Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабиниҳои зеринро доир намуд:
Маъракаи иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!»
Аз 1-уми июн [1] то 6-уми ноябри соли 2024 бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маъракаи иттилоотӣ-онлайнии «Конститутсияи худро бидон!»-ро баргузор намуд. Ҳар рӯз як моддаи Конститутсия, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, дар сомонаи Эътилоф пахш гардид.
Конститутсия қонуни бунёдии давлатист, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва донистани моддаҳои ин қонун барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳим аст!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Бо роҳи раъйпурсӣ ба он 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ
Ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон давоми моҳи октябри соли 2024 барои аҳолии Тоҷикистон машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд.
Чорабиниҳо ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масоили ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона бахшида шуд.
Чорабиниҳо дар шаҳрҳову ноҳияи зерин баргузор гардиданд: дар шаҳри Душанбе (8-уми октябр), дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ (9-уми октябр), дар шаҳри Хуҷанд (10-11-уми октябр) ва дар шаҳри Бохтар (23-24-уми октябр).
Дар маҷмуъ ба 50 нафар шаҳрвандон ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд.
Дар рафти машваратҳои ҳуқуқӣ ҳуқуқшиносон ба саволҳои шаҳрвандон оид ба ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа, инчунин муносибатҳои ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ, муносибатҳои манзилӣ ва оилавӣ тибқи меъёрҳои Кодекси ҳуқуқи ҷиноятӣ ва Қонунгузории ҳуқуқӣ-гражданӣ, Кодекси манзили ҶТ (2022), Кодекси граждании ҶТ (2023) ва Кодекси оилаи ҶТ (1998) посух доданд. Машваратчиён инчунин ба шахсони дорои маъюбият маслиҳат дода, ҳуқуқҳои онҳоро тибқи Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва Қонуни ҶТ «Дар бораи кумаки иҷтимоӣ ба маъюбон» фаҳмонданд.
Тренингҳои онлайнӣ
Коршиносони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавзуҳои «Мафҳум ва моҳияти озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар қонунгузории миллӣ» (01.10.2024) ва «Стандартҳои байналмилалии озодӣ аз шиканҷа” (08.10.2024) тренингҳои онлайнӣ баргузор намуданд. Чорабиниҳо дар платформаи Jitsi.meet тариқи онлайнӣ гузаронида шуданд.
Дар чорабиниҳо зиёда аз 30 нафар аз ҳисоби адвокатҳо, ҳуқуқшиносон, фаъолон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ширкат варзиданд.
Коршиносон мафҳуми асосии шиканҷаро мутобиқи Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ пешниҳод карданд. Моддаи 7-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муқаррар кардааст: «Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ё муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ё ҷазо қарор гирад. Шиканҷа намуди муносибати бераҳмона ба шумор меравад». Инчунин мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ, махсусан таърифи шиканҷа тибқи моддаи 143, прим 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқият аз меъёрҳои байналмилалӣ, унсурҳо ва муҷозоти пешбининамудаи моддаи «Шиканҷа», ки кӣ объект ва субъекти шиканҷа мебошад, муайян карда шудааст.
Коршиносон ба иштирокчиён кафолатҳои асосии ҳуқуқҳои шахсони боздоштшуда ва шахсони дар ҳабс нигоҳдоришавандаро шарҳ доданд. Мафҳумҳои «боздоштшуда ва шахсони дар ҳабс нигоҳдоришаванда», масоиле аз қабили лаҳзаи ҳабси воқеӣ, ҳуқуқҳои шахсони боздоштшуда ва шахсони дар ҳабс нигоҳдоришаванда, муҳлатҳо, ба баррасии судӣ фиристодани парванда, ваколатҳои адвокат ҳангоми пешниҳоди ариза дар бораи ҷиноят, масъалаҳои ҷубронпулӣ ва ғайра шарҳ дода шуданд.
Онҳо инчунин аз таҷрибаи ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа дар сатҳи байналмилалӣ мисол оварданд. Чорабиниҳо дар шакли лексия - муаррифӣ ва машғулиятҳои амалӣ сурат гирифтанд.
Аз рӯи ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиён якчанд тавсияҳо доданд: гузаронидани машғулиятҳои тобистона дар мавзӯи озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, дарсҳои маҳорат, тренингҳо, викторинаҳо ва дигар чорабиниҳои тарбиявӣ дар ин мавзуъ; омӯзонидани дуруст тартиб додани ариза дар бораи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва ғайра.