Шиканҷа барои "гуноҳи нокарда"

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҳодисаи латукӯби ду гумонбар дар як куштор, ки аз сӯи афроди ношинос ва тариқи зӯрӣ маҷбур карда шуданд гуноҳро ба гардан гиранд, ба унвони намунаи шиканҷа дар кишвар ёд кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи қазия мегӯяд, ки 5 корманди шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ҳисор ду сокини ин ноҳияро ҳамчун гумонбар дар як ҳодисаи куштори сангин боздошт намуда барои рӯбарӯкунӣ ба Боздоштгоҳи мувақатии рақами 1-и Сараёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии шаҳри Душанбе бурданд.

Ба гуфтаи манбаъ, баъди пурсиш маъмурони ин маъмурони пулис онҳоро раҳо карданд, вале бегоҳи ҳамон рӯз шахсони ношинос ин ду нафарро лату кӯб намуда бо зӯрӣ маҷбур карданд, ки ҳодисаи кушторро ба гардан гиранд. Тафтишот нишон дод, ки ин ду нафар дар ҳодисаи куштор даст надоштаанд

Шариф Ҳабибуллоев, сардори Раёсати назорати қонунҳо дар бахши умури дохилаи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 3 феврал дар сӯҳбат бо хабарнигорон ин ҳодисаро ба унвони намунаи вуҷуди ҳодисаҳои шиканҷа дар кишвар ёд кард. Вай гуфт, ки дар нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтиш идома дорад.

Ҳодисаи шиканҷаи ду сокини Ҳисор ба хотири ба гардан гирифтани куштори содирнакардаи онҳо яке аз камтарин ҳодисаҳоест, ки мавриди таҳқиқ қарор мегирад. Дар Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ҳисор аз шарҳи ҳодисаи мазкур ба хотири, ба гуфтаи онҳо, "халал нарасонидан ба тафтишот", худдорӣ карданд. Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ аз шарҳи ин ҳодиса худорӣ карданд.

Аммо Шариф Ҳабибуллоев, сардори Раёсати назорати қонунҳо дар бахши умури дохилии Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба ин парванда гуфт, “азбаски шахси ҷинояткор дар ҳодисаи куштор маълум карда нашудааст, идомаи тафтишот аз ҷониби додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошта шудааст.”

Мақомот мегӯянд, дар соли 2015 -21 ва дар соли 2016 - 17 муроҷиати шаҳрвандон оид ба шиканҷашуданашон аз дасти ходимони ҳифзи ҳуқуқ ба мақомоти додситонӣ дастрас шудааст, вале на ҳамаи онҳо тасдиқи худро ёфтаанд.

Зариф Ализода, Ваколатдори ҳукуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта аз 17 муроҷиат оид ба шиканҷа, 14 ҳолат тасдиқи худро наёфтааст ва дар нисбати се корманди милисаи парванда бо моддаҳои 143 ва 316 боз карда шудааст ва феълан дар додгоҳҳо мурофиаи ин баҳсҳо идома доранд. Рӯзи 3 феврал намояндагони додситонӣ гуфтанд, ки ин нишондод дар ҳоли кам шудан аст.

Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки дар бештари ҳолатҳо афроди боздоштшуда бо гумони содир кардани ҷиноят дар рӯзҳои аввали ба даст афтоданашон ба ҳангоми додани баёнот ва ё ба хотири эътирофи гуноҳ, шиканҷа мешаванд.

Ҳарчанд қонуни ҷиноӣ барои шиканҷаи шахс муҷозотро пешбинӣ мекунад, на ҳамаи ин қазияҳо тафтиш мешаванду то додгоҳ мерасанд. Фаъолон мегӯянд, ходимони ҳифзи ҳуқуқ манфиатдор нестанд, ки ҳамкорони худро аз ин низом барои бадрафторӣ бо шаҳрвандон ба ҷавобгарӣ кашанд.

Нигина Баҳриева, масъули созмони ҷамъиятии "Нотабене" мегӯяд, омори Додситонии кулли Тоҷикистон оид ба вазъи шиканҷа дар кишвар воқеӣ нест, зеро онҳо ҳангоми ба қайд гирифтани ҳодисаи шиканҷа танҳо аз доираи моддаи моддаи 143 Кодекси ҷиноӣ, яъне шиканҷаро ба назар мегиранд.

Ин масъули созмони "Нотабене" гуфт, “яке аз тавсияҳои СММ ба давлати Тоҷикистон таъсиси як системаи ба қайд гирифтани ҳодисаҳои марбут ба шиканҷаву зӯроварӣ аст, ки ҳангоми ба қайд гирифтан ҳамаи навъҳои зӯроварӣ ба эътибор гирифта шавад ва ҷараёни тафтишоту баҳсҳои додгоҳӣ сабт гарданд, вале то ҳанӯз дар Тоҷикистон ҳамчунин система ба роҳ монда нашудааст ва аз ин рӯ, ба иддаои Додситонии кулл, ки шиканҷа дар нисбати соли гузашта кам шудааст, намешавад эътимод кард.”

Созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандии Тоҷикистон бо такя ба муроҷиатҳои шаҳрвандон мегӯяд, дар соли 2016 шикоятҳо оид ба вайрон шудани оиномаи хизмати аскарӣ бештар шудааст.

Дилбар Самадова, раиси Дафтари озодиҳои шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳодисаҳои ҳодисаҳои латту кӯби аскарон дар қисмҳои ҳарбӣ сол ба сол афзудааст.

Шариф Ҳабибуллоев, сардори Раёсати назорати қонунҳо дар бахши умури дохилаи Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ҳар муроҷиати шаҳрвандон дар масъалаи шиканҷа тафтиш шуда ва кормандони мақомот муҷозот ва аз вазифа барканор карда мешаванд.

Вале ба андешаи фаъолон, агар дар асл ҳодисаҳои шиканҷаи афрод ҷиддӣ гирифта шуда ҳамаҷониба таҳқиқ ва то додгоҳҳо мерасид, худ аз худ дар низоми додгустарии Тоҷикистон як ислоҳот ба самти риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳам қонунҳои кишвар анҷом мешуд.

Ozodi