Гулчеҳра Раҳмонова, ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ»: дар давраи пандемия мо ба колонияи тарбиявии кӯдакона барои писарбачаҳо кумак расонидем

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари намояндаи ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» Гулчеҳра Раҳмонова дар ин маврид:

- Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» («Правовая инициатива») соли 2015 узви Эътилоф гардид. То ин вақт он дар Эътилоф дар ҳайати ТҶ «Маркази ҳуқуқи кӯдак» аз лаҳзаи таъсис ёфтанаш фаъолият мекард. Ташкилот ба он хотир узви Эътилоф шуд, ки моро як максад, рисолату вазифаи ягона - мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар кишвар муттаҳид мекард. Мо дарк мекардем, ки бо муттаҳид сохтани чанд ташкилот метавонем мубоиза бо шиканҷаро пурзӯр намуда, самаранокиро боло барем.

Дар доираи фаъолияти Эътилоф ташкилоти мо фаъолияти Гуруҳи офиятбахшии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳоро ҳамоҳангсозӣ мекунад. Дар доираи ин фаъолият мо кумаки маҷмуии офиятбахшӣ мерасонем, ки кумаку дастгирии тиббӣ ва равониву иҷтимоиро дар бар мегирад.

Инчунин, ташкилоти мо дар самти ислоҳоти системаи адолати судӣ дар нисбати кӯдакон, бо шумули кӯдакони қурбонӣ ва шоҳидони ҷиноят, ҳамчунин дар самти системаи пенитенсиарии марбут ба масоили кӯдакон кор мебарад.

Дар давраи пандемияи COVID-19 мо корро идома дода, ба колонияи тарбиявии кӯдакона барои писарбачаҳо кумак расонидем. Миёни кӯдакону кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Инчунин, дар давраи пандемия дар шакли доруворӣ, хӯрока ва воситаҳои ҳимоявию гигиенӣ кумак расонидем.

NoTorture.Tj