Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 19 июн Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоевро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 19 июн фелдшери нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмоналӣ Ғайратовро барои бадрафторӣ бо сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоев ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳукми додгоҳи ҳарбии Душанбе дар парвандаи Усмоналӣ Ғайратов ба ду банди Кодекси ҷиноӣ – дар хатар мондани ҷони дигарон (банди 127) ва вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ (банди 373, қисми 2) асос ёфта, Ғайратов натанҳо ба 9 соли зиндони низомаш сангин, балки пардохти товони зарар ба андозаи 200 нишондиҳанда, яъне 8 000 сомонӣ маҳкум шуда, ҳамчунин бо қарори додгоҳ, ин фелдшери собиқи қисми низомии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бояд беш аз 5700 сомонӣ харҷеро, ки раёсати нирӯҳои марзбонӣ то имрӯз барои табобати Шаҳбол Мирзоев кардааст, ҷуброн кунад.
Додгоҳ ҷавобгари дигар - Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ин қисми низомиро бино бар ду банди қонуни ҷиноӣ, 392 қисми 1 (иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои хизматии худ аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор дар натиҷаи муносибатҳои беэҳтиётона, ки боиси расондани зарар ба миқдори калон ё дигар оқибатҳои вазнин мегардад) ва 380 (вайронкунии қоидаҳои оинномавии ба ҷо овардани хизмати дохилӣ ва гардиши посбонон) муттаҳам донист. Ин хонум, ки дар шаби маъюб шудани Шаҳбол Мирзоев навбатдор будааст, ба 1,5 соли кори маҷбурӣ бо мусодираи 15 дарсади маошаш маҳкум шуд. Ҳамчунин додрас ҳукм кард, ки давоми якунимсоли дигар Гулрафтор Ширинова аз ҳаққи гирифтани рутбаи низомӣ ва тӯҳфаҳои давлатӣ маҳрум карда шавад.
Айбдоркунанда қаблан аз додгоҳ барои Усмоналӣ Ғайратов 10 соли зиндон ва барои Гулрафтор Ширинова 2 соли кори иҷборӣ талаб карда буд.
Вакили дифои Усмоналӣ Ғайратов, Абӯбакр Қулматов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳро нисбати ӯ ноодилона донист: «Далелҳо аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ сохта шуда буд. Гумон мекунам, додгоҳ онҳоро бе асос ба инобат гирифт. Гуноҳи Ғайратов на дар моддаи 127 ва на дар моддаи 373 тасдиқи худро наёфтааст. Бинобар ин, мо ният дорем шикояти кассатсионӣ барем.»
Маҳмадшариф Ғайратов, падари Усмоналӣ низ ҳукми додгоҳро алайҳи писараш беинсофӣ хонд. Ӯ мегӯяд чун падар ба ин ҳукм умуман розӣ нест. Зеро ба қавли вай, далелҳои дар додгоҳ пешниҳодшуда аз ҷониби Ёрматов ном муфатиши ноҳияи Рӯдакӣ, махсус «ташкил» карда шудааст. Ҷаноби Ғайратов мегӯяд то ҷое писарашро мешиносад, вай ба ин кор қодир нест: «Дар ҳақиқат дилам ба писари онҳо месӯзад. Бемор аст. Аммо то ба ин ҳад ташкил кардани кор беинсофист. 9 сол, боз болои ин ҷарима! Беадолатӣ аз ин зиёд намешавад. Нақшаҳояшон пешакӣ кашида шуда буд. Дар дилам буд, ки аз 10 сол кам намедиҳанд ба писарам, аммо додрас боз инсоф карда, як сол кам кард. Дар ин ҷо танҳо гуштӣ гирифтани ду бача буд. Гӯё Усмоналӣ боз Шаҳболро пинҳон карда бошад. Охир мисол мегирем, маро пинҳон карда мешавад? Ин як сохтакорист.»
Аз эълони ҳукми додрас пайвандони Шаҳбол Мирзоев низ изҳори норозигӣ мекунанд.
Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ иброз дошт, ки аз ҳукми додгоҳ шикоят хоҳад бурд, зеро, мегӯяд ӯ, чанд нафари дигар, аз қабили раҳбари қисми низомӣ ва навбатдори қисми низомӣ низ ҷазо мегирифтанд: «Ман ба ҳукми гирифтаи Усмоналӣ розиям, аммо он ҳукме ки алайҳи Ширинова эълон шуд, не. Зеро додрас ба ӯ ҳеҷ ҷазое таъин накардааст. Охир чӣ хел зада, сарбозро маъюб мекунанду боз беҷазо мемонад? Баъдан дар додгоҳ манфиатҳои Шаҳбол умуман ба инобат гирифта нашудааст. Охир бояд ба Шаҳбол кӯмак кунанд.»
Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, то имрӯз барои табобати писараш зиёда аз 1,3 миллион рубли русӣ, муодили қариб 40 000 доллар сарф шудааст, вале додгоҳ Ғайратовро танҳо ба пардохти 5700 сомонӣ харҷи кардаи қисми низомӣ муваззаф карду дар бораи ҷуброни хароҷоти хонаводааш барои табобати Шаҳбол чизе нагуфт.
Абдулмаҷид Ризоев, вакили дифои Шаҳбол Мирзоев, низ бар ин аст, ки додрас бояд бештар маҳз ба ин паҳлуи масъала таваҷҷӯҳ мекард: «Дар суд дар бораи пардохти тавон ба манфиати сарраёсати марзбонӣ ва давлат гуфта шуд, аммо дар бораи зарари расида ба Шаҳбол чизе намегӯянд. Маълум мешавад, ки додгоҳ ин чизро ба инобат нагирифтааст. Ҳол он ки ин паҳлуи масъала аз ҳама муҳим буд.»
Аммо соҳибназарон бар онанд, ки ба қазияи латукӯби Шаҳбол Мирзоев бояд аз ду зовия нигариста шавад. Ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва ҳам аз нигоҳи аҳлоқӣ.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, он ки додгоҳ ба 9 соли зиндон Ғайратовро маҳкум кард, ба сари худ рӯйдоди муҳим аст: зеро дар таҷрибаи Тоҷикистон кам иттифоқ меуфтад, ки касе барои бадрафторӣ, бахусус нисбат ба сарбоз зиндонӣ шавад. Аммо ба гуфтаи ин ҳуқуқдон, додгоҳ бояд ҳама хароҷоти хонаводаи Мирзоевро ҳисобу китоб карда, пардохташро ба дӯши нирӯҳои марзбонӣ ё гунаҳкори асосӣ мегузошт: «Дар қонун омадааст, ки бояд саломатии Шаҳболро барқарор кунанд. Албатта, табобат ройгон нест-ку. Падари Шаҳбол барои муолиҷаи писараш шояд қарздор ҳам шуда бошад. Бояд додгоҳ дақиқ мекард, ки чӣ миқдор пул барои ҷарроҳиву табобати Шаҳбол сарф шудаасту боз сарф хоҳад шуд. Дар асоси он хулоса мебаровард, ки тавони зарарро кӣ бояд пардохт кунад? Ё додрас метавонист қисми низомиро барои пардохти зарари Шаҳбол муваззаф кунад ва баъдан қисми низомӣ тавассути додгоҳ метавонист аз Ғайратов пулашро бозпас гардонад.»
Қазияи Шаҳбол Мирзоеви 22-сола аз пурсарусадотарин мавридҳои расонаишудаи бадрафторӣ дар суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дониста мешавад. Гардан ва сутунмӯҳраи ин сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, дар моҳи март, бар асари бадрафторӣ аз сӯи як ҳамхидматаш шикаст ва ӯ маъюб гашт. Масъулон ва ҳамхидматон ӯро пас аз 13 соати воқеа ба бемористон бурдаанд.
