Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ин ниҳод имрӯз, 7-уми октябр бо пахши иттилоияи расмӣ гуфт, “дар аризаи худ Доро Суҳробӣ сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синоро гунаҳгор медонист, аммо ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино полковники милитсия Нуъмонзода Раҳматулло рӯзноманигор изҳор дошт, ки ин шахсро намешиносад ва пеш надидааст”.
Вазорат афзуд, ки дар рафти санҷиш маълум гашт, ки дар ҳақиқат ҳолати мазкур ҷой доштааст: “Барои маълум намудани шахси аниқи рӯзноманигорро лату кӯб намуда ҳамаи кормандони минтақаи маъмурии милитсияи №19 ШВКД дар ноҳияи Сино, ки ҳодиса дар онҷо рух додааст, барои шинохтан пешниҳод карда шуд. Худи рӯзноманигор корманде, ки ӯро лату кӯб кардааст шинохта натавонист ва ҳамзамон дар рафти санҷиш муоинаи тиббии рӯзноманигор Доро Суҳробӣ низ гузаронида шуд ва маълум гашт, ки номбурда ҷароҳати ба саломатӣ таъсирнопазир бардоштааст. Барои рух додани ҳолати мазкур сардори Минтақаи маъмурии мазкур Хоҷаев Ислом, рӯзи 26-уми сентябри соли 2016 аз кор озод карда шуд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, барои мунсифона санҷиш ва баҳогузорӣ шудани ҳолати мазкур маводҳоро барои идомаи санҷиш ва баровардани қарори ниҳоӣ ба Прокуратураи ноҳияи Сино ирсол намудаанд: “Баъзе аз расонаҳои хабарӣ иттило додаанд, ки маълумоти дақиқ оиди ҳодиса ва шахсияти корманди рӯзноманигорро лату кӯб карда доранд. Барои пурра ва объективона анҷом ёфтани тафтишот аз расонаҳои мазкур даъват карда мешавад ва инчунин тибқи қонунгузорӣ уҳдадоранд, ки маълумотҳои доштаашонро вобаста ба ин ҳолат ба ВКД ё Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран “Озодагон” аз қавли Хуршед Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон иттилоъ дод,ному насаби нафареро, ки Доро Суҳробӣ, журналисти ҷавони тоҷикро латукӯб намудааст, муайян кардаанд.
Хуршед Атовулло, ки ҳамчунин роҳбарии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро ба уҳда дорад, дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода буд, ки “аллакай мо ному насаб, вазифаи он нафарро медонем ва инро ҳам медонем ки дар "боло" кӣ дорад, хамсояи кӣ асту зодаи куҷост”.
Хуршеди Атовулло таъкид намуда буд, дар ҳолате агар хулосаи тафтишот қонеъкунанда набошад, тасмим дорад, ки аз ҳисоби журналистон гуруҳи тадқиқотӣ ташкил кунаду асли воқеаро ба ҷомеа расонад.
Доро Суҳробӣ, хабарнигори 20-солаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон 18-уми сентябр ҳангоми иҷрои вазифаи хидматияш дар бозори “Гипрозем” аз сӯи мансабдори милиса то ҳолати беҳушӣ мавриди латукӯб қарор гирифтааст.