Ҳамоиши ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон

Ҳамоиши ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон

Семиноре зери унвони “Механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҷилавгирӣ аз шиканҷа” имрӯз, сешанбеи 23-юми ноябр бо ибтикори намояндагии Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Қирғизистон ва Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир шуд.

Дар ин нишаст намояндагони ниҳодҳои интизомӣ аз ҷумлаи раҳбарони бахшҳои Вазорати умури дохилии манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва намояндагони соири ниҳодҳои марбут ба низоми додгоҳӣ ва додгустарӣ ширкат доштанд.

Лилия Захариева, мушовири СММ дар умури ҳуқуқи башар мегӯяд, ки ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш боло бурдани иттилооти кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва додгоҳӣ аз ҷузъиёти протоколи муқаддамотии конвенсияи Сзмони Миллали Муттаҳид (СММ) алайҳи шиканҷа аст. Ин чаҳорум ҳамоиш дар робита ба масоили шиканҷа барои кормандони ниҳодҳои зирабт дар Тоҷикистон аст. Се нишасти қаблӣ дар устонҳои ин кишвар доир шуда ва барои ширкат дар онҳо низ кормандони интизомӣ даъват шуда буданд.

Хонум Захариева афзуд: “Ҳарчанд Тоҷикистон ба конвенсияи алайҳи шиканҷа пайвастааст, вале ин кишвар ҳанӯз протоколи муқаддамотиро таъйид накардааст. Қирғистон ва Қазоқистон ин протоколро тасдиқ кардаанд ва мо гумон мекунем, ки агар давлати Тоҷикистон низ ба онҳо бипайвандад ва протоколро имзо кунад, ин амр барои аз миён бурдани мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард”.

Камбуди иттилоот аз эъмоли шиканҷа

Сергей Романов, раиси Маркази ғайридавлатии дифоъ аз ҳуқуқи башар мегӯяд, ки баргузории чунин нишастҳо метавонад барои аз миён бурдани эъмоли шиканҷа дар Тоҷикистон нақши созандаеро ифо кунад.

Оқои Романов афзуд: “Фикр мекунам, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мухталифи ҷаҳонӣ, ки шиканҷа ва зӯроварӣ ба ҳангоми кор бо боздоштшудагонро аз системи интизомии худ маҳв кардаанд, метавонем кормандони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистонро низ барои даст кашидан аз ин шева водор кунем”.

Паём Фурӯғӣ, мушовири мустақил дар умури ҳуқуқи башар мегӯяд, ки чунин ҳамоишҳо таъсири нисбатан мусбате рӯйи кори мақомоти мухталифи кишвар дар заминаи ҷилавгирӣ аз хушунат ва шиканҷа хоҳад дошт.

Сергей Романов мегӯяд, ки яке аз мушкилоте, ки дар роҳи мубориза бо ин падидаи номатлуб дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, камбуди омор дар мавриди эъмоли шиканҷа дар ин кишвар будааст.

Аммо вай афзуд: “Нишасти имрӯз ва ҳамоишҳои қаблӣ дар сурате таъсири назаррасе метавонанд рӯйи ҷомеаи имрӯзӣ бигзоранд, агар дар онҳо намояндагони ҷомеаи маданӣ ва мардум ширкати бештаре кунанд”.

Оқои Фурӯғӣ мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон бо дарназардошти камбуди буҷа ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ масоили шиканҷаро масоили раддаи дувум ва савум медонад.

Шиканҷа дар муассисоти ниҳодҳои интизомӣ

Бархе аз созмонҳои ҳуқуқи башар аз мавриди эъмоли шиканҷа дар муассисоти марбут ба ниҳодҳои интизомии кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳанӯз дар авоили оғози фаъолияташ дар расонаҳои хабарӣ “дидор аз зиндонҳои кишварро” яке аз авлавиятҳои аслии фаъолияташ унвон карда буд.

Аммо оқои Ализода ҳарчанд мавҷудияти мавориди эъмоли шиканҷа дар Тоҷикистонро инкор накард, вале афзуд: “Ба мо аз сокинони Тоҷикистон шикоят дар мавриди эъмоли шиканҷа ва ё зӯроварӣ дар қиболи онҳо ё пайвандони онҳо то ҳол нарасидааст. Вале дар мавриди дигар аз ҷумла масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ мо аз бархе мардум шикоят дарёфт кардем. Оқои Ализода, ки ҳамоиши имрӯзро гардонандагӣ мекард, бо изҳори таассуф гуфт, ки то ҳол бо сабаби фаъолиятҳои зиёде дар самтҳои дигар имкони амалӣ кардани ин амрро надоштааст.

Вале оқои Ализода ваъда дод, ки дар ояндаи наздик аз зиндонҳои Тоҷикистон дидан карда, бо вазъи зиндониён ошно хоҳад шуд.

“Шиканҷа” - шеваи бозпурсӣ дар минтақа

Дар ҳамин ҳол Зарина Нажмуддинова, хонуми Илҳом Исмонов (Исомов), шаҳрванди Русия, ки рӯзи 3-юми ноябр тавассути пулиси устони Суғд боздошт ва ба гуфтаи хонум Нажмуддинова, шиканҷа шудааст, гуфт, ки ба ҳамаи ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла омбудсмен аз эъмоли хушунат алайҳи шавҳараш шикоят бурдааст.

Анна Зундер, масъули созмони Афви Байналмилал дар масоили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва Туркманистон дар як сӯҳбати телефонӣ ба Би-би-сӣ, рӯзи чаҳоршанбеи 17-уми ноябр гуфт, ки эъмоли шиканҷа ба ҳангоми бозпурсӣ дар миёни кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва дар зиндонҳои кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон зиёд истифода мешавад.

Хонуми Нажмуддинова ҳамчунин аз он шикоят кард, ки кормандони бахши вазорати кишвар дар устони Суғд ба вай ва вакили мудофеъ иҷозаи мулоқот бо шавҳарашро намедиҳанд.

Бархе аз ҳуқуқдонҳо низ бар ин ақидаанд, ки савияи дониши ҳирфавии бештари кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон ва камбуди мутахассисони ҳирфаӣ дар системи ташхиси ҷароим яке аз авомили аслии афзоиши мавориди шиканҷа ва зӯроварӣ дар Тоҷикистон будааст.

ВВС