Беш аз 70 нафар дар киноклаб бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқҳои инсон иштирок карданд

Рӯзи 18 ноябр дар кинотеатри “Кайҳон”-и пойтахт дар чорчӯбаи маъракаи 30-рӯзаи “Ҳуқуқ! Шаъну шараф! Рушд!” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, киноклаб баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Беш аз 70 нафар баъд аз тамошои филми “Зеленая миля” (режиссер Френк Дарабонт, муаллифи сенария Стивен Кинг) дар мавзӯи ҳуқуқи инсон тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ мубоҳиса карданд.

Дар тамошои ройгони филм ҳама хоҳишмандони синни аз 16 сола боло иштирок намуданд. Мақсади киноклаб ҷалб намудани диққати шаҳрвандон ба арзиши муҳимтарин – ҳуқуқи инсон буд.

Филми “Зеленая миля” асаре мебошад, ки аз хотираҳо нақл шудааст. Пол Эҷкомб, ки дар давраи Таназзули бузург ҳамчун дидбони қисми маҳкумшудагони қатл дар ҳабсхонаи ислоҳотии “Cold Mountain” кор мекард, ҷинояткорони зиёдро дар рӯзи охирини ҳаёти онҳо аз камера то курсии барқӣ бо долони дарози фаршаш бо ленолеуми сабз болопӯшшуда ҳамроҳи мекард. Вале ӯ ҳеч гоҳ бо касе ба монанди Ҷон Коффи вонахӯрда буд – марди сиёҳпӯсти қоматбаланд, ки барои қатли апаву хоҳари 9 сола маҳкум шуда буд...

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи “Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

NoTorture.Tj