Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Намоишҳои аксҳо ба дастгирии қурбониёни шиканҷа рӯзи 26-уми июн якбора дар се шаҳри кишвар - Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд баргузор гардиданд. Дар ин матлаб оид ба шеваи баргузории намоиши аксҳо дар пойтахт сухан меравад.
«… Аз як зарбаи сахт Акмал афтод ва нафасгир шуд», «… ӯ кафанро кушод ва дид, ки дар бадани писараш изҳои дақиқи латукӯб намудоранд», «… дар натиҷаи шиканҷа бо гузоштани қувваи барқ ҳангоми бозпурсӣ вафот кард», «… ба ҷои бозгашти писари баркамолаш аз хизмат, модар ҷасади ӯро барои гӯронидан гирифт», «… сабаби марги ӯ ҷароҳатҳои зиёди бо асбоби кунд расонидашуда гардид - муҳраҳои гардани ҷавон шикаста буд», - иштирокчиён ва меҳмонони намоиши аксҳо ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ки 26-уми июн дар шаҳри Душанбе доир гардид, қиссаҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро хонда, бо афсӯс сар ҷунбониданд.
«Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 16 муроҷиат бо шикоят аз истифодаи эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки қисми бештари шикоятҳо (14 адад) ба мақомоти ВКД дахл дорад»,- мегӯяд Гулчеҳра Холматова, адвокат ва намояндаи Эътилоф.
Шиканҷа ва муносибати бераҳмона чун пештара истифода бурда мешавад, аксар вақт дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ. Далелҳои зӯроварӣ дар артиш ҳам афзудаанд.
- Хушбахтона,- афзуд Гулчеҳра Холматова,- ба намоиши аксҳо, умуман ба масъалаи шиканҷа дар кишвар шумораи зиёди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Воқеан, агар дар намоишҳои аксҳои солҳои гузашта намояндагони ВКД, прокуратураҳо, судҳо маълум набуданд, имрӯз амалан иштироки тамоми «қисми қудратӣ» мушоҳида шуд.
«Чунин намоишҳо муҳим ва заруранд,- мегӯяд яке аз иштирокдорони чорабинӣ, судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Пайрав Наимзода.- Ва ман фикр мекунам, ки чунин чорабиниҳоро зиёдтар гузаронидан лозим аст, на танҳо дар рӯзи 26-уми июн».
Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир дар суди ин ноҳияи пойтахт ду ҳолате буд, ки судшавандаҳо дар бораи таҳти шиканҷа нишондоди худиқрорӣ доданашон арз карданд. «Бо таъиноти судяҳо чунин аризаҳо ҳатман барои санҷиш ба прокуратура фиристода мешаванд»,- мегӯяд Пайрав Наимзода.
Дар бораи он, ки аксияҳои зидди таҷрибаи истифодаи шиканҷа заруранд, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам изҳори назар мекунанд. Намояндаи Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Раҳматулло Нумонзода ва сардори хадамоти бехатарии ВКД ҶТ Шералӣ Сабзов гуфтанд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба корҳои пешгирикунанда аҳамияти зиёд медиҳад ва ҳамин аст, ки таҷрибаи истифодаи шиканҷа дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ дар солҳои охир тамоили пастшавӣ дорад. «Усулҳои муосири тафтишу ошкорсозии ҷиноятҳоро ҷорӣ кардан лозим аст ва дар ин сурат ба шиканҷа зарурат нахоҳад монд»,- боварӣ доранд онҳо.
Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳимоятгари ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова чунин мешуморад, ки ба ҷавобгарӣ на танҳо масалан корманди фаврӣ ё нозири колонияро, ки аз шиканҷа ва зӯроварӣ истифода бурдаанд, балки роҳбарияти онҳоро низ ҷалб кардан лозим аст. «Танҳо бо ҳамин шева роҳбарият метавонад дар сафҳои худ бо чунин таҷрибаи манфӣ мубориза барад»,- мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, чун моҳи майи имсол ҳайати ҳукуматии кишвар дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ гузориш дод, Тоҷикистон уҳдадорӣ гирифт, то дар қонунгузории ҷиноятӣ дар қисми пурзӯр намудани ҷазо барои шиканҷа ва татбиқ накардани авф ба нафароне, ки аз шиканҷа истифрода бурдаанд, тағйирот ворид намояд. «Ин хурсандиовар аст, гарчанде фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин тағйиротро ҳанӯз 10 сол пеш пешниҳод карда буданд. Аммо, тавре мегӯянд, ахиран ба мурод расиданд. Ин тағйиротҳо низ бояд ба пастшавии сатҳи паҳншавии шиканҷа таъсир расонанд»,- илова намуд Ойниҳол Бобоназарова.
Дар чорабинии имрӯза ғолиби озмуни Эътилоф барои беҳтарин матлаби журналистӣ ҳам эълон гардид. Хабарнигори радиои «Озодӣ» Муллораҷаб Юсуфӣ бо мақолаи «Ҳаёти сарбоз чанд пул меистад?» ғолиб дониста шуд.
Дар матлаб бо истинод ба ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» - ташкилоти узви Эътилоф гуфта мешавад, ки ҳаҷми ҷуброни зарари маънавӣ ба оилаҳои фавтидагон ва ё сарбозони тоҷики аз ҷониби ҳамхизматони худ маъюбгардида сол аз сол кам мешавад. Масалан, агар чанд сол пеш судяҳо ҳаҷми ҷубронро на камтар аз 700 доллари ИМА таъин мекарданд, ки он ҳам ҷуброни нокофӣ ҳисобида мешавад, ҳоло ин шумора ҳатто аз 200 доллар боло намеравад.
Ба иттилои Эътилоф, дар ду сол қурбониёни «меҳтарсолорӣ» дар артиши Тоҷикистон қариб ба 60 нафар сарбоз расидааст. Барои муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва шиканҷа 32 хизматчии ҳарбӣ ҷазо гирифта, 12 нафар авф шудаанд.
P.S. Дар нахустин намоиши аксҳо, ки соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 9 қиссаи қурбониёни шиканҷа пешкаш гардида буд. Имрӯз, бо гузашти 5 сол, чунин қиссаҳо як баробар (18 адад) зиёданд.
Намоишҳои аксҳо дар Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар ҶТ, Намояндагии ИА дар ҶТ, Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди «Зигрид Раузинг» ва Фонди Хелсинкски оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардиданд.