Алишер Ҳайдаров: Иттифоқи адвокатҳо корҳои назаррасро анҷом додааст

Дар раванди Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, сухангӯи муколама Алишер Ҳайдаров оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши адвокатураву фаъолияти адвокатӣ дар кишвар изҳори назар кард.

- Бо қабули Конститутсия аз 6-уми ноябри соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла шакли идоракунии давлатдорӣ, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин қонунҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда буд, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура” аз соли 1995 ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти адвокатураро ҳамчун яке аз институтҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ба танзим медарорад,- гуфт мавсуф.

А. Ҳайдаров афзуд, ки адвокатура ҳамчун ташкилоти ягонаи мустақили касбии ғайридавлатӣ, ки дар ҳифзи ҳуқуқи инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандлон нақши муҳим дорад, дар ин давра марҳилаҳои гуногуни рушди худро паси сар намудааст: “То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” аз соли 2015 ташкилоти ягонаи адвокатие, ки ба аъзогии ҳатмии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта бошад, вуҷуд надошт. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” аз соли 2015 аввалин маротиба дар таърихи мавҷудияти ниҳоди адвокатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ягонаи мустақили касбии ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ, ки ба аъзогии ҳатмии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст, таъсис дода шуд”.

Бино ба гуфтаи ӯ, бо мақсади бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо аз тарафи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо таъсис дода шудааст, ки он дорои иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ мебошад. Барои фаро гирифтани ҳамаи адвокатҳо ба курсҳои такмили ихтисос, аз тарафи Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин шакли нави (алтернативии) таълим, такмили ихтисоси фосилавӣ тавассути курсҳои Платформаи онлайн-омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст.

- Ҷиҳати ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон, Иттифоқи адвокатҳо дар амалигардии Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда буд, ширкат намуда, пас аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” бо Муассисаи давлатии Маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Стандартҳои сифати кори адвокат аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва тартиби мониторинг ва баҳодиҳии расонидани ёрии ҳуқуқиро коркард намудааст,- зикр намуд А. Ҳайдаров.

Гуфта шуд, ки тибқи Консепсияи мазкур Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори ниҳоди адвокатӣ 8 самти муҳимтаринро муайян намуда, инчунин нақша-чорабиниҳои онро тасдиқ кардааст.

- Барои дар амал татбиқ намудани ин Консепсия Иттифоқи авдвокатҳо дар муддати кӯтоҳ алакай тавонист як қатор корҳои назаррасро анҷом дода, ба натиҷаҳои мусбат ноил гардад,- қайд кард сухангӯи муколама дар анҷоми маърӯзаи худ.

Муколама аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва бунёди ҳолландии “Perspectivity Challenge” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бунёди Канада оид ба ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI), дар доираи лоиҳаҳои дахлдори ҳуқуқи инсон гузаронида шуд: https://notorturetj.org/news/dialog-gosudarstva-i-grazhdanskogo-obshchestva-po-pravam-cheloveka-v-tadzhikistane

NotortureTj