Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 7-уми май ба хонаи волидони Абдурасул Назаров, ки 28-уми марти имсол эҳтимолан дар натиҷаи истифодаи шиканҷа дар ШВКД Сино-2-и шаҳри Душанбе даргузашт, ба шаҳри Кӯлоб омаданд.
Каме пештар ин оила ёдбуди 40-рӯзагии марҳумро гузаронида ва ҳанӯз аз бадбахтии ногаҳонии ба сарашон омада ба худ наомада буданд. Модар Савлатбӣ моро рӯи курпача шинонда, дар бораи Абдурасул қисса карданро оѓоз намуд, вале ин барояш бо душворӣ муяссар мешуд, баъди ҳар як сухан талх мегирист:
- Абдурасул дар оила кӯдаки дуюм буд. Вақте ки ӯ панҷсола буд, шавҳарам даргузашт. Ман бо чор кӯдак танҳо мондам. Кӯдаки хурдиам қариб дусола буд. Барои хӯронидани онҳо, зарур омад, ки ба сифати фаррош кор кунам, ҳарчанд то ин вақт хонашин будам ва оиларо шавҳарам таъмин мекард. Кӯдакон калону такягоҳам шуданд, акнун барои зиндагӣ кор мекарданд. Абдурасул дар Душанбе ба ҳайси автомеханик кор мекард. Бо ҳамсар ва ду кӯдакаш ба пойтахт рафт, зеро инҷо, дар Кӯлоб кор набуд. Ва ногаҳон, мисли раъду барқ, ба ман дар бораи даргузашти ӯ хабар медиҳанд. Ман барои чӣ бо чунин мушкилӣ писари худро ба воя расонидам? Барои он, ки ӯро дар замони осоишта ба ҳалокат расонанд?
Абдурасул Назаровро 28-уми марти ҳамин сол бо нишондоди ҷиянаш, ки барои ҳашиш ҳабс шудааст, дастгир карданд. Ӯ иқрор мешавад, ки маводи мухаддирро аз амакаш гирифтааст. Ҳамон замон ду корманди ШВКД Сино-2-и пойтахт Абдурасулро дар миёни кӯча боздошт карда, ба шуъба мебаранд. Субҳи рӯзи дигар бошад, ба волидонаш аз Маркази миллии тиббӣ (Қарияи боло) занг зада мегӯянд, ки ҷасади пайвандашонро бигиранд. Тӯли он чанд соат чӣ гузаштааст, тафтишот посух мегӯяд. Аммо наздикони Абдурасул бовар доранд, ки ӯ қурбонии шиканҷа шудааст, чун тамоми аъзои баданаш пур аз омосу хунрезӣ будааст. Дар ҳамин ҳол, дар қабулгоҳи Қарияи боло ба Назаровҳо иттилоъ додаанд, ки Абдурасулро бегоҳи 28-уми март бо нишонаҳои марги клиникӣ аз ШВКД Сино-2 овардаанд.