Дар бораи офиятбахшии иҷтимоии маҳкумшудагон ва системаи баҳодиҳии хатарҳо, инчунин гурӯҳбандии маҳкумшудагон барои ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ

Рӯзи 13-уми ноябр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Самтҳои асосии фаъолият дар мавриди офиятбахшии иҷтимоии маҳкумшудагон ва системаи баҳодиҳии хатарҳо, инчунин гурӯҳбандии маҳкумшудагон барои ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ» баргузор гардид.

Мақсади асосии чорабинӣ табодули маълумот оид ба фаъолиятҳо оид ба дастгирии офиятбахшии иҷтимоии маҳкумшудагон аз ҷумла барои терроризм ва экстремизм дар муассисаҳои ислоҳотӣ дар доираи татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва баррасии ҳамкориҳои минбаъда мебошад.

Ташкилкунандагони чорабинӣ ташкилотҳои узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - «Маркази ҳуқуқи инсон» ва «Ташаббуси ҳуқуқӣ», инчунин «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии (СРИҶҶ) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Мизи мудаввар бо дастгирии молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад.

Дар рафти чорабинӣ масоили зерин баррасӣ гардиданд:

• Сироҷиддин Нуров, сардори Раёсати иҷрои ҳукмҳо ва баҳисобгирии махсуси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон оид ба фаъолияти СРИҶҶ дар самти баланд бардоштани иқтидори кормандони системаи пенитенсиарӣ суханронӣ намуд.

• Парвина Наврӯзова, намояндаи ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар мавзӯи «Фаъолиятҳо оид ба пешгирии ифротгароӣ ва терроризм. Натиҷаҳои озмоиши пилотии системаи баҳодиҳии хатарҳо ва гурӯҳбандии маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳотӣ» баромад кард.

• Зулфия Мусоева, намояндаи ФҶ “Ташаббуси ҳуқуқӣ” дар мавзӯи “Татбиқи Барномаи миллии офиятбахшӣ ва реинтегратсияи иҷтимоии кӯдакон ҳангоми адои ҷазо ва пас аз озодшавӣ аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ” баромад намуд.

• Таҳмина Ҷӯраева, муовини директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар мавзӯи «Таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба пробатсия». Муваффақиятҳо ва мушкилоти асосӣ» баромад кард.

Дар фарҷоми чорабинӣ оид ба натиҷаҳо ва қадамҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт хулосаҳо бароварда шуданд.

NotortureTj