Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додситони ҳарбии шаҳри Душанбе ба артиш бурда шудани як сокини ноҳияи Фирдавсиро, ки ба қавли наздиконаш ягона саробони оила буда, то соли 2022 аз хидмат озод аст, қонунӣ донист.
Дар оғози моҳи апрели имсол Дилором Шаропова, модари Ҳадятулло Носиров, шикоят карда буд, ки маъмурони комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ писарашро "маҷбурӣ аз кӯча ба артиш бурдаанд" ва намедонад, ӯ дар кадом қисми низомист. Ин гузориш рӯзи 6 апрел дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд.
Додситон: Ҳолати "облава" тасдиқ нашуд
Мансур Ҳокимзода, додситони ҳарбии шаҳри Душанбе, дар номае, ки рӯзи 7 май ба Радиои Озодӣ фиристод, гуфтааст: "Ҳадятулло Носиров рӯзи 3 апрел ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ ҳозир шуда, пас аз ташхиси тиббӣ ба қисми низомии 0202-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бурда шуд."
Додситон мегӯяд, далелҳое, ки гӯё Носировро ба роҳи "облава" ё зӯран ба артиш бурдаанд, "исбот нагардид". Ба қавли Ҳокимзода, ин сокини ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 30 март шахсан даъватномаро гирифта ва имзо гузоштааст.
Дилором Шаропова, модари Ҳадятулло Носиров, мегӯяд, ӯ ягона саробони хона ба шумор меравад ва бо қарори комиссариати ҳарбии ноҳия аз соли 2015 то соли 2022 аз даъват ба артиш озод аст.
Санади озодии Ҳадятулло кӣ додааст?
Мансур Ҳокимзода, додситони ҳарбии Душанбе, гуфт, "баъди санҷиш маълум шуд, ки Ҳадятулло Носиров ба шаҳрванд Дилором Шаропова саробон ҳисоб нагардида, асосе барои бекор кардани қарори комиссияи даъватии ноҳияи Фирдавсӣ вуҷуд надорад."
Ҳокимзода иддаои модари Ҳадятуллоро дар бораи то соли 2022 аз даъват ба артиш озод будани ӯ низ зери суол бурдааст. Ӯ гуфт, "ин ҳуҷҷат, пеш аз ҳама, расмӣ нест. Зеро дар китоби протоколи комиссияи даъватии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нагузаштааст. Рақами тартибӣ ва муҳри комиссариати онвақтаро надорад ва мувофиқи қонун ин гуна ҳуҷҷат ба эътибор гирифта намешавад."
Тасдиқи дурустии ин иттилоъ ба воситаи манбаъҳои дигар дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст.
Модар: Саробон надорам. Мақомот: Духтари қобили кор дорад
Дилором Шаропова гуфта буд, маъюб ва гирифтори маризии диққи нафас аст. Ба қавли ӯ, духтари 21-солааш низ бемории рӯҳӣ буда, писари хурдиаш 14-сола аст. Ҳадятулло дар бозори "Султони Кабир" устои чӯбу тахта ва ягона ноновари хонавода будааст, ки акнун бояд ду сол хидмати сарбозӣ кунад.
Додситони ҳарбии Душанбе мегӯяд, Дилором Шаропова маъюби гуруҳи севум аст ва 108 сомонӣ нафақа мегирад. "Ӯ боз як духтари болиғи қобили меҳнат дорад. Мувофиқи қонун фарзандони болиғи қобили кор уҳдадоранд, ки падару модари ғайри қобили меҳнат ва ба кумак муҳтоҷро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд", -- навиштааст Мансур Ҳокимзода.
Мавсими даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-солаи тоҷик барои хидмат дар артиш рӯзи якуми апрел оғоз шуд ва то охири моҳи май идома мекунад.
"Облава" ва мушкили артиши Тоҷикистон
Хидмат дар артиш яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, мушкилоте ба мисли зӯргӯӣ ва камбуди ғизо бисёре аз ҷавононро аз хидмат дилсард мекунад.
Барои баъзе таҳсил дар донишгоҳ ва ё муҳоҷирати корӣ роҳи раҳоӣ аз хидмат дар артиш шудааст. Дар чунин шароит, нақшаи даъват ба артиш на ҳамеша сари вақт иҷро мешавад ва ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, мақомот аз ҷалби маҷбурӣ ё "облава" кор мегиранд.
Дар мавсими имсолаи давъат ба артиш чанд ҳолати зӯран ба артиш бурдани ҷавонон дар кӯчаҳо сабт шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси доғеро ба вуҷуд овард.
Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, баъди зиёд расонаӣ шудани мушкили "облава" дар чанд соли охир, мақомот назорат аз риояи ҳуқуқи ҷавононро сахттар кардаанд, вале боз ҳам дар ҳар мавсим матбуот дар бораи ду ё се шикояти волидон хабар медиҳад.