Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
4-уми декабри соли 2021 дар маркази “Parking” дар пойтахт бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон «Discussion day» гузаронида шуд. Ба ҳайси ташкилотчиёни чорабинӣ аъзои ГТҶ «ҲРУ-Тоҷикистон»-и назди ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, баромад карданд.
Чорабинӣ бо суолҳое оғоз гардид, ки барои чӣ имрӯз ҳама инҷо ҷамъ омадаанд? Ҳар сол 10-уми декабр кадом рӯз қайд карда мешавад?
Иштирокдорон аз ҷумлаи ҷавонон ва фаъолон ин масоилро баррасӣ намуданд, ки одамон чӣ ҳуқуқҳо доранд ва кадом ҳуқуқҳо ҳатмӣ ба шумор мераванд. Баъди ин иштирокдорон оид ба ГТҶ «ҲРУ-Тоҷикистон» маълумот пайдо карданд, хусусан дар ин маврид, ки мақсади ин гуруҳи ҷавонон чӣ аст, ҳадафи 11 ҲРУ СММ чиро дар назар дорад ва бо кадом роҳҳо ба ҳадаф расидан мумкин аст. Инчунин, иштирокдорон масоили озодӣ аз шиканҷаву муносибати бераҳмона ва ҳуқуқ ба манзили дастрасро баррасӣ карданд.
Баъди баррасиҳо барои иштирокдорон даври мубоҳисавӣ гузаронида шуд, ки он дар шакли парлумонии бритонӣ сурат гирифт. Иштирокдорон дунафарӣ ба чор даста ҷудо шуданд: Тасдиқоти ифтитоҳӣ; Тасдиқоти хотимавӣ; Раддияҳои ифтитоҳӣ; Раддияҳои хотимавӣ.
Даври мазкур дар мавзуи «Ин ҷамоа дар ноҳияҳои бой манзили иҷтимоӣ месозад» баргузор гардид.
Пас аз баромади ҳама сухангӯён, бо роҳи овоздиҳии тамошобинон дастаи «Раддияҳои хотимавӣ» ғолиб дониста шуд. Баъди ин давр иштирокдорон фикрҳои дар ин мавзуъ ба сарашон омадаро баррасӣ карданд. Мубоҳисони фаъол ба сифати туҳфа соҳиби флешка гардиданд.
Дар анҷоми чорабинӣ бо иштирокдорон саволуҷавоб сурат гирифт.
Мақсади чорабинӣ ташаккули фаҳмиши умумӣ, табиати ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани дониши ҷавонон дар самти ҳуқуқи инсон ва ҷалби таваҷҷуҳ ба яке аз Ҳадафҳои Рушди Устувор - ҳадафи 11 (шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини устувор) мебошад, то ҷавонон ҳуқуқҳои худро донанду дар мавриди рушди ҲРУ 11 бетараф набошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми гузаронидани чорабинии мазкур иштирокдорон тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуданд, аз ҷумла аз воситаҳои ҳимояти шахсӣ аз COVID-19 истифода бурданд (ниқобҳо, дастпӯшакҳо, антисептикҳо ва масофаи иҷтимоиро риоя карданд).
Гузаронидани чорабинӣ бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг имконпазир гардид.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз ҳама хабарҳову аксияҳо огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Телеграм: http://t.me/notorturetj
Инстаграм: notorture.tj