Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба санҷиши хидматии қазияи аз ошёнаи сеюми бинои пулиси Исфара "берун ҷаҳидан"-и боздоштшуда Умедҷон Тоҷиев амр додааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) рӯзи 3 ноябр дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки "вобаста ба ҳолати мазкур нисбати кормандони масъули Шўъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. санҷиши хизматӣ таъин карда шуд."
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Умедҷон Тоҷиев рӯзи 3 ноябр ба Озодӣ гуфт, Рамазон Раҳимов барои таҳқиқи ин қазия як муовинашро ба Исфара фиристодааст. Аммо мақомот хабари эъзоми муовини вазири умури дохила ба Исфара ба манзури ҳалли қазияи Умедҷон Тоҷиев, як узви ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ҳанӯз расман таъйид ё такзиб накардаанд.
Ин нахустин вокуниши ВКД ба қазияи пурсарусадои Умедҷон Тоҷиев аст, ки ибтидо рӯзи 30 октябр боздошт ва бо ҷурми "итоат накардан ба амри милиса" ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд, вале баъди 3 рӯз, яъне рӯзи 2 ноябр ӯро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористони Исфара оварданд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон (ВКД) рӯзи 3 ноябр дар сомонааш барои бори аввал ин қазияро ташреҳ карда, навиштааст, Умедҷон Тоҷиев худ "бо мақсади фирор намудан" аз ошёнаи сеюми бинои шӯъбаи якуми умури дохилаи шаҳри Исфара берун ҷаҳидааст.
Дар хабари расмии вазорати умури дохила омадааст, "Тоҷиев Умедҷон Исломович, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, дар таърихи 30 октябри соли 2013 ба Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия" ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд. Вале баъди 3 рӯзи боздошт қазияи Умедҷон Тоҷиев ранги ҷиддӣ гирифта, мақомоти Исфара алайҳи ӯ ҷурми ҷиддитаре пайдо карданд. Вазорати корҳои дохилӣ дар сомонааш менависад, "дар таърихи 2-юми ноябри соли 2013 нисбати Тоҷиев У. И., дар асоси нишондоди пеш дастгир ва ҳабсшудагон Иброҳимов З., ва Шодиев Ғ., инчунин иқрори худи ӯ, аз тарафи прокуратураи шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 187 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) оғоз карда шуд.Баъди анҷоми пурсиш Тоҷиев У.И., бо мақсади фирор намудан аз ошёнаи сеюми бинои Шўъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён меҷаҳад, ки дар натиҷа пойи чапи ӯ ҷароҳат бардошта, барои ёрии таъҷилии тиббӣ расонидан, аз тарафи кормандони милитсия ба беморхона дастрас карда мешавад."
Аммо наздикони Умедҷон Тоҷиев ба ин фарзияи мақомот бовар надоранд ва мегӯянд, ба ҳамин далел онҳоро то имрӯз имкони аёдат аз Умедҷон намедиҳанд, ки намехоҳанд то аъмоли онҳо фош шавад. То кунун вазъи сиҳҳати Умедҷон Тоҷиев низ рӯшан нест. Файзинисо Воҳидова, ки бо табибони бемористони Исфара низ сӯҳбат кардааст, мегӯяд: "Онҳо эътироф карданд, ки як пои ӯ шикастааст. Вале намегӯянд, ки дар ҳоли мадҳушӣ ҳаст ё на?Фақат мегӯянд, ки дар ҳолати шок қарор дорад ва гӯё имрӯз як бор ба худ омадааст. Табибон мегӯянд, шояд фардо ӯ барои сӯҳбату пурсиш тайёр шавад."
Наздикони Тоҷиев ва вакили ӯ, ҳамин тавр, ифтитоҳи парвандаи нав бо иттиҳоми "ташкили гурӯҳи ҷиноӣ" алайҳи Умедҷон Тоҷиевро низ зери суол мебаранд ва мегӯянд, азбаски Тоҷиев дар ҳабси маъмурӣ қарор дошт, бояд баҳонае пайдо мекарданд, ки ба кадом далел ӯро аз маҳалли адои ҳукмаш, яъне аз боздоштгоҳ, ба ошёнаи сеюми бинои шӯъбаи милиса овардаанд.
Ҳасанбой Тоҷиев, бародари Умедҷон Тоҷиев ба Озодӣ гуфт, ба назари ӯ, мақомот алайҳи бародари ӯ кинаи дерина дар дил доштанд. Умедҷон Тоҷиев дар соли 2009 низ бо ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундрав боздошт ва тайи 3 рӯз мавриди шиканҷа қарор гирифта, баъди раҳоияш ба додситонӣ шикоят бурда буд ва мақомоти пулиси маҳаллиро мулзам кардааст. "Онҳо ҳозир аз мо қасди ҳамон 4 сол пешро гирифта истодаанд," - мегӯяд Ҳасанбой Тоҷиев.
