҷа намоиш дода шуданд.

Дар торнамои Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби иттилоотӣ оид ба амалисозии ҳар як банди (ҳамагӣ 22-то) Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 ҷойгир карда шуданд.

Ташкилоти узви Эътилоф - ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар ҳамдастӣ бо Эътилоф ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта”-ро омода намуд, ки дар бораи қисмати 13 сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ва “меҳтарсолорӣ” гардида ҳикоят мекунад.

26-уми июни соли 2020 дар ҷамоати куҳистони Чилдухтарон мутахассисони ташкилоти узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - ТҶ “Наҷоти кӯдакон” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа бо сокинон вохӯрии иттилоотӣ гузарониданд.

4-уми июни соли 2020 аз соати 11:00 то 12:00 дар радиои «Азия-Плюс» дар барномаи навбатии “Фурсати донистан!” бо радиошунавандагон дар мавзуи “Мо ба қурбониёни шиканҷа, хешовандони онҳо ва нафароне, ки хоҳони адолатанд, кумак мерасонем. Шумо бошед, метавонед ба мо кумак расонед!” суҳбати мустақим сурат гирифт, ки шунавандагон суолҳои худро дар мавзуи озодӣ аз шиканҷа ба ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилоф - Абдураҳмон Шарипов (ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”) ва Хушбахт Исоев (ТҶ “Дунёи ҳуқуқ”) пешниҳод намудаву посух гирифтанд.

Аз 22 то 25-уми июн дар доираи аксия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа аъзои ГТҶ - ҲРУ (Гуруҳи ташаббускори ҷавон - Ҳадафи рушди устувор)-и назди ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, миёни ҷавонони кишвар ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа аксия гузарониданд. Дар аксия 31 нафар иштирок карданд ва соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Амалисозии таҷрибаҳои инъикоси масоилии пешгирии шиканҷа

17-18-уми августи соли 2020 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисони робита бо ҷомеаи мақомоти давлатӣ дар мавзуи «Ҳамкорӣ ва амалисозии навгониҳо дар  инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона» тренинги омӯзишӣ доир намуд. Дар тренинг дар бораи стандартҳои байналмилаливу миллӣ оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, раванди амалисозии Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022, инчунин фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Чорабинии 30-рӯзаи «Ҳуқуқ! Шараф! Рушд!» ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон чорабинии 30-рӯзаро таҳти шиори «Ҳуқуқ! Шараф! Рушд!» баргузор намуд. Давоми як моҳ, аз 10-уми ноябр то 10-уми декабр дар асоси 30 моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар овезаҳо омода карда шуданд, ки ҳар рӯз дар сайти Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода мешуданд.

10-уми ноябри соли 2020 дар чор ноҳияи пойтахт (назди «Бозори Варзоб» (ноҳияи И. Сомонӣ), маркази савдои «Садбарг» (ноҳияи Шоҳмансур), «Бозори Яккачинор» (ноҳияи Фирдавсӣ), «Бозори Зарафшон» (ноҳияи Сино) чорабинии «COVID-19 ва ҳуқуқи инсон» баргузор гардид. Дар рафти ин чорабинӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносон ва таҷрибаомӯзони ташкилотҳои аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо тарзи ройгон машваратҳои инфиродии ҳуқуқӣ дода шуданд ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ (ВМШ) - ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва антисептикҳо тақсим карда шуданд. Воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва машваратҳои ҳуқуқӣ ба роҳгузарони оддии синну соли гуногун - ҷавонону пиронсолон дода шуданд. Саволҳои шаҳрвандон, махсусан ба шуғл ва барасмиятдарории дурусти муносибатҳои меҳнатӣ бо корфармо, пардохтҳо ҳангоми корношоямӣ бинобар бемории COVID-19, масъалаҳои манзил марбут ба саҳмгузорӣ ба сохтмони нав ва барасмиятдарории дурусти гузариши ҳуқуқи моликият, дастрасӣ ба иттилоот ва муҳлати пешниҳод намудани посух ба муроҷиати шаҳрвандон ва ғайра алоқаманд буданд.

13-уми ноябри соли 2020 дар давоми як соат дар пахши мустақими радиои “Asia-plus” барномаи “Come back show” дар барандагии Баха Назирбаев ва Даря Христолюбова баргузор гардид, ки дар рафти он викторинаи радиоӣ ва машваратҳо дар реҷаи онлайн гузаронида шуданд. Дар оғози барнома маводи аудиоӣ оид ба ҳуқуқи инсон пахш гардид ва баъд аз он ҳуқуқшиносони ташкилотҳои аъзои Эътилоф - Сайфуллоев Салим, Уроқов Зафар, Шозодаева Гулгуна ва Хисомов Далер оид ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон сухан ронда, ба саволҳои шунавандагон посух доданд. Дар охири барнома викторина гузаронида шуд ва ғолибоне, ки ба саволҳо дуруст посух доданд, сазовори ҷоизаҳои зерин гаштанд: финҷони қаҳванӯшии (термокружка) Rondell Infinity RDS - 923, дарзмоли Maxwell MW - 3039, мӯйхушккунаки Grundig HD 2509, тарозуи электронии Maxwell MW - 2666, тарозуи электронии Maxwell MW - 2667.

