«Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ба сарбозони дучори “меҳтарсолорӣ” гардида кумак мерасонад

Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», ки ба ҳайати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шомил аст, аз расонидани кумак ба сарбозоне, ки дучори «меҳтарсолорӣ», дигар навъҳои муносибати ғайриоинномавӣ, шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳангоми хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ гардидаанд, ёдовар мешавад.

Ташкилот дар шакли машварати духтурон, муоинаи тиббию лабораторӣ, харидории доруворӣ, инчунин машварати равоншинос ба қурбониёни муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш ва наздикони онҳо кумак мерасонад.

Телефонҳои боварӣ: 933331703 ва 933331803