Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
29-уми феврали соли 2024 дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор шуд.
Ин ҷаласа ба масоили пешбурди ислоҳоти дур кардани кӯдакон аз низоми адлияи расмӣ ва таҳияи Консепсия оид ба ин масъала бахшида шуда буд.
Дар ҷаласа коршиносони байналмилалӣ аз Гурҷистон Андро Гигаури ва Тиона Кучава (Хазинаи кӯдакони СММ дар Гурҷистон) иштирок карданд, ки имкон доштанд таҷрибаи худро мубодила ва дар бораи низоме, ки дар Гурҷистон ҷорӣ шудааст, суҳбат намоянд.
Ин ташаббус аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Вазорати адлияи ҶТ дар доираи лоиҳаи «Дастгирӣ барои таҳкими сиёсат ва иқтидори мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар самти ҳуқуқи кӯдак, адолати судӣ барои кӯдакон ва ҳифзи кӯдакон бо мақсади таъмини дастрасии баробари кӯдакон ба адолати судӣ, бахусус духтарони зӯроварии ҷинсиро аз сар гузаронида», ки аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад, дастгирӣ ёфтааст.
Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj