Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
“Дар Тоҷикистони имрӯза аз роҳбарияти аввали сиёсӣ сар карда, то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми ҷомеа шиканҷаро маҳкум мекунанд ва барои пешгирии он мубориза мебаранд. Тамоми тадбирҳо андешида мешаванд, ки қонуният дар ниҳодҳои пешбарандаи корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқу тафтиш риоя шавад”,- омадааст дар ҳисоботи иштирокчиёни Ҷаласаи навбатии Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Душанбе доир гардид.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, дар кори ҷаласа прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода, раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки танҳо дар давоми се соли охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба дар сатҳи олӣ истифодаи шиканҷаро дар фаъолияти мақомот маҳкум кардаанд. Ҳоло тамоми ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон нисбат ба масъалаи мубориза бо шиканҷа хеле ҷиддӣ рафтор менамоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 2010 перомуни иҷрои ӯҳдадориҳои қабулнамуда аз рӯи “Конвенсия ба муқобили шиканҷа”, дигар намудҳои рафтор ва ҷазоҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пасткунандаи эътибор ва иҷрои тавсияҳое, ки дар сессияи 37-уми Кумита дар соли 2006 қабул шудаанд, ҳисоботи хаттӣ ирсол намуда буд.
Манъи шиканҷа дар Тоҷикистон ба меъёри конститутсионӣ табдил дода шудааст. Дар давраи баъди муҳокимаи ҳисоботи аввалин дар Тоҷикистон асосҳои қонунгузорӣ бар зидди шиканҷа ба таври куллӣ тағйир дода шуда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардиданд. Дар ин давра аз тарафи ҳукумат чораҳои мушаххаси ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии муқовимат бо шиканҷа андешида шуданд.
Баъди пешниҳоди ҳисоботи расмӣ аъзои Кумитаи СММ зидди шиканҷа Георгий Тугуши ва Нора Свиас (ҳаммаърӯзачиён аз рӯи масъалаи Тоҷикистон) сухан гуфта, изҳор намуданд, ки дар Тоҷикистон қадами ҷиддие барои иҷрои тамоми талаботи Конвенсияи СММ муқобили шиканҷа гузошта шудааст. Инчунин дигар аъзои Кумита оид ба ҳисоботи Тоҷикистон назари худро изҳор намуда, корҳои ба сомон расидаро мусбат арзёбӣ карданд.