Даъват ба пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ ба муносибати Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

Бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн Эътилофи зидди шиканҷа дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва Ташаббус оид ба ҳуқуқи инсони Туркманистон аз ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказӣ даъват ба амал меоранд, ки шиканҷа пешгирӣ карда шавад, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва ба қурбониёни шиканҷа ҷарима пардохт гардад.

Тўли чанд соли охир мақомоти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар самти мубориза бо шиканҷа қадамҳои муайяни мусбат гузошта, ба зиммаи худ уҳдадорӣ гирифтаанд, ки корро дар ин самт идома диҳанд. Масалан, дар Қазоқистон ва Тоҷикистон дар самти пешниҳоди кафолати мубориза бо шиканҷа барои боздоштшудагон қонунгузорӣ такмил ёфта, моҳи феврали соли 2017 Прокуратураи генералии Қазоқистон маъракаеро таҳти унвони «Дар роҳи ҷомеаи бидуни шиканҷа», инчунин нақшаи чораҳои маҷмуиеро, ки тафтиши мустақилонаи ҳамаи ҳолатҳои истифодаи шиканҷаро дар бар мегиранд, роҳандозӣ кард. Дар Қирғизистон Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳуқуқи инсони назди Ҳукумат лоиҳаи нақшаи амалҳо оид ба татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ барои солҳои 2017-2020-ро коркард намуд, ки ба беҳтар гардонидани тафтиши ҳолатҳои эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона нигаронида шудааст. Дар Туркманистон тағйироти мусбати ба наздикӣ ба қонунгузорӣ воридгардида имконияти ташхиси шиканҷа ва ташхиси тиббии мукстақили маҳбусонро фароҳам меоранд. Дар Ўзбекистон президент Шавкат Мирзиёев Қонун «Дар бораи Вазорати корҳои дохилӣ»-ро, ки ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифодаи шиканҷа ё муносибати бераҳмонаро манъ мекунад, инчунин, қонунгузориеро, ки сабти видео ва аудиоии бозпурсии гумонбаршудагон дар содир намудани ҷиноят оғоз аз соли 2018-ро дар назар дорад, имзо намуд.

Баъзе аз ин тағйироти мусбатро ҳанўз ҳам дар амал татбиқ кардан лозим аст. Ҳамзамон, дигар мушкилоти ҷиддӣ низ вуҷуд доранд. Шиканҷа ва муносибати бераҳмона чун пештара дар Осиёи Марказӣ мушкилоти ҷиддӣ ба шумор мераванд. Аз ҷониби эътилофҳои ТҒҲ зидди шиканҷа ҳолатҳои нави истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Қазоқистон, ХХХХ парванда дар Қирғизистон ва 57 ҳолат дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Гумон меравад, ки ин рақамҳо пурра нестанд, зеро бисёр қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо аз таъсири баръакс ва ё барои он, ки аз кўшиши ба даст овардани адолат умедашонро кандаанд, аз пешниҳод намудани шикоят худдорӣ мекунанд. Бо дарназардошти пўшидагии Туркманистон ва Ўзбекистон, баҳогузории ҳаҷми истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона мушкил аст. Аммо тибқи баҳогузории манбаъҳои мустақил, таҷрибаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Туркманистон чун пештара паҳншуда аст. Натиҷаҳои пурсиши гузаронидаи TILA нишон медиҳад, ки 90 фоизи нафароне, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардидаанд, ба фишори равониву ҷисмонӣ дучор мешаванд. Аризаҳои бешумори ҷабрдидагон ва собиқ маҳбусон, ки AHRCA соли гузашта ба даст овардааст, шаҳодат медиҳанд, ки дар Ўзбекистон таҷрибаи истифодаи шиканҷа мунтазам идома дорад.

Дар ҳамаи панҷ мамлакат тафтиши самараноки далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона кам гузаронида мешавад ва имрўзҳо ҳеҷ кадоме аз ин давлатҳо ниҳоди мустақил оид ба таҳқиқи шикоятҳоро таъсис надодааст. Дар Тоҷикистон дар % ҳолат барои ҷабрдидагон ҷуброн муқаррар карда шуд, ки қадами мусбат аст, аммо ҳаҷми пардохти ҷубронҳо на одилонаанд, на кофӣ. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон кўшиш мекунанд ба қайд гирифтани шикоятҳо оид ба таъқиби ҷиноятӣ ба қурбониён барои пешниҳои маълумоти бардурўғро пешгирӣ намоянд. Дар Қирғизистон кормандони Прокуратураи генералӣ эълон доштанд, ки нисбати он қурбониёни шиканҷа, ки шикоятҳои худро ботил мекунанд ё аз пешбурди айбдорӣ муқобили ҷинояткорони эҳтимолӣ даст мекашанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад.

