Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳайъати вижае аз коршиносони пулис ва намояндагони ҷомеъаи маданӣ дар ҷараёни мулоқот бо кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар вилоёти мухталифи ин кишвар наҳваи ҷилавгирӣ аз эъмоли шиканҷа ва авоқиби истифода аз онро шарҳ додаанд.
Як мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки ин гурӯҳ аз намояндагони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, дафтари кумисери ҳуқуқи башар, додситонии кул, додгоҳи қонуни асосӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ташкил шудааст.
Мулоқоти ин ҳайъат дар боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои бастаи вилояти Суғди Тоҷикистон оғоз шуда ва рӯзи ҷумъаи 22 ноябр дар шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, идома ёфт.
Муҳаммадризо Халифазода, раиси раёсати назорати иҷрои қонун дар ниҳодҳои пулис ва назорат бар мубориза бо қочоқи маводди мухаддири Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳадаф аз ин мулоқотҳоро комилан маҳв кардани шиканҷа дар ин кишвар унвон кард.
Оқои Халифазода гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ панҷ нафар аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар Тоҷикистон ба иттиҳоми истифода аз шиканҷа муҷоззот шудаанд.
Вай мегӯяд: “Вақте ки шахс дар бинои идораи умури дохилӣ фавт мекунад, дар ин робита бояд парвандаи ҷиноӣ боз кард ва баррасии он ҳатмӣ аст. Қатлро пинҳон намекунанд ва агар ин ин ҷурм аз мақомоти зидахл пинҳон шавад, он муҷозоти сангинеро дар пай дорад.”
Бино бар иттилоъи манобеъи расмӣ, дар соли 2012 беш аз 20 шикоят дар мавриди эъмоли шиканҷа аз сокинони Тоҷикистон ворид шудааст.
Парвина Наврӯзова, як масъули маркази ҳуқуқи башар ва раҳбари барномаи “Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон” низ аз ҷумлаи аъзои ин ҳайъат буд. Вай гуфт, ки мавҷудияти озору шиканҷа дар Тоҷикистон вокунишҳои шадиди ҷомеъаи маданиро дар пай доштааст.
Хонуми Наврӯзова мегӯяд: “Дар Тоҷикистон шикоят аз озору шиканҷа шудани зиндониҳо ба созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар зиёд ироа мешавад. Вале дар бештари маворид шояд ба хотири фишор ва таҳдид бар озордидагон, онҳо аз суҳбатҳои ошкор дар мавриди ин ҷиноят худдорӣ мекунанд.”
Хонуми Наврӯзова ҳамчунин афзуд: “Набуди имкони дидори бамавриди вакилони мудофеъ бо муваккилонашон аз мушкилоти дигаре аст, ки аз ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон монеъ мешавад. Ва аз ин рӯ вакилони мудофеъ дар бисёре аз маворид ба хотири надоштани далоил ва нишонаҳое аз шиканҷа, наметавонанд онро исбот кунанд.”
Аз сӯйи дигар, хонуми Наврӯзова гуфт, ки аз соли 2011 то ҳол ба маркази онҳо 28 шикоят аз сокинон дар мавриди озор ва шиканҷа шудани онҳо дар ниҳодҳои мухталифи интизомӣ дар Тоҷикистон ироа шудааст.
Дар соли 2012 давлати Тоҷикистон моддаи марбут ба муҷозоти шиканҷаро ба қонуни кайфарӣ изофа кард ва коршиносон мегӯянд, ки баъд аз ин дар ин кишвар додгоҳҳо чанде аз маъмурони интизомиро барои истифода аз зӯр алайҳи боздоштшудагон ва зиндониён равонаи зиндонҳо кардаанд.
Аммо мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд бо ишора ба мавҷудияти мавориди бештаре аз шиканҷа дар Тоҷикистон муҷозот шудани чанд нафар барои ин кирдорро ночиз медонанд.
Ба гуфтаи онҳо бемасъулиятии иддае аз раҳбарони ниҳодҳои интизомӣ, мавҷудияти фасоди густарда дар ин ниҳодҳо ва ғайриҳирфаӣ будани бисёре аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ аз далоили аслии даст ба шиканҷа задани кормандони ин муассисот аст.
Дар гузоришҳои солиёна дар бораи мавҷудияти шиканҷа дар ҷаҳон, Тоҷикистон ҳамчунон дар миёни кишварҳоест, ки дар онҳо шиканҷа то ҳол маҳв нашудааст.
Созмони Афви Байналмилал дар гузориши вижаи худ бо номи “Бозгашт ба шиканҷа дар Осиёи Миёна” гуфтааст: “Дар ду даҳаи ахир ҳазорҳо нафар дар ин минтақа аз боздоштҳои ғайриқонунӣ аз сӯйи маъмурони интизомӣ шикоят карда ва гуфтаанд, ки барои иқрор ба ҷурме ва ё талаби маблағ аз хешовандонашон аз сӯйи кормандони масъули зиндон ва пулис шиканҷа шудаанд.”
Ахиран “Мактаби мустақилли рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри 21” давраҳои омӯзишиеро барои инъикоси мавзӯъи ҳуқуқи инсон дар низоми адолати додгоҳӣ дар расонаҳо барои иддае аз рӯзноманигорон доир кард.
Дар ин давраҳои омӯзишӣ коршиносон ва ҳуқуқдонҳо дар мавриди ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва қонунии мубориза бо шиканҷа суханронӣ карданд ва шеваи гузоришгарии дуруст дар бораи онро ба хабарнигорони ҷавон омӯзондаанд.