Дар Тоҷикистон лоиҳаи “Миллати солим”-ро таҳия мекунанд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони ваколатдори Бонки ҷаҳонӣ вохӯрд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи таҳияи лоиҳаи нави “Миллати солим” баррасӣ гардид.

Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ инчунин Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ иштирок доштанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, таҳияи лоиҳаи нави тандурустии “Миллати солим”, дастгирии амалисозии лоиҳаҳои мавҷуда, аз ҷумла “Беҳтарсозии ҳифзи тандурустӣ” ва “Лоиҳаи фаврӣ оид ба мубориза бо вируси COVID-19», таҳияи нақшаи сармоягузорӣ ба дастгирии амалисозии “Стратегияи миллии ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” равона карда мешаванд.

Дар вохӯрӣ “Стратегияи миллии ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки ба пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор равона гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Айни замон нақшаи сармоягузорӣ ҷиҳати дастгирии самтҳои афзалиятноки ба таъмини маблағгузории устувори соҳаи тандурустӣ равонагардида, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва самаранок дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, таҳкими системаҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва захираҳои кадрӣ дар системаи тандурустӣ таҳия шуда истодааст»,- гуфт вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода.

 

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»