Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст, дар нимсолаи аввали соли 2017 аз панҷ муассисаи пӯшидаву нимапӯшида ва се қисми низомӣ дидан намуд. Маркази равоншиносии вилоятӣ дар Кӯлоб, колония дар ноҳияи Б. Ғафуров, Муассисаи равоншиносии вилояти Суғд дар Хуҷанд, колонияи ислоҳотии занона дар Норак, Маркази ҷумҳуриявии руҳию равонӣ дар Турсунзода аз ҷумлаи онҳоянд.
Дар умум, натиҷаҳо аз боздидҳо қаноатбахш буда, ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба қайд гирифта нашудаанд.
Гуруҳ оид ба мониторинг бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2013 таъсис ёфта, дар асоси Низомнома фаъолият мекунад. Ба ҳайати Гуруҳ оид ба мониторинг намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва ТҶ «Авеста» дохил мешаванд.