Хадамоти марзбонӣ бо вуҷуди ваъдаи мадад дар табобати ин сарбоз, кори назаррасе анҷом надод ва падари Шаҳбол маҷбур шуд, хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май дар бемористоне дар Русия ҷарроҳӣ кунад. Шаҳбол рӯзи 19 май аз Русия баргашт ва то имрӯз дар бемористони вилоятии Суғд шушҳояшро табобат мекунад. Ҳукми озордиҳандагони Шаҳбол Мирзоев дар ҳоле нашр шуд, ки интизор меравад, ки ӯро дигарбора барои табобат ба Русия баранд. Ва ғолибан ин бор ҳам аз ҳисоби падару модараш.
Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, пизишкёри низомии як воҳиди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба иттиҳоми латукӯби як сарбоз ба муддати нуҳ сол равонаи зиндон кард.
Оқои Ғайратов дар лату кӯби сарбоз Шаҳбол Мирзоев ва “хориҷ шудан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва нақзи қавоъиди рафтори низомӣ” муҷрим шинохта шудааст.
Бар асоси мусаввабаи додгоҳ, ки рӯзи панҷшанбеи 19 июн эълом шуд, оқои Ғайратов муваззаф шуда, ба Шаҳбол Мирзоев ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад ва 5 ҳазор сомониро, ки Идораи нерӯҳои марзбонӣ барои мудовои оқои Мирзоев масраф карда, ҷуброн кунад.
Ҳамчунин, тибқи мусаввабаи додгоҳ Гулрафтор Ширинова, пизишкёри низомии воҳиди марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, “барои бемасъулиятӣ дар адои вазифаи хидматӣ” ба муддати як сол аз хидмати низомӣ маҳрум шуда ва даҳ дарсади ҳуқуқ ё маъоши ӯ ба будҷеи давлат пардохт хоҳад шуд.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола шаби 8 марти соли ҷорӣ дар ягони низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби ҳамхидматҳояш лату кӯб шуда ва дар Маркази милии тиббии ин кишвар дар шаҳри Душанбе бистарӣ шуд.
Додситонии низомии Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда ва пизишкёр ё фелдшери низомӣ Усмон Ғайратов ба унвони мазнун дар лату кӯб боздошт шуд.
Зимнан, Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, ба хотири пайдо кардани ҳазинаи зарурӣ барои мудовои писараш манзили маскунии худ дар рустои Понғози ноҳияи Ашт дар шимоли Тоҷикистонро фурӯхтааст.
Баъд аз муддате мудово дар бемористонҳои Тоҷикистон, падараш водор шуд ӯро барои анҷоми амали ҷарроҳӣ ба бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскави Русия мунтақил кунад.
Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди ваъдаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, то ҳол ҳеч гуна маблағе барои мудовои сарбоз Шаҳбол Мирзоев ихтисос дода нашудааст.
Феълан Шаҳбол Мирзоев баъд аз анҷоми амал дар Русия ба яке аз бемористонҳои шаҳри Хуҷанд мунтақил шуда ва ба гуфтаи падараш давраи эҳё ва барқарорсозиро паси сар мекунад.
Гуфта мешавад, ки ҳарчанд дастону поҳояш ҳаракат мекунанд, вале то ҳол нишонае аз қадам гузоштани мустақиллонаи вай мушоҳида нашудааст. Пизишкон мушаххас кардаанд, ки дар пайи латукӯби ҳамхидматонаш сутунмуҳра ва устухонҳои Шаҳбол Мирзоев шадидан осеб дидаанд.
Ахиран Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, зимни як нома, ки дар торнамои созмонҳои алайҳи шиканҷаи Тоҷикистон мунташир шуд, эълом кард, ки ҳамаи махориҷи дармони ин сарбози осебдида пардохт мешавад.
Ду рӯз қабл аз нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабар расид, ки Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитеи амнияти миллӣ ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии ин кишвар барои мудовои Шаҳбол Мирзоев мутаносибан 3 ҳазор ва 2 ҳазору 230 сомонӣ ихтисос додаанд.
Рӯзи 2 июни соли ҷорӣ дар Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи бадрафторӣ нисбат ба Шаҳбол Мирзоев шурӯъ шуда, аммо ба далели бад будани вазъи саломатӣ оқои Мирзоев дар ҷаласаи додгоҳ ширкат надошт.