Дахлнопазирии шахсӣ ҳангоми дастгиркунии маъмурӣ

Субҳ ба хайр дустон!

Имрӯз рӯзи чоруми чорабинии итилоотии мо мебошад ва дар бораи зерқисмати дахлнопазирии шахсӣ ҳангоми дастгиркунии маъмурӣ суҳбат хоҳем кард.

Дастгиркунии маъмурӣ чист? Дастгиркунии маъмурӣ, яъне маҳдудкунии муваққатии озодии шахси воқеӣ мумкин аст дар ҳолатҳои истисноӣ татбиқ карда шавад, ба шарте ки он барои таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парванда, инчунин ҷиҳати иҷрои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарур бошад.

Дар барномаи мобилии "Ман ва ҳуқуқҳои ман" метавонед дар бораи механизмҳои муҳофизатӣ ҳангоми татбиқ намудани дастгиркунии маъмурӣ нисбати  Шумо ё  шахсони наздикатон маълумоти бештар гиред. Мо муфассал ва дастрас амалҳои асосиро ҳангоми дастгиркунӣ, вайронкунии ҳуқуқи инсон ва ба куҷо муроҷиат карданро шарҳ додаем. Дар хотир нигоҳ доред, ки ҳама гуна зӯроварӣ набояд беҷазо бимонад!

Фаромӯш накунед, ки барномаро аз рӯйи истиноди - https://hrc.tj/archives/2595 насб кунед ва саҳифаҳои моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пайгирӣ кунед, то маълумоти муҳимро аз даст надиҳед.

Хотиррасон менамоем, ки ҳамаи фаъолиятҳо бо дастгирии барномаи Евразиягии Фонди  Ҷамъиятҳои Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг Траст амалӣ гашта истодаанд. Инчунин чорабиниии мазкур дар доираи лоиҳаи идораи БРСММ дар Тоҷикистон "Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои одамон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби ТҶ «Центр по правам человека» татбиқ карда мешавад, бо дастгирии молиявии ВКХ Финляндия гузаронида шуда истодааст.

#HRCTajikistan #HumanRights #mobileapp #informationcampaign #Tajikistan

#ЧорабинииИттилооти # МанваҲуқуқҳоиМан #БарномаиМобили #БотТелеграм