Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар раванди Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, ҳуқуқшиноси тоҷик Дилрабо Самадова дар мавзӯи “Ҳомиёни ҳуқуқҳои инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” баромад кард.
Мавсуф оид ба вазъи ҳуқуқии ҳомиёни ҳуқуқи инсон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», Қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», қонунгузории самти озодии баён ва фаъолияти рӯзноманигорӣ, Декларатсияи СММ оид ба ҳомиёни ҳуқуқ сухан гуфта, аз ҷумла зикр намуд: “Ҳомиёни ҳуқуқ шахсони инфиродӣ ё муттаҳид дар ташкилотҳои ҷамъиятиянд, ки барои пешбурд, ҳимоя, барқароркунӣ ва таъмини ҳуқуқи инсон фаъолият мебаранд. Ҳимояи ҳомиёни ҳуқуқ ба уҳдаи давлат вогузор шудааст”.
Д. Самадова ба уҳдадориҳои давлат вобаста ба таъмини бехатарии ҳомиёни ҳуқуқ ишора кард:
- Эътирофи вазъи ҳуқуқӣ ва таъмин кардани баробарӣ;
- Қабули қонунгузорӣ оид ба ҳимоя;
- Муқаррар намудани механизмҳои дастгирӣ ва ҳимоя, мақомот ва салоҳияти дахлдор;
- Ҳимояи озодии муттаҳидшавӣ ва дахлнопазирии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
- Иштирок дар идоракунӣ ва пешбурди корҳои давлатӣ.
Мавзӯи тавсияҳои СММ оид ба риоя шудани бехатарии ҳомиёни ҳуқуқ аз дигар паҳлуҳои баромади ҳуқуқшинос буд, ки дархост/талаб оид ба озод кардани маҳрумшудагон аз озодӣ, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, қабули санадҳо ва механизмҳои дахлдори ҳимоя ва баррасӣ кардани муроҷиату дастгирии моливиро дар бар мегиранд.
Ҳамзамон, дар мавриди ҳамкорӣ бо механизмҳои СММ аз Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Агентии махсуси СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Гузоришгарони махсуси СММ ёдоварӣ карда шуд.
Муколама аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва бунёди ҳолландии “Perspectivity Challenge” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бунёди Канада оид ба ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI), дар доираи лоиҳаҳои дахлдори ҳуқуқи инсон гузаронида шуд: https://notorturetj.org/news/dialog-gosudarstva-i-grazhdanskogo-obshchestva-po-pravam-cheloveka-v-tadzhikistane