Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ба ҳама маълум аст, ки пандемияи сирояти нави коронавирус, ки паҳншавиаш дар ҷаҳон идома дорад, айни замон на танҳо барои системаи иҷтимоиву иқтисодии давлатҳо, балки дар самти риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва механизмҳои амалисозии онҳо масъалаи ҷиддӣ гардидааст. Дар қатори дигар давлатҳое, ки ба масоили зикргардида дучор шудаанд, Тоҷикистон низ ҷой гирифтааст.
Коршиносони мо дар доираи фаъолияти анҷомдодаи Ассотсиатсия ба сатҳи таъсири манфии сирояти коронавируси COVID-19 ба самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон/одамон дар Тоҷикистон баҳогузорӣ намуданд.
Хушунати хонаводагӣ дар давраи пандемия
Давраи пандемия дар ин самт мушкилот ба миён овард. Зеро, ташкилотҳои ғайриҳукуматие, ки ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ кумак мерасониданд, корро дар самти пешниҳоди сарпаноҳ ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ қатъ карданд. Дар баробари ин, вобастагии иқтисодии қурбониёни зўроварӣ ба миён омад, ки иродаи онҳоро барои муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ паст кард. Онҳо мисле, ки дар як бино бо озордиҳандагони худ маҳкам буданд.
Расонидани кумаки тиббӣ дар давраи пандемия
Бо сабаби пандемия бистарикунонии нақшавии беморон манъ карда шуд, ки сабаби бад шудани вазъи саломатии бисёр шахсони ниёзманд ба бистарикунонӣ гардид. Манбаи ин маълумот гузориш оид ба «Телефони боварӣ»-и лоиҳаи «Ҳуқуқшиносони ҳомии ҳуқуқи инсон дар самти ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ» аст, ки аз ҷониби Шабакаи ТҒД «Лигаи ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар самти ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ» роҳандозӣ гардидааст (давраи амалишавӣ октябри соли 2020 - апрели соли 2021).
Ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳуқуқҳои муҳоҷирон
Иқтисодиёти кишвар дар робита ба кам/маҳдуд шудани даромад аз ҳисоби муҳоҷирон тариқи системаи интиқоли маблағ дар ҳолати қаблазбуҳронӣ қарор дорад. Мушкилот дар самти риояи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон дар мавҷуд набудани механизмҳои шикоят аз нақзи ҳуқуқи меҳнатӣ, кам шудани маош ва ихтисори кормандон бо сабаби натиҷаҳои буҳрони иқтисодӣ, таъмини кормандон бо воситаҳои ҳимояти шахсӣ аз ҳисоби онҳо ба мушоҳида мерасад. Ба ғайр аз ин, нақзи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандони тиббӣ, аз ҷумла нарасидани кадрҳо дар муассисаҳои тандурустӣ, мушкилоти ҳисоб кардани кумакпулиҳои иловагӣ, дар мавриди муҳоҷирони корӣ бошад, мушкилии бозгашт ба ватан ҷой дошт.
Таҷрибаҳои пандемия вазифаҳои ҳам фаврӣ ва ҳам системавии боло бурдани ҳимоятшавандагии табақаҳои ҷудогонаи аҳолиро пеш гузоштанд. Тавре таҷриба нишон дод, масоили риояи ҳуқуқҳои инсон дар давраи пандемия дар навбати худ боло бурдани нақши институтҳои ҳуқуқҳимоякунандаи ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатиро талаб мекунанд. Аз ин лиҳоз, мо идома додани гузаронидани таҳлили муфассали кори тамоми механизмҳои мавҷударо дар шароити пандемия муҳим мешуморем, то таъсири онҳо ба ҳуқуқҳои асосии инсон баҳогузорӣ карда шавад.
Натиҷаҳои чунин фаъолиятҳо метавонанд барои қабули қарорҳои ҳамоҳангшудаву самаранок дар тамоми ҳолатҳои ғайриинтизор, ба монанди пандемия, ба кор оянд.