Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Чаро Рӯзи ҳуқуқи инсон муҳим аст?
То имрӯз ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки дар матни Эъломия инъикос ёфтаанд, дар он чун риштаи сурх мегузарад ва бетағйир боқӣ мондааст, инро ҳомиёни ҳуқуқи башари тоҷик, ки дар самтҳои гуногун ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро дар Тоҷикистонр тарғиб ва ҳимоя мекунанд низ мегӯянд. Инак назари онҳоро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон пешкаши шумо менамоем...
Тоҷинисо Азизова, директори Ташкилоти ҷамъиятии "ҲУКУКШИНОСОН": “Ҳамасола Рӯзи ҳуқуқи инсон 10 декабр қайд карда мешавад. Маҳз дар ин рӯз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар эълон карда шуд, ки дастоварди муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар доираи васеи ҳуқуқу озодиҳои бунёдиро, ки ҳамаи мо дорои онем, дарҷ намуд. Он ҳуқуқҳои ҷудонопазири ҳар як шахсро, сарфи назар аз нажод, ҷинс, забон, дин, ақидаҳои сиёсӣ ва дигар, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молумулкӣ, табақотӣ ё дигар кафолат медиҳад. Ҷашн гирифтани Рӯзи ҳуқуқи инсон, аслан имконияти иловагӣ барои бори дигар хотиррасон намудан оиди принсипи баробарии тамоми одамон мебошад”.
Рақамҳои телефони боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон:
Вилояти Суғд: 98 787 33 33
Вилояти Хатлон ва ВМКБ: 98 787 66 66
Шаҳри Душанбе ва ШНТҶ: 98 708 76 76
Почтаи электронӣ: Notorturetjk@gmail.com
Сомона: www.notorturetj.org
Оид ба масъалаҳои поймолшавии ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон тариқи телефонҳои (+992) 933331703, (+992) 933331803 муроҷиат намоед. Телефонҳо инчунин берун аз соатҳои корӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва ид дастрасанд.