Рӯзи 18-уми ноябри соли 2020 дар кинотеатри “Кайҳон”-и пойтахт киноклуб баргузор гардид. Беш аз 70 нафар баъд аз тамошои филми “Зеленая миля” (режиссёр Френк Дарабонт, муаллифи сенария Стивен Кинг) дар мавзӯи ҳуқуқи инсон тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ мубоҳиса карданд. Дар тамошои ройгони филм ҳама хоҳишмандони синни аз 16-сола боло иштирок намуданд. Мақсади киноклуб ҷалб намудани диққати шаҳрвандон ба ҳуқуқи инсон буд.

Аз 23 то 25-уми ноябри соли 2020 зиёда аз 60 нафар дар марафон оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд. Чорабинӣ дар қаҳвахонаи “Паркинг” бо риояи чораҳои эҳтиётӣ вобаста ба COVID-19 баргузор гардид. Ба иштирокчиён таърихи мухтасари ҳуқуқи инсон нақл карда шуд, филм оид ба пайдоиши ҳуқуқи инсон ва Билл оид ба ҳуқуқи инсон намоиш дода шуда, баъдан онҳо дар якҷоягӣ бо коршиносон принсипҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва Конститутсия, стандартҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқ ба манзили дастрас муҳокима намуданд. Дар охири чорабинӣ дар платформаи Kahoot викторина гузаронида шуд, ки иштирокчиёни аз ҳама фаъол соҳиби туҳфаҳо гардиданд.

1-уми декабри соли 2020 Эътилоф тақвими девории варақгардонро барои соли 2021 дар мавзӯи ҳуқуқи инсон нашр намуда, онро байни шарикону ҳамкорон тақсим кард. Дар ҳар як саҳифаи тақвим моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон нашр гардидаанд.

6-уми декабри соли 2020 дар Душанбе мусобиқаи мубоҳисавии “Ҷоми ҳуқуқ” баргузор гардид. Мусобиқа аз соати 08:00 то 21:00 дар Маркази омӯзиши забони олмонии “DEX”-и пойтахт баргузор гардид. Михаил Дружинин, Манучеҳр Ѓаффоров, Александра Смирнова ба ҳайси доварони мусобиқа, Нуриддин Ишонқулов ба ҳайси довари асосии мусобиқа даъват гардиданд. Барои иштирок дар мусобиқа 16 даста, иборат аз ду нафар аз байни хоҳишмандон (дар маҷмуъ 32 нафар), чор довар ва 10 тамошобин ба қайд гирифта шуданд. Ғолиби мусобиқаи “Ҷоми ҳуқуқ” дастаи “Sky” гардид, ҷойи дуюмро дастаи “Приветик” ишғол намуд, ҷойи сеюм насиби дастаи “ЧБД” гардид ва дастаи “Облако” дар ҷойи охирин қарор гирифт. Доварони беҳтарини мусобиқа Александра Смирнова ва Михаил Дружинин гардиданд. Суханвари беҳтарини мусобиқа намояндаи дастаи “Мы за дзюбу” - Бахтиёр Қурбонов гардид. Манижа Қадамова аз дастаи “Облако” дуюмин суханвари беҳтарин ва Таманно Шарифова суханвари сеюмин гардиданд.

Инчунин, инфографикаву матолиби мултимедӣ омода карда шуданд:

1). Инфографика: «Механизмҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон»

https://notorturetj.org/news/infografika-mezhdunarodnye-mehanizmy-v-zashchitu-prav-cheloveka

2). Инфографика: «Зарари маънавӣ ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона: он чӣ тавр ҷуброн мешавад?»

https://notorturetj.org/news/infografika-moralnyy-vred-zhertvam-pytok-i-zhestokogo-obrashcheniya-kak-vozmeshchaetsya

3). Мултимедиа: «Шумо ҳуқуқҳоятонро медонед?»

https://notorturetj.org/news/infografika-moralnyy-vred-zhertvam-pytok-i-zhestokogo-obrashcheniya-kak-vozmeshchaetsya

РОҲНАМОИИ РАСОНАИИ ФАЪОЛИЯТИ ЭЪТИЛОФ

Дар давраи моҳҳои январ - декабри соли 2020 аз ҷониби гуруҳи расонаӣ 454 матлаб, аз ҷумла бо забони русӣ 230 матлаб (иттилоия - 12, таҳлил - 12, матолиби мултимедӣ\видео\аудио - 19, матолиби иттилоотӣ - 87, аз дигар манбаъҳо - 12, матолиб оид ба аксияву чорабиниҳо - 88), бо забони тоҷикӣ 149 матлаб (иттилоия - 7, таҳлил - 8, матолиби мултимедӣ\видео\аудио - 13, матолиби иттилоотӣ - 42, аз дигар манбаъҳо - 3, матолиб оид ба аксияву чорабиниҳо - 76), бо забони англисӣ 75 матлаб оид ба аксияву чорабиниҳо ба нашр расонида шудаанд.

NoTorture.Tj