Article Pages

Матлаби Радиои Озодиро дар бораи поймол шудани ҳуқуқи як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия шабакаи телевизионии ЮГРА-и вилояти мухтори Ханти-Мансийск низ дунбол кард ва пажӯҳиш анҷом дод. Гузоришҳои Радиои Озодӣ дар бораи латту кӯб шудани шаҳрванди Тоҷикистон -- Саид Саидҷонови 30-сола дар Русия матбуоти он кишварро ба баррасии беадолатии кормандони пулис ва мақомоти додгоҳии вилояти мухтори...

03.08.2015 - 12:48

Додгоҳи низомии Суғд як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро ба ҷурми шикастани ҷоғи ҳамхидматаш барои панҷ сол равонаи зиндон кардааст. Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд Субҳонбек Сафарзода -- сарбози қисми низомии 08901, воқеъ дар шаҳри Чкалов (Шоҳкант)-ро барои зада шикастани ҷоғи яке аз ҳамхидматонаш барои панҷ сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Абдураҳим Бегзода, раиси Додгоҳи низомии гарнизони...

01.08.2015 - 22:00

Файзалӣ Достиев, муовини сардори Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа рӯзи 27-уми июл дар ҳаштумин нишасти омодабошии САҲА дар самти иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқи инсон зикр кард, ки баъди шомил гардидани ҶТ ба СММ робита бо аъзою созмону ташкилотҳои байнулмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон зич ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар моддаи 5-и Эъломияи ҳуқуқи башар оварда шудааст, ки...

28.07.2015 - 16:29

Дар шаҳри Душанбе давоми ду рӯз - 27-28-уми июл ҳаштумин нишасти омодабошии САҲА дар самти иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқи инсон баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки нишасти мазкур бо ибтикори Бюрои САҲА дар Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандї дар тарабхонаи «Ҳайат Реҷенси» доир мегардад. Тавре намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо иттилоъ додааст, дар ин нишаст 120...

27.07.2015 - 09:36

Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе алайҳи як ҳамхидмати Аъзам Убайдуллоев, сокини Исфара, ки дар марги ӯ муттаҳам мешавад, бар асоси моддаи 391-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст. Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе мегӯяд, алайҳи як афсари қисми низомии 2604-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар маргиАъзам Убайдуллоев, сокини Исфара муттаҳам мешавад, парванда боз кардааст. ​...

25.07.2015 - 15:11

Додситонии Кӯлоб парвандаи се афсари қисмҳои низомиро бо иттиҳоми бадрафторӣ дар нисбати зердастонашон таҳқиқ ва ба додгоҳ фиристодааст. Додситонии низомии минтақаи Кӯлоб парванди ҷиноӣ нисбати се афсари қисмҳои низомии ин минтақаро ба иттиҳоми бадрафторӣ дар нисбати зердастонашон барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Икром Зоирзода, додситони низомии минтақаи Кӯлоб рӯзи сешанбеи 14 июл...

15.07.2015 - 16:20

Рӯзи 13 июл аз маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ ҷасади боз як сарбозро ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд оварданд. Ин ҷо дар бораи сарбоз Парвиз Дӯстматови 20-сола сухан меравад, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар ин мавзеъ хизмат мекард ва то анҷоми муҳлати хизматаш 8 моҳ боқӣ монда буд. Ба гуфтаи хешу табор ва наздикони Парвиз, ҳангоми тановули хӯроки...

15.07.2015 - 09:38

Волидони Абдуваҳҳоб Қаюмов иддао доранд, ки фарзандашон аз зарбу лати кӯҳнасарбозон фавтидааст. Маркази экспертизаи судӣ - тиббӣ ҳам мегӯяд, "бо чизҳои сахт ба сару гардани ӯ задаанд". Хонаводаи Абдуваҳҳоб Қаюмов, сокини ҳаждаҳсолаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, иддао доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар қисми низомии "2747" дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон кушта шудааст....

11.07.2015 - 13:33

Ҷасади сарбози 18-солаи баҳори имсол ба хизмат даъватшуда Абдуваҳҳоб Қаюмов рӯзи 6 июл ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оварда шуд. Ӯ дар қисми ҳарбии 2747-и дастаи марзбонии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хизмат мекард. Волидони сарбоз мегӯянд, ӯ то марг аз ҷониби як гурӯҳ ҳамхизматонаш лату кӯб шудааст. Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд Абдуқодир Нуров ба «Азия-Плюс» марги...

09.07.2015 - 16:49

Вазири дифои Тоҷикистон зимни сафараш ба вилояти Суғд фармондеҳони қисми низомии 04080 дар ноҳияи Конибодомро иваз кардааст. Як моҳ пеш дар ин қисми низомӣ як сарбоз бар асари латукӯби ҳамхидматонаш ҳалок шуда буд. Вазири дифои Тоҷикистон генерал Шералӣ Мирзо ҳамаи фармондеҳони қисми низомии 04080, мустақар дар ноҳияи марзии Конибодомро барканор ва ба ҷои онҳо афроди наверо таъин кардааст....

01.07.2015 - 12:58

Страницы