Article Pages

- Ҳимояи ҳуқуқи одамон рисолатест, ки бояд аз ҷониби намояндагони касбу кори гуногун истиқбол гирифта шавад ва дастгирӣ ёбад. Бояд ба ҳомиёни ҳуқуқ кӯмак расонида шавад, то тавонанд дар ҳамдастӣ бо дигар намояндагони табақаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ барои пойдор кардани адолат талош варзанд. Вақте ки дар ҳамкорӣ бо ҳомиёни ҳуқуқ ба инъикоси масоили ҳуқуқӣ мепардозӣ ва қишри бештари аҳолӣ аз ҳуқуқҳояшон...

10.07.2017 - 13:52

Интихоби фаъолияти ман дар самти “ҳомии ҳуқуқ”, пеш аз ҳама ба ҳимояи арзиши олӣ -  ҳуқуқу озодиҳои инсон алоқаманд аст.  Дар давраи таҷрибаомузии донишҷӯиам бо фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ шиносоӣ пайдо намуда, ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба гуруҳҳои осебпазир ва натиҷагирии мусбат аз он, ҳаловат мебурдам. Зеро  нафароне, ки бехонаву дар мондаанд, соҳиби манзил гардиданд, дигаре...

06.07.2017 - 08:49

- Ҳуқуқи инсон бароям муқаддас аст. Ҳар як инсон дорои ҳуқуқу озодиҳои муайян мебошад, ки ин ҳуқуқҳо бояд тибқи қонун ҳимоя карда шаванд. Фаъолияти дар самти "ҳомии ҳуқуқ" доштаам ба ман чунин имкониятро медиҳад. Аз ҳамин лиҳоз, ба ин фаъолият дил бастаам ва қадре ҳам бошад, мехоҳам ба одамон кӯмаки худро расонам.

05.07.2017 - 13:02

- Инак, зиёда аз 12 сол аст, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунам. Аввалин кореро, ки бо нақз шудани ҳуқуқи онҳо дучор гардидам, ҳамеша дар ёд дорам. Ин дар арафаи соли нави 2004 буд. Дар охири рўзи корӣ ба коргоҳи қабулгоҳи ҳуқукии ройгони мо марде омад ва кўмак пурсид. Рушан гардид, ки муҳоҷир ва наздикони ў дар ҳудуди Қазоқистон ба дасти гуруҳи криминалӣ афтодаанд. Онҳоро...

04.07.2017 - 15:37

- Ба навиштан дар бораи мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ман аз соли 2012 оғоз кардам. Ҳар вақте қаҳрамонҳои ман қиссаҳои худро дар бораи он, ки дар ғарибӣ бо чӣ қонуншиканиҳо ва душвориҳо дучор шудаанд, нақл мекарданд, дилам хун мешуд. Ҳамон вақт дарк кардам, ки бо роҳи инъикоси ҳолатҳо метавонам чизеро тағйир диҳам. Ман боварӣ дорам, ки як рӯзи хубе Тоҷикистон аз кишвари равонкунандаи...

03.07.2017 - 13:07

- Таври маълум, ҳимоятгарони ҳуқуқ одамонеро мегӯянд, ки дар танҳоӣ ё ҳамроҳ бо дигарон ҳуқуқи инсонро бо роҳҳои осоишта тарғибу риоя мекунанд. Яроқи ҳомии ҳуқуқ баҳри мубориза барои ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон сухан аст. Ман ҳамчун адвокат дар таҷрибаи худ тамоми ҳуқуқҳои умумиву ҷудонашавандаи инсонро дар кишвари азизи худ риоя намуда, кӯшиш мекунам бо роҳҳои қонунӣ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии...

01.07.2017 - 12:54

- Аввалан, барои он ки сабабҳои воқеии ҳомии ҳуқуқ шудани ман фаҳмо гардад, бояд ба 20 соли гузашта баргашт, замоне, ки ман ҳанӯз кӯдак будам. Аз хурдӣ ман филмҳо дар бораи қаҳрамононро дӯст медоштам. Принсипҳо, мақсадҳо, ғурури онҳо ва боварӣ ба эътиқоди худ маро ҷалб намуда, маҷбур мекарданд, ки мафтунашон гардам. Бо ҳамин сабаб, ман қарор додам, ки қаҳрамон шавам, чун онҳо ба одамон кӯмак...

29.06.2017 - 16:25

- Ман барои он касби ҳуқуқшиносиро интихоб кардам, ки аз кӯдакӣ зуд-зуд шоҳиди зӯроварӣ ва беадолатӣ мегардидам. Аллакай ҳамон вақт қарор додам ҳуқуқшинос шавам ва ҳуқуқҳои онҳоеро, ки ба зӯроварӣ дучор мегарданд, ҳимоя намоям. Тоҷикистонамонро дӯст медорам ва хеле ифтихор дорам, ки метавонам дар рушди кишвари худ саҳм гузорам.

28.06.2017 - 10:00

- Ман фаъолияти кории худро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ оѓоз кардам. Кӯдаконе, ки ба синфи якум мераванд, ба дастгирӣ ниёз доранд, ба муаллим менигаранд ва аз ӯ кӯмак интизоранд, то ӯ ҳама чиро фаҳмонад, аз дасташон бигирад ва дуруст навиштани ҳарфу рақамро омӯзонад. Мақсади омӯзгор ин аст, ки ҳар як шогирдаш омӯзад ва ба мақсадҳояш расад. Вақте шогирдон мактабро хатм мекунанд ва ба мақсадҳои...

24.06.2017 - 17:41

- Ҳар кадоме аз мо ҳуқуқ ба зиндагии арзандаро дорем, сарфи назар аз он, ки кӣ ҳастем. Ҳимояи ҳуқуқи одамони гуногун - ин интихоби ман аст, зеро ҳуқуқи инсон бояд аз ҳама чиз боло бошад!

23.06.2017 - 09:49

Страницы