Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Манижа Шаҳбозбекова, ҳамсари раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев, ки айни замон дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, ба вохӯрӣ бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муваффақ шуданист.
Дар нусхаи муроҷиати Шаҳбозбекова, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» расид, ӯ доир ба чӣ гуна бедарак шудани шавҳараш зимни марҳилаи фаъоли амалиёти низомӣ дар Хоруғ санаи 24-уми июли соли равон маълумоти муфассал медиҳад.
«Тақрибан санаи 22-юми августи соли 2012 аз ҳафтаномаии «Азия-плюс» огоҳ гардидем, ки ҳамсарам Шерик Карамхудоев дар маҳкамаи тафтишотии КДАМ қарор дорад. Санаи 17-уми сентябри соли 2012 модари Ш. Карамхудоев ба назди ӯ даромад. Аз дидани ӯ маълум гашт, ки косахонаи болои сараш кафида ва пояш захмдор шуда буд. Ба саволи модараш, ки «ба ту чӣ шуд, ин захмҳо аз куҷо?», Шерик Карамхудоев барои тасаллӣ додани модараш «Ман аз бом афтидам» гӯён ҷавоб додааст. Вале мо ин ҷароҳатҳоро аз истифодаи шиканҷа ба Шерик низ истисно намедонем. Аз ҳамон рӯз модари пиронсолаш ба ӯ бовар накарда, ба Шумо ва ба Прокурори генералии Тоҷикистон оид ба татбиқи шиканҷа ва тафтиши ҳолати кор муроҷиат карда буд. Пас аз шикояти модараш Покизамоҳ Иқболшоева, аз тарафи Прокуратураи генералӣ ба видео сабт шуда буд, ки дар он Ш. Карамхудоев бе иштироки адвокат ба тамоми айбе, ки аз тарафи Прокуратураи генералӣ эълон карда шуда буд, иқрор шудааст. Гӯё ӯ дар даст яроқ доштаасту ҳеҷ кас ӯро азобу уқубат надодааст. Ин сабти видеоиро кормандони Прокуратураи генералӣ барои Шумо пешкаш намуданд. Мӯҳтарам президент, чӣ тавр ва дар кадом асос кормандони Прокуратураи генералӣ шавҳари маро бе иштироки адвокат пурсиш гузаронида, ба видео сабт кардаанд? Канӣ адолату қонун?»,- менависад дар муроҷиатнома ҳамсари Ш. Карамхудоев.
Дар идома ӯ зикр мекунад, ки 29-уми сентябр адвокати онҳо ба назди Шерик Карамхудоев ва муфаттиши гурӯҳ Зубайдов Фахриддин даромада, оид ба истифодаи шиканҷа ва санҷиши аризаи шикоятии модараш пурсон шудаанд.
«Дар ҷараёни пурсиш ҳамсари ман аз кормандони КДАМ-и шаҳри Хоруғ шикоят кард. Шерик изҳор кард, ки дар онҷо ба сари ӯ халтаеро пӯшонида, бо мақсади ба даст овардани баёноти иқрори гуноҳ ӯро мавриди латукӯб қарор додаанд. Зимни вохӯрӣ бо адвокат ҳамсари ман гуфтааст, ки нисбати ӯ аз шиканҷа ва фишори равонӣ кор гирифта шуда, ба гузаронидани ташхиси судӣ исрор варзидааст»,- омадааст дар муроҷиатнома.
Ҳамсари роҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ аз президент дархост мекунад, ки ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноии шавҳари ӯро таҳти назорат гирад. Дар сӯҳбати телефонӣ бо ОИ «Азия-Плюс» Манижа Шаҳбозбекова иттилоъ дод, ки ӯ аз Прокуратураи генералӣ дархост намудааст, ки ба дидор бо шавҳараш иҷозат диҳанд. «Ман ӯро қариб се моҳ надидаам ва ба ман ваъда доданд, ки рӯзи 13-уми октябр барои вохӯрӣ бо ӯ иҷозат медиҳанд. Ба ин хеле умедворам»,- гуфт вай.
Дар ҳамин ҳол, аз Маркази ҳуқуқи инсон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки 4-уми октябр бо дархости ҳимоятгар дар тавқифгоҳи тафтишотӣ бо ҳузури намояндагони КДАМ ва Прокуратураи генералии кишвар нисбати Шерик Карамхудоев ташхиси судиву тиббӣ гузаронида шуда, рӯзҳои наздик натиҷаҳои он муайян мешаванд.
ОИ «Азия-Плюс» ҳамчунин бо муовини сардори Раёсати тафтишоти парвандаҳои ҷиноии махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ Баҳриддин Бозоров, ки ба гурӯҳи тафтишотӣ оид ба парвандаи ҷиноии мазкур роҳбарӣ мекунад, дар тамос шуда, аз ҷараёни қазия пурсон гардид. Аммо ӯ зикр кард, ки бо вазифаҳои корӣ ба Хоруғ сафар дорад ва дигар ба гурӯҳи тафтишотии мазкур роҳбарӣ намекунад. Роҳбари нави гурӯҳи тафтишотӣ то ҳол таъин нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки тибқи иттилои пешакии ҳимоятгарон, Карамхудоев мутобиқи моддаҳои 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад. Дар изҳороти интишоршуда санаи 29-уми август аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ, Ш. Карамхудоев дар муқовимати мусаллаҳона ба нерӯҳои ҳукуматӣ зимни рӯйдодҳои ахири Хоруғ муттаҳам дониста мешавад.
Дар акс: Муроҷиати Шерик Карамхудоев дар бораи зарурати баргузории ташхиси судиву тиббӣ.