Боздошти гумонбар дар қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ

Боздошти гумонбар дар қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ

Гумонбар дар қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино боздошт шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр аз боздошти гумонбар дар қатли ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино хабар дод ва гуфт, ки ин нафар Умедҷони Амрохон, сокини шаҳри Кӯлоб будааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Умедҷони Амрохон дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони ин ниҳод, имрӯз, ҷумъаи 13 ноябр боздошт шудааст ва ҳамдастони дигараш дар кофтуков қарор доранд. Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Умедҷони Амрохон соли 1994 дар шаҳри Кӯлоб зода шуда ва муваққатан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ доштааст ва ҷое кор намекардааст. 

Субҳи 7-уми ноябр афроди номаълум дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони комиссаритаи ҳарбии ноҳияи Сино лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссарият Рустам Саъдуллоеввориди муноқиша шуда ва онҳоро бо корд маҷруҳ карданд ва аз маҳалли воқеа фирор карданд.

Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон дода, ҳамкоронашон - Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба дунболи ин ҳодиса барои пайдо кардани қотилони ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт 10 ҳазор доллар ҷоиза эълон кард. Ин ниҳоди қудратӣ 9 ноябр бо эълони расмии ҷоиза аз ҳамаи шаҳрвандон хостааст, барои пайдо кардани ин афрод ба онҳо ёрӣ кунанд. 

Худи ҳамон рӯз дар торнамои расмии Вазорати корҳои дохилӣ як навор аз дурбинҳои назоратӣ низ нашр шуд, ки гуфта мешуд ба эҳтимоли зиёд яке аз ҳамлагарон дар он тасвир ёфтааст.

Корҳои тафтишотии ин ҳодисаро Додситонии низомии Тоҷикистон ва додситонии ноҳияи Сино пеш мебаранд.

Ozodi