Article Pages

Додситони кулли Тоҷикистон ба волидони зиндониён гуфтааст, ки видеои маҳбусони Хуҷандро тафтиш хоханд кард. Шерхон Салимзода , додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 15-уми декабр бархе аз волидони норозии зиндониёнро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо гуфтааст, видеои маҳбусони Хуҷандро, ки дар он иддао мешавад, гӯиё онҳо мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, тафтиш хоҳанд кард. Дар ин бора ба...

17.12.2012 - 10:56

Дар як навори видео чанде аз маҳбусон шикоят мекунанд, ки бо интиқол ба Хуҷанд ҳадафи бадрафторӣ ва шиканҷа қарор ёфтаанд. Падару модари се тан аз маҳбусоне, ки рӯзи 5-уми октябр аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол дода шудаанд, навореро дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор доданд, ки дар он аз латукӯби фарзандонашон дар Хуҷанд ҳикоят мешавад.  Дар ин навор, ки ба воситаи телефони ҳамроҳ сабт...

12.12.2012 - 17:52

Модари як маҳбуси зиндони шаҳри Хуҷанд шикоят аз он дорад, ки писараш бар асари шиканҷа ва бадрафтории маъмурони маҳбас, чанд ҷои баданашро бо алмос чок кардааст. Уғулой Болтабоева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, рӯзи 10-уми декабр ба Дафтари Радиои Озодӣ омада, шикоят кард, ки писараш Қурбоналӣ Болтабоев ба лату кӯб ва шиканҷаи кормандони маҳбаси Хуҷанд тоб накарда, бо алмос гардану...

10.12.2012 - 16:52

Вакилони дифои Шерик Карамхудоев, раиси боздоштшудаи бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хоруғи Бадахшон, аз кашол ёфтани тафтишоти парвандаи ӯ изҳори нигаронӣ мекунанд.  Дар ин бора Бобоҷон Яқубов, яке аз вакилони дифои Шерик Карамхудоев ба TojNews иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани зерҳимояашон то 31-юми декабри соли ҷорӣ муқаррар шудааст...

03.12.2012 - 17:22

Маҳбуси собиқи тоҷик мегӯяд, ки ӯро афроди номаълум аз номи мақомоти Тоҷикистон дар Русия таъқиб мекунанд. Сайдалӣ Казаков , собиқ маҳбуси зиндони №1-и Душанбе, ки ҳоло дар Русия ба сар мебарад, тайи як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, афроди номаълум дар бозорҳои шаҳри Санкт- Петербург ӯро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба қавли Казаков, ин афрод худро корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии...

27.11.2012 - 11:56

Семиноре зери унвони “Механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҷилавгирӣ аз шиканҷа” имрӯз, сешанбеи 23-юми ноябр бо ибтикори намояндагии Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Қирғизистон ва Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир шуд. Дар ин нишаст намояндагони ниҳодҳои интизомӣ аз ҷумлаи раҳбарони бахшҳои Вазорати умури дохилии манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва...

23.11.2012 - 17:56

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) аз Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Кэтрин Эштон дархост кардааст, ки зимни сафар ба Осиёи Марказӣ аз озодии фаъолони ғайриқонунӣ  маҳкумшуда даъват ба амал оварад. Дар изҳороти пахшшудаи созмон гуфта мешавад, ки дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ ҳомиёни ҳуқуқи сершумор, намояндагони зиёди ҷомеаи...

23.11.2012 - 10:53

“Дар Тоҷикистони имрӯза аз роҳбарияти аввали сиёсӣ сар карда, то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми ҷомеа шиканҷаро маҳкум мекунанд ва барои пешгирии он мубориза мебаранд. Тамоми тадбирҳо андешида мешаванд, ки қонуният дар ниҳодҳои пешбарандаи корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқу тафтиш риоя шавад”,- омадааст дар ҳисоботи иштирокчиёни Ҷаласаи навбатии Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид, ки...

22.11.2012 - 17:04

Дар маркази робита ба ҷомеаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе дар робита ба қазияи латукӯби як навраси 12-сола Нусратулло Яъқубов дар бинои раёсати мазкур изҳор карданд, ки касе дар инҷо наврасро латукӯб накардааст. Бино ба маълумоти раёсати мазкур, санаи 25-уми август дар натиҷаи як амалиёт дар шаҳри Душанбе «амир»-и «Ҳизб-ут-Таҳрир» Абдураҳмони Абдуҷалоли 33-...

21.11.2012 - 17:02

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як навраси 12-соларо ба ҳуҷраи кориашон оварда, ӯро муддати се рӯз дар онҷо нигоҳ медоранд. Дар ҳамин ҳол, навраси 12-сола ба хотири гирифтани гувоҳии зарурӣ нисбати гумонбарон ба ифротгароӣ латукӯб шудааст. Модари навраси ҷабрдида Инобат Яъқубова бо писараш ба идораи ОИ «Азия-Плюс» омада, дар ин бора хабар дод. Ӯ зикр...

20.11.2012 - 15:00

Страницы