Article Pages

Ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавриди рафти иҷроиши Эъломияи ҳуқуқи кӯдак дар кишвар гузориши алтернативӣ пешниҳод карданд. Гузориш дар якҷоягии гуруҳи ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон - «Маркази ҳуқуқи инсон», «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», Лигаи занҳои маъюб «Иштирок», «...

09.03.2017 - 19:27

Мақомоти тафтишот ба хонаводаи Эҳсон Элчибеков – сарбози қисми низомии 06870 – и Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар робита ба марги ӯ ду афсар ва як сарбоз дастгир шуда, феълан дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Худоназар Элчибеков ва Таҷаммулшо Акобиршоев – ду пайванди Эҳсон – рӯзи 4 март дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, мулоқоти онҳо бо мақомоти тафтишот рӯзи 2 март дар...

04.03.2017 - 17:05

Рӯзи 27 феврал ҳудуди 70 сокини ноҳияи Рӯшон дар назди бинои ҳукумати ин ноҳия гирди ҳам омада аз мақомоти маҳаллӣ тақозо карданд, ки марги Эҳсон Элчибеков, сарбози қисми низомии 06870-и Вазорати дифоъро одилона ва мунсифона таҳқиқ кунанд. Онҳо бовар доранд, ки сарбози 19-сола баъди 8 моҳи хизмат дар артиш кушта шудааст, вале мақомот талош доранд сабабҳои аслии марги ин низомиро аз хешовандон...

27.02.2017 - 18:04

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 16-уми феврал зимни ҳисоботаш дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев тасдиқ кард, ки “облава” дар кишвар ҷой дорад.  Юсуф Раҳон изҳор дошт, ки бо роҳи зӯрию боздошт сафарбар кардани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар кишвар ҳоло ҳам ҷой дорад. Ӯ гуфт, бидуни дақиқсозӣ ҷавононро боздошт мекунанд.  Додситони кул илова...

16.02.2017 - 10:51

9-уми феврали соли ҷорӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионии падари сарбози фавтида Таваллоев Шукрат - Таваллоев Имомдодро аз болои ҳукми Суди гарнизони шаҳри Душанбе баррасӣ карда, қонеъ кардани онро рад намуд. 6-уми январи соли 2017 Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо ҳукми худ сарбози қатории Гвардияи Миллии ҶТ Мирзобоев М. Х.-ро бо моддаи 373...

10.02.2017 - 09:16

Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳукми се корманди пулиси ноҳияи Фархорро, ки дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ муттаҳам мешуданд, содир кардааст.  Наздикони яке аз ин кормандони пулис имрӯз, 8 феврал ба “Озодагон” гуфт, додгоҳ Акрамшоҳҷони Абдулло, Саид Файзов ва Меҳроб Давлатовро, ки дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор кор мекарданд, ба муҳлати 4,5 солӣ равонаи зиндон...

08.02.2017 - 11:53

Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Саидов Ё. С., хизматчии ҳарбии яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 1431 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Шиканҷа) боз кардааст. Тавре аз ташкилоти «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» хабар доданд, “тибқи маълумоти дар парвандаи ҷиноятӣ овардашуда, командири взвод Саидов Ё. С. вазифаи таҳқиқбарандаро иҷро...

07.02.2017 - 18:07

Дар соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар робита ба истифодаи шиканҷа ягон парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст,- хабар дод вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотие, ки чанде қабл баргузор гардид. Ба гуфтаи ӯ, дар мавриди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона якчанд шикоят мавҷуд буда, аммо дар рафти санҷишҳо аз онҳо ягонтояш тасдиқи худро...

07.02.2017 - 11:11

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҳодисаи латукӯби ду гумонбар дар як куштор, ки аз сӯи афроди ношинос ва тариқи зӯрӣ маҷбур карда шуданд гуноҳро ба гардан гиранд, ба унвони намунаи шиканҷа дар кишвар ёд кард. Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи қазия мегӯяд, ки 5 корманди шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ҳисор ду сокини ин ноҳияро ҳамчун гумонбар дар як ҳодисаи куштори сангин боздошт намуда барои...

06.02.2017 - 11:05

Парвандаи ҷиноятии нисбати латукӯби Доро Суҳробӣ (Маҳкамов) бинобар ҷой надоштани амалҳои зӯроварӣ ва латукӯб дар ҳаракатҳои кормандони милиса қатъ карда шудааст. Қурбонзода Шариф Абдулло, Сардори Раёсати назорати қонунҳо дар ВКД, имрӯз, 3-юми фаврал зимни нишасти матбуотии Прокуратураи генералии кишвар гуфт, бинобар муроҷиатҳои такрории Доро Суҳробӣ ба прокуратура маводҳои парванда аз...

03.02.2017 - 13:54

Страницы