Дар Тоҷикистон ислоҳоти адолати судӣ нисбати кӯдаконро баррасӣ намуданд: Ҳуқуқи ноболиғонро чӣ гуна бояд ҳимоя кард?

Дар Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба ислоҳоти системаи адолати судӣ нисбати кӯдакон баргузор гардид. Масъулини ҳукумат, ҳимоятгарони ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷамъ омаданд, то чӣ тавр бештар одилона ва инсондӯстона кардани системаи судиро нисбати ноболиғон баррасӣ намоянд.

Мавзӯи асосии нишаст Барномаи нави дур кардани кӯдакон аз таъқиби ҷиноӣ буд, ки ба дарёфти роҳҳои ҳалли алтернативӣ ба ҷои ҷазо нигаронида шудааст.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Тоҷикистон бо дастгирии ЮНИСЕФ ва ҳукумати Швейтсария баргузор гардид. Конфронс 23-юми январи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, ба як минбари муколама миёни сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ табдил ёфт.

Яке аз масъалаҳои асосӣ татбиқи Барномаи дур кардани кўдакон аз системаи расмии адолати судӣ барои солҳои 2025-2029 буд. Ҳуҷҷат усулҳои нави кор бо ҷинояткорони ноболиғро пешниҳод мекунад, ки имкон медиҳад аз маҳрум кардан аз озодӣ бо роҳи иваз намудани он бо амалияи барқарорсозӣ ва чораҳои дастгирии иҷтимоӣ худдорӣ карда шавад. Иштирокчиён чӣ гуна татбиқ намудани самаранокии ин барнома, қадамҳои муҳим барои амалишавии он, чӣ гуна чораҳо дидан ва чӣ гуна ба назар гирифтани таҷрибаи байналмилалиро баррасӣ карданд.

Ба коркарди нақшаи амалҳо, ки барои татбиқи ислоҳот дар ҳаёт ёрӣ мерасонад, таваҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодоти худро баён намуда, мушкилоти эҳтимолӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ карданд.

Эҷоди системаи судии боадолат ва инсонӯстона барои кӯдакон як қадами муҳим баҳри ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар Тоҷикистон аст. Коршиносон мутмаинанд, ки татбиқи бомуваффақияти механизмҳои нав на танҳо шумораи ноболиғон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодиро коҳиш медиҳад, балки ба онҳо имкон медиҳад, то ислоҳ шаванду зиндагии нав оғоз кунанд.