Дар Туркманистон ВКД ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро ба қайд намегирад. Инчунин, тибқи маълумоти маркази иттилоотии ВКД, дар кишвар ҳолатҳои ба қайд гирифтани таъқиби ҷиноятӣ барои шиканҷа (моддаи 182) вуҷуд надоранд. Тибқи иттилои мавҷуда, дар Ўзбекистон аз ҷониби кормандони амнияти миллӣ шиканҷа истифода бурда мешавад, махсусан нисбати шахсоне, ки аз хориҷа ба Ўзбекистон маҷбурӣ баргардонида ва ё истирдод шудаанд, то ба ҷиноятҳои зиддиконститутсиониашон иқрор шаванд.

Барои он, ки таваҷҷуҳ ба вазъи хароби қурбониёни шиканҷа ҷалб карда шавад, Эътилофи зидди шиканҷа дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бахшида ба рўзи 26-уми июн маъракаҳои ҷамъиятӣ мегузаронанд. Масалан:

 

  • Дар Қазоқистон Эътилофи зидди шиканҷа якчанд қиссаи қурбониёни шиканҷаро ба нашр расонд; навори видеоиеро дар бораи таърихи мубориза бар зидди шиканҷа дар Қазоқистон баъди қабули Конвенсияи зидди шиканҷа дар соли 1998 омода намуд; ва муроҷиати видеоии  ҳуқуқшиносони қазоқ, ки ҳашт тавсияи асосии Созмони Милали Муттаҳид ба мақомоти Қазоқистон оид ба шиканҷаро зикр кардаанд.

  • Дар Тоҷикистон Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ маъракаи «Ман муқобили шиканҷа! Имрўз! Фардо! Ҳамеша!»HYPERLINK "http://www.notorturetj.org/news/18-letniy-soldat-srochnik-abduvahob-kayumov-skonchalsya-v-iyule-2015-goda-%20Ot-ruk""-ро роҳандозӣ намуд. Дар доираи ин маърака дар торнамои Эътилоф қиссаҳои аксии қурбониёни шиканҷа пахш гардид; ба рўзноманигорон барои саҳм гузоштанашон дар мубориза бар зидди шиканҷа мукофотҳо  тақдим карда шуд; бо мақсади баланд бардоштани иттилоънокии ҷамъият дар мониторҳои калони кўчаҳои шаҳри Душанбе роликҳо бо иқтибосҳо аз муроҷиати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи манъ будани истифодаи шиканҷа давр мезананд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот оид ба фаъолияти ҳимоятгарони ҳуқуқ пешниҳод гардид. Инчунин, намоишгоҳҳои аксҳои қиссаҳои қурбониёни шиканҷа дар шаҳри Хоруғ ва Ваҳдат ташкил карда мешавад.

  • Дар Қирғизистон фаъолияти Эътилофи ТҒҲ зидди шиканҷа баҳсҳои телевизионӣ бо таҳлилгаронро дар бар мегирад; намоишгоҳи қурбониёни шиканҷа ва оилаҳои онҳо омода карда шуд; 24-уми июн дар шаҳри Бишкек мусобиқаи футбол гузаронида шуд, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Эътилофи ТҒҲ зидди шиканҷа, рўзноманигорон, ситораҳои эстрадаи қирғиз ва ғайра иштирок доштанд. Мақсади мусобиқа нишон додани муборизаи муштарак бо таҷрибаи садамаовари истифодаи шиканҷа дар Қирғизистон буд.

Мутаассифона, бо сабаби пўшидагии ҳукуматҳои Туркманистону Ўзбекистон ва фишорҳои давомдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ имконияти ташкил намудани маъракаҳои ҷамъиятиро дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон надорад.

Алмаато, Бишкек, Брюссел, Душанбе, Париж, Вена 

26 июни 2017

NoTorture.Tj