Файзинисо Воҳидова мегӯяд: "Ин чӣ гап аст, ки ҳамин як нафарро як бор бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи "Байъат" боздошт мекунанд ва ин бор вай гӯё узви Ансоруллоҳ шудааст?" Ҳасанбой Тоҷиев мегӯяд, Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфрон Шодиев, ки гӯё алайҳи Умедҷон Тоҷиев баёнот додаанд, дар асл яке писари хола ва дигарӣ писари тағои онҳоянд, ки низ бо ҷурми авбошӣ ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, ҳоло таҳти фишор алайҳи якдигар шоҳидӣ медиҳанд. Наздикони Умедҷон Тоҷиев мегӯянд, онҳо нархи хешутаборӣ бо Зайналобиддин Иброҳимов, бародари Зуҳур Иброҳимовро, ки чанд сол боз таҳти таъқиб қарор дорад, пардохт мекунанд ва ҳар сари чанд муддат онҳоро мақомот ҳатман дастгир карда, як бор "метакконад."
Файзинисо Воҳидова гуфт, вақте Умедҷон Тоҷиевро ба ҳамкорӣ бо Ансоруллоҳ айбдор кардаанд, ба ҳамсараш Тоҳирахон Тоҷиева занг зада, хоҳиш мекунад, ки билети ҳизбиашро биорад, то собит шавад, ки ӯ узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, на ягон гурӯҳи дигар. Аммо вақте ҳамсараш аз Чоркӯҳ мерасад, Умедҷон Тоҷиев алакай дар бемористон буд. Ҳамсари ӯро ҳам то шоми шанбе дар боздошт нигоҳ дошта, танҳо баъди дахолати хонум Воҳидова раҳо кардаанд.
Умедҷон Тоҷиев, сокини деҳаи Чоркӯҳи Исфара рӯзи 30-юми октябр боздошт шуд. Рӯзи 2-уми ноябр Тоҷиевро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ин шаҳр оварданд. Мақомоти корҳои дохилӣ ба наздиконаш гуфтаанд, ки Умедҷон Тоҷиев худашро аз ошёнаи сеюми бинои милиса берун партофтааст. Вале наздикони Умедҷон Тоҷиев мегӯянд, ки ӯ шояд бо сабаби узви ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон буданаш аз тарафи мақомот боздошт шудааст.
Наздикони Умедҷон Тоҷиев, ки гӯё аз ошёнаи 3-юми шӯъбаи корҳои дохилии Исфара худро партофтааст, мегӯянд, то ҳанӯз ба дидори вай даст наёфтаанд ва намедонанд, ки вазъаш чӣ гуна аст? Ба гуфтаи наздикони Тоҷиев, кормандони мақомот беморхонаро иҳота кардаанд ва намегузоранд, то касе аз онҳо ба онҷо роҳ ёбад.
Асадулло Ҷабборов, яке аз наздикони Умедҷон Тоҷиев, рӯзи 2 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ғайр аз Умедҷон Тоҷиев, ҳамчунин 3 нафари дигар аз хешовандони онҳо аз тарафи мақомоти корҳои дохилии ин шаҳр боздошт шудаанд ва сабаби боздошташон то ҳол ба онҳо муайян нашудааст. Асадулло Ҷабборов узви ҳизби наҳзат будани Умедҷон Тоҷиевро тасдиқ кард ва гуфт, соли 2009 ҳам Умедҷон Тоҷиевро мақомот боздошт карда буданд, вале бо қарори додситонӣ бегуноҳии вай исбот ва ӯ озод шуда буд.
Иддаои наздикони Умедҷон Тоҷиев дар бораи эҳтимоли шиканҷаи ӯ дар боздошт дар ҳоле аз сӯи вазорати умури дохила рад мешавад, ки дар бораи мавридҳои латукӯб ва шиканҷаи боздоштшудагон дар мақомоти интизомии Тоҷикистон пайваста гузоришҳо мерасанд.
Вазорати умури дохила дар соли ҷорӣ бо ҳукми додгоҳ ба пардохти 30 000 сомонӣ товон ба наздикони Сафаралӣ Сангов, ки дар соли 2011 баъди боздошташ аз сӯи маъмурони умури дохилаи ноҳияи Синои Душанбе даргузашт, муваззаф гардид. Феълан модари Баҳромиддин Шодиев, ки низ дар ҳамон соли 2011 баъди боздошташ дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҷон дод, низ ба додгоҳ даъво бурда, аз вазорати умури дохила товони марги фарзандашро талаб дорад.
Як сол пеш Машраф Алиев, як нозири милиса дар Ёвон бо ҷурми шиканҷаи гумонбари ноболиғ ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Мақомот мегӯянд, баъди вазири умури дохила таъйин шудани Рамазон Раҳимов мубориза бо ин падида авҷ гирифтааст, вале латукӯбу шиканҷа як омили беобрӯкунандаи ин ниҳод дар чашми ҷомиа боқӣ мемонад.