Article Pages

Ман ҳеҷ гоҳ нисбати дарду ранҷҳои ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавӣ бетафовут набудам. Дар роҳи ҳаётии худ зиёд нафаронро дар ҳолати вазнин дидам ва ҳамеша кӯшиш намудам ба онҳо кӯмак расонам, хусусан вақте ки ба ман қурбониёни беадолативу таҳқирдидагон муроҷиат мекарданд. Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки принсипи зиндагии ман - ҳимоятгари ҳуқуқ будан, ин ҳаёти ҳимоятгари ҳуқуқ аст. Вақте ки бо ташаббуси ТҶ...

21.01.2019 - 13:40

- Новобаста аз вазъи гендерӣ ва гаравиши шаҳвонӣ, ҷинс, синну сол, эътиқод ва ранги пӯст, қонун барои ҳама як аст!

12.12.2017 - 14:22

Ҳангоми гузаронидани тадқиқотҳои ҳуҷҷатӣ ва журналистӣ борҳо шоҳиди нақз гардидани ҳуқуқҳои мардум аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ шудаам. Иддае аз сокинон собит кардаанд, ки аризаву мактубҳояшон гоҳо аз сӯи бархе масъулини ниҳодҳои давлатӣ ва ё қудратӣ қонунан ва дуруст, дар вақташ баррасӣ нашуда, балки нодида гирифта мешавад. Баъди муроҷиати пайдарпай ба мақомот баъзеҳо бо охирин умеди...

28.11.2017 - 10:17

- Ҳимояи ҳуқуқи инсонро ман барои худ афзалият мешуморам ва дар ин самт зиёда аз 10 сол боз кор карда истодам. Дар таҷрибаи бисёрсолаи худ мо он нафаронеро ҳимоят кардем, ки ба кўмак ниёз доштанд, онҳоеро, ки ҳуқуқҳояшон аз ҷониби мақомоти давлатӣ нақз шуда буд. Дар ҳоле, ки давлат барои ҳимояи тамоми шаҳрвандон, аз он ҷумла қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа бар дўши худ уҳдадорӣ гирифтааст. Ба ин...

15.09.2017 - 21:10

- Шояд каму беш ба касе кўмакам расида бошад. Мекўшам боз ҳам ёрдами хешро ба корафтодагону эҳтиёҷмандон расонам. Мақсадам танҳо ҷомеаро барои ҳалли масоили ҳалталаб фаъолтар намудан, огоҳ кардан аз ҳуқуқҳояшон, пешрафти кору ободии кишвар ва саҳм гузоштан дар таъмини волоияти қонун аст.

21.08.2017 - 17:48

- Ман ҳомии ҳуқуқам. Барои чӣ ҳомии ҳуқуқ шудам? Барои он, ки зуд-зуд мебинам дар атрофам чӣ хел ҳуқуқҳои инсон нақз мешаванд. Хусусан ҳуқуқи занону кӯдакон. Ин яке аз гурӯҳҳои бештар осебпазири аҳолӣ аст. Тавре таҷрибаи кории бисёрсола нишон дод, аз ҳама зиёд ҳуқуқҳои одамоне нақз мешаванд, ки ҳуқуқҳои худро намедонанд ва ҳамзамон намедонанд онҳоро чи тавр ҳифз намоянд. Ба ин гурӯҳи одамон...

31.07.2017 - 06:57

- Мо ба занҳо ва оилаҳои кӯдакони маълул дошта кӯмак мерасонем ва ҳимояи иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам меорем. Баҳри онҳо барои худидоракунӣ шароит месозем. Чеҳраҳои дурахшони занону кӯдаконро дида, мо дарк мекунем, ки дар роҳи рост барои ба даст овардани мақсади асосӣ - мустақилият қарор дорем. Ва ин муваффақияти мо ба шумор меравад.

28.07.2017 - 12:03

- Мақсади ман ҳамчун ҳомии ҳуқуқ наҷот додани одам аз ҷазо не, балки манъ кардани нақзи ҳуқуқ аст. Ҳомии ҳуқуқ ҳидоятгари ахлоқу ҳақиқат аст. Масалан, агар касе дар тавқифгоҳи тафтишотӣ дучори шиканҷа шавад, бидуни маълумоти ҳуқуқӣ ҳам нақзи ҳуқуқро эътироф кардан мумкин аст. Ҳомии ҳуқуқ манфиати моддӣ намеҷӯяд, балки далелҳои беэҳтиромӣ нисбати инсон ва ҳуқуқҳои ӯро ошкор месозад.

20.07.2017 - 11:01

- Ман ҳамчун рӯзноминигор зиёд бо тақдири шаҳрвандоне дучор мешавам, ки бо нақзи ҳуқуқҳояшон рӯ ба рӯ гардидаанд. Ҳар як шаҳрванди кишвари ману шумо на танҳо назди давлат  ӯҳдадорӣ, балки барои рушди озоди худ дар давлати демократӣ ҳуқуқ дорад. Вале зиёд мансабдороне, ки барои хизмати ҳақиқиву содиқона ба мардум қасам ёд намудаанд ва таъмини ҳамаи ин ҳуқуқҳо аз онҳо вобастагӣ дорад,...

19.07.2017 - 14:33

- Ҳимояи ҳуқуқи инсон кори бузург аст. Ва ман ифтихор дорам, ки ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ машѓулам. Ин уҳдадории ман ва қарзам ба ҳайси ҳомии ҳуқуқ аст.

18.07.2017 - 06:56

